КӮЛОБИ БОСТОН

Нашр шуд korbar - пт, 10/25/2019 - 10:58

Шаҳри Кӯлоб яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, тавре ҳафриёти бостоншиносӣ собит сохтааст, ҳанӯз дар асри неолит (8-7 ҳазор сол то мелод) аҷдоди тоҷикон ин кӯҳандиёрро макони зисти худ ихтиёр карда буданд. Тадқиқоти бостоншиносӣ аз он далолат медиҳанд, ки 3500 сол пештар дар Кӯлоб мардумони кишоварз ва чорводор мезистанд, аз ин рӯ дар ин ҷо кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ ривоҷу равнақ ёфта, маҳсулоти кулолгарон машҳури Осиёи Марказӣ гардида буд.

Соли 1991 таҳти роҳбарии узви вобастаи АУ ҶТ Юсуфшо Яъқубов дар атрофи қалъаи Кӯлоб ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа девори салтанати Кӯшониён, ки мансуб ба асрҳои 6-1-и пеш аз мелод мебошад, ёфт гардид. Дар қабатҳои хоки мавзеи таҳқиқшуда, дар чуқурии 2-4 метр, осори даврони ҳукмронии Юнонию Бохтариро пайдо карданд, ки ба асрҳои 3-2-и пеш аз мелод рост меояд. Осори даврони ҳукмронии Юнонию Бохтарӣ дар як нуқтаи дигари шаҳри Кӯлоб, дар қалъаи Купчинор ва соҳили рости сангови Тебалай, ки аз паҳлӯи шаҳр мегузарад, ошкор карда шуданд. Дар ин ҷо дар буриши рости сангови Тебалай, дар масоҳати 200-300 метр, қабатҳои хоки замони Юнонию Бохтарӣ пайдо шуда буд. Дар қабатҳои хок сафолакҳои давраи мазкур пайдо шуда буданд. Бино ба маълумоти бадастомада дар замони Юнонию Бохтарӣ шаҳр аз ду қалъа ва ду шаҳристон иборат буда, қалъаи якум калонтар ва асосӣ буда, дар мавзеи Чармгарони Поён, дар қисми ғарбии имрӯзаи шаҳри Кӯлоб ҷойгир буд. Дар назди ин қалъа шаҳристони начандон калоне низ вуҷуд дошт, ки масоҳаташ 170х150 метрро ташкил медод. Зимни кофтуковҳои археологӣ аз ҳавлии хонаи рақами 149, воқеъ дар кӯчаи Якуми Май ёдгорие пайдо шуда буд, ки он мутааллиқ ба асри 4-и пеш аз мелод буда, ба замони Ҳахоманишиён ва давлатдории Кӯшониён мутааллиқ мебошад.

Солҳои 1993-94 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз наздикии мақбараи орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хумдон ва зарфпораҳоеро пайдо намуда буданд, ки ба асрҳои 7-6-и то мелод тааллуқ доранд. Ҳамаи 2 ҳазор адад зарфпораи дар атрофи хумдони мазкур ёфташуда, бо сифати баланд сохта шуда, аз маҳорати баланди кулолгарони онвактаи шаҳри Кӯлоб шаҳодат медиҳад. Сафолпораҳои ёфтшуда шаҳодати онанд, ки дар асрҳои 7-6-и пеш аз мелод дар ин ҷо ҳунари кулолгарӣ, ба вижа кӯзагарӣ, хело рушд ёфта буд. Ин бозёфти археологӣ аз мавҷудияти як шаҳри аз лиҳози фарҳангу маданият рушдкардае дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб гувоҳӣ медиҳад. Бозёфти қалъаи қадимае бо унвони «Қалъаи Кӯлоб» дар мавзеи имрӯзаи гузари «Чармгарон» яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ будани шаҳри Кӯлоб гувоҳӣ медиҳад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ омӯзиши таърихи Кӯлоб бо   дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001 шурӯъ шуда, то кунун идома дорад.

Осори таърихии 2700 солаи шаҳр аз қалъаи маҳаллаи Чармгарон низ пайдо гардидааст. Кофтуковҳои бостоншиносӣ исбот месозанд, ки дар асрҳои III-I то мелод ва I-VI мелодӣ масоҳати шаҳри Кӯлоб 300-400 га заминро ташкил дода, ба ақидаи бостоншиносон аз асри VII то асри XIII мелодӣ он  маркази маъмурӣ ва мадании минтақа ба шумор мерафт. Дар асрҳои II-I-и то мелод шаҳри Кӯлоб ба ҳайати Тахористон, асрҳои I-VIII паси ҳам дар тасарруфи Кӯшониён, Ҳайтолиён ва Ҳоқони турк буд. Асрҳои X-XII шаҳр ба дараҷаи баланди тараққиёт расида буд, вале истилогарони муѓул дар асри XIII Кӯлобро дар қатори дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба харобазор табдил доданд, аммо натавонистанд онро ба тасарруфи хеш дароранд. Танҳо дар ибтидои асри XIV шаҳри Кӯлоб тобеи давлати Темуриён гардид.

Соли 1552 баробари ташкил ёфтани хонигарии Бухоро шаҳри Кӯлоб ба ҳайати он ворид мегардад, аммо дар асри XVII ба музофоти Балх ҳамроҳ карда мешавад. Дар соли 1870 Амир Музаффар Кӯлобро ба Аморати Бухоро ҳамроҳ намуда, онро ба маркази бекигарии Кӯлоб табдил медиҳад. 23 ноябри соли 1930 шаҳри Кӯлоб маркази маъмурии вилояти Кӯлоб эълон мегардад, ки он вақт масоҳаташ 272,9 км мураббаъро дар бар мегирифт ва дар он намояндагони 43 миллату халқият  зиндагӣ мекарданд.

Дар замонҳои гузашта шаҳри Кӯлоб ҷузъи давлат ё вилояти таърихии Хатлон (Хуталон) ба ҳисоб мерафт ва  Хатлони таърихӣ кишваре буд дар байни ду руди бобаракати Панҷу Вахш воқеъ гашта, шоҳони он тибқи маълумоти Ибни Хурдодбеҳ лақаби «хутталоншоҳ» ё «шерони Хутталон»-ро доштаанд. Хуталон дар таърих бо аспҳои хушзоти даванди хуб-«аспҳои хуталӣ» ва мардуми шуҷоу нотарсу бомаърифати хеш, истихроҷи тиллою намаки босифат машҳури кишварҳои Хуросону Мовароуннаҳр ва хориҷ аз он гардида, шуҳрати беандозае доштааст. Яке аз намунаҳои аввалини шеъри дарии тоҷикӣ, ки то ба замони мо омада расидааст, маҳз ба номи Хуталон марбут аст. Муаррихи машҳур, олими фиқҳи исломӣ, муфассири Қуръон ва муҳаддис Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (224-310ҳ./838-923м.) дар китоби худ «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» дар бораи ҳуҷуми ҳокими Балх Асад ибни Абдуллоҳ дар соли 108 ҳиҷрӣ/730 мелодӣ ба Хатлон ишора шудааст. Табарӣ зикр намудааст, ки Асад ибни Абдуллоҳ қасди забти Хатлон намуда, аз назди Ҷабалу-л-милҳ (“Кӯҳи намак”), ки имрӯз дар Кӯлоб бо номи Хоҷамуъмин маъруф аст), аз дарёи Панҷ гузашта, ба шаҳри Кӯлоб ҳуҷум мекунад. Вале ҳанӯз убур ба охир нарасида буд, ки хатлониён аз дарё гузашта, бо лашкари Асад дар муҳориба мешаванд ва лашкари ӯро шикаст медиҳанд. Баъди шикаст хӯрдан дар Хатлон Асад ибни Абдуллоҳ бо ҳоли табоҳ ба Балх бармегардад ва кӯдакону наврасони Балх аз пирӯзии бародарони хатлонӣ ва шикасти лашкари араб хурсандӣ карда, дар кӯчаҳо ин шеърро, ки аз қадимтарин ашъори халқии ба забони тоҷикӣ сурудашуда аст, замзама кардаанд:

Аз  Хуталон  омадия,

Ба  рӯ табоҳ омадия,

Овора  боз омадия,

Хашак низор омадия.

 

Бо саъю кушиши устод Садриддин Айнӣ мисраъҳои шеъри мазкур ҳанӯз соли 1957 дар «Намунаи адабиёти тоҷик» оварда шудааст.

Дар асрхои IX-X мелодӣ - дар замони ҳукмронии Сомониён Хатлон хеле пурқувват гашта, ба давлати мазкур итоат намекард. Давлатҳои хурди минтақа ба амири сомонӣ соле як бор ҳадя мефиристодаанду халос. Дар даврони Сомониён дар охири асри X  Хатлон низ мисли давлатҳои хурди дигари ҳамсояи худ дар тӯли асрҳои минбаъда борҳо дучори ҳамлаи қавмҳои туркнажод (қарахониҳо, қарахитоиҳо, лашкари Султон Маҳмуди Ѓазнавӣ, салҷуқиён ва туркҳои маҳаллӣ) гардида, ҳар дафъа баъд аз харобиҳои зиёд ва қатлу ѓорат хатлониён боз дубора кишвари худро обод месохтанд. Аз ҳуҷумҳои мазкур ду ҷанг боиси харобиҳои ниҳоят сахти Хатлон гардидаанд. Яке аз онҳо бо номи шоҳзодаи қарахонӣ-Буритегин ва дигаре бо номи Алпарслони салҷуқӣ машҳур мебошад.

Тибқи маълумоти дар Таърихи Байҳақӣ овардаи Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ (995-1077м.) Буритегин, ки ӯро Иброҳим ибни Наср низ меноманд, дар санаи 1038-1039м. бо қумичиёну турконе, ки дар дараҳои Шумону Вашгирд, байни Чаѓониёну Хуталон мезистанд, ба Вахшу Хуталон ҳуҷум карда, онро ѓорат карданд. Масъуди Ѓазнавӣ баъди шунидани ин хабар чунин гуфта буд: «Буритегин бадтар аст аз туркманон, ки фурсате ҷӯст ва дартохту бештар аз Хутталон ѓорат кард. Ва агар мо пастар (дертар) расидемӣ, вай он навоҳӣ пурра ѓорат кардӣ».  Ҳамин тавр, солҳои 1038-1039 мелодӣ қисми зиёди Хатлон дучори ѓорат ва харобӣ гардид. Вале, бино бар маъхазҳои таърихӣ, Хатлон баъд аз муддати кӯтоҳе вазъи худро ба эътидол оварда, боқувват гашт ва ба Салчуқиён дигар итоат накард. Муаррихи бузурги араб Ибни Асир воқеаи ҷанги байни хатлониёну Алпарслони салҷуқиро зимни баёни ҳаводиси солҳои 456- 457 ҳиҷрӣ/1063-1064 мелодӣ чунин ба қалам додаст: «Баъд аз марги Тоѓрулбек ба ҷои ӯ Алпарслон подшоҳ шуд. Амири Хуталон дар қалъаи худ осӣ гардида, хироҷ напардохт. Султон ба ҷанги ӯ шитофт. Чун ба Хуталон расид, дид қалъаи он бисёр мустаҳкаму баланд аст. Ӯ чанде бо соҳиби қалъа ҷангид, вале ба чизе ноил нагардид. Рӯзе Алпарслон бо шахси худ ба ҷанг пардохт. Ӯ аз асп пиёда шуда, ба кӯҳ (баландӣ) баромадан гирифт. Аскарон аз ӯ пайравӣ карда, ба мавқеи хутталиён наздик шуданд ва ба ҳуҷумҳои пай дар пай пардохтанд. Соҳиби қалъа (шоҳи Хуталон) дар он замон дар болои қалъа, назди тиркаше истода буд ва афроди худро ба ҷанг таҳрик мекард. Нохост тире, ки онро ба сӯи ӯ кушод дода буд, ба вай расид ва ӯро бикушт. Сипас, Алпарслон қалъаро фатҳ кард ва Хуталон ба ҳайати кишварҳои ӯ даромад».

Ин ҷанги дар санаи 456-457 ҳиҷрӣ/1063-1064 мелодӣ рухдода, ба Хатлону маркази он харобиҳои зиёде овард. Баъд аз таърихи мазкур номи маркази Хатлон - шаҳри Хулбук, дигар дар сарчашмаҳои таърихӣ дучор намегардад. Вале, муаррихон дар давраи мазкур аз қалъаи Кӯлоб, воқеъ дар наздикиҳои дарёи Ҷайҳун, дар ҷои шаҳри Кӯлоби имрӯза, ёд кардаанд. Яъне, ҳар дафъа баъди аз ҷониби ѓоратгарон хароб гаштани шаҳру қалъаю деҳоти  Хуталон ҳаёт дар он мавзеъ қатъ нагардида, тавре аз маъхазҳои таърихӣ равшан мегардад, сокинони он харобаҳои деҳаю шаҳрҳоро аз сари нав обод мекарданд. Яке аз ин шаҳрҳои дар Хуталон ободгаштаю қоматафрӯхтаи асри XV-XVI шаҳри Кӯлоб буд.

Маълумоти муфидеро оид ба шаҳри Кӯлоби охири асри XVI дар «Шарафномаи шоҳӣ»-и Ҳофизи Таниши Бухорӣ пайдо намудан мумкин аст: «Ва қалъаи Кӯлоб алҳақ аз килои машҳур ва ба ҳасонату устуворӣ, расонату пойдорӣ бар алсинаву афвоҳ мавсуфу мазкур, гӯйӣ аршест афрохташуда. Ва ҳандақе амиқ монандаи муҳит гирди ҳисори сипеҳр пардохтаанд”.

Дар асрҳои минбаъда номи Кӯлоб дар сарчашмаҳо бештар ба ҷои Хатлон зикр мегардад. Шаҳри Кӯлоб дар тӯли асрҳо ободтар гашта, дар ибтидои асри XX дар шаҳри Кӯлоб 17 гузар (маҳалла) вуҷуд доштааст: Дарвозаи Тебалай, Қаволо, Солеҳбой, Кукчанор, Мулло Низом, Бозорбой, Усто Юнус, Шаҳид ё Бобои Якум, Сангов, Бозор Алибой, Ҳоҷӣ Раҷаббой, Сари бозор, Чармгарони боло, Нонвои поён, Ҳисориён.

Шаҳри Кӯлоби асри XVI мудаввар буда, се дарвозаю як дарича доштааст. Дарвозаҳои шаҳр ба сӯи минтақаю шаҳрчаҳои асосии атрофи Кӯлоб нигаронида шуда буданд. Масалан, дарвозаи Чорсӯ дар девори шимолии шаҳр воқеъ гардида буд, зеро худи шаҳраки Чорсӯ - шаҳраки Муъминободи имрӯза, дар қисмати шимолии шаҳри Кӯлоб, дар масофаи 30 км дуртар аз он ҷой гирифта, сокинони ноҳияҳои Ховалингу Балҷувону Даҳанаи имрӯза тариқи дарвозаи мазкур дохили шаҳри Кӯлоб мегардидаанд.

Дарвозаи Имом дар девори ѓарбии шаҳри Кӯлоб воқеъ гашта, аз он мардуми деҳаҳои Дилӣ ва Имом дар қисмати ѓарбии Кӯлоб ҷойгирифта, ба шаҳр ворид мегаштанд. Дар дарвозаи Анҷиракон мардуми деҳаҳои дар ҷануби Кӯлоб маскунгашта ба шаҳр ворид мешуданд. Деҳаи Анҷиракон, ки тақрибан дар сӣ километрии қисмати ҷанубии Кӯлоб, наздик ба дарёи Панҷ, ҷой гирифта, имрӯз низ бо ҳамин ном арзи ҳастӣ дорад, аз ҳамаи деҳаҳои минтақа бузургтару ободтар буд. Аз ҳамин рӯ, дарвозаи девори қисмати ҷанубии Кӯлоб ҳамчун дарвозаи Анҷиракон ёд мешавад. Даричаи дар девори шарқии шаҳр воқеъгашта бо теппа пайваст буда, он на барои даромаду баромад, балки барои дар ҳолати хатар ба воситаи он ба кӯҳ гурехтан истифода бурда мешуд. Ба дохили шаҳр об ба воситаи тарнова (новачӯби дарунхолие, ки об аз тариқи он равон  мегардид) ҷорӣ мегашт.

Амин Аҳмади Розӣ дар «Ҳафт иқлим»-и худ, ки онро соли 1594 таълиф намудааст, оид ба Хатлон чунин зикр кардааст: «Хатлон ба вуфури фавокиҳу мева мақоме бо ном аст. Ва иртифоташ нек ба амал меояд ва аспони хатлӣ байналҷумҳур машҳур аст ва мардумаш дар шуҷоату пайкор солиси Рустаму Исфандиёранд».

Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор, Зиракӣ, Даҳана ва Кӯлоб ҷойгиранд. Шаҳри Кӯлоб асосан дар паҳлуи чапи дарёи Ёхсу ҷойгир аст. Релефи қисмати ѓарбӣ, ҷанубӣ, ҷанубу ѓарбии шаҳр ҳамвор ва шарқу шимолу шарқӣ теппазор мебошад. Баландии теппаҳо ба 500-800 метр мерасад. Шаҳри Кӯлоб дар баландии 580 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, масоҳати он 1,2 ҳазор км мураббаъро ташкил медиҳад. Кӯлоб бо ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин ҳамҳудуд аст.

Шаҳри Кӯлоб аз 27-уми октябри соли 1939 то 28-уми августи соли 1955, аз 29-уми декабри соли 1973 то 8-уми сентябри соли 1988 ва аз феврали соли 1990 то соли 1991 маркази вилояти Кӯлоб маҳсуб меёфт.

Кӯлоб вилояте буд дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон, ки солҳои 1939-1955, 1973-1988 ва 1990-1992 вуҷуд дошт. Тибқи фармони Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таърихи 27-уми октябри соли 1939 округи Кӯлоб барҳам дода шуда, вилояти Кӯлоб бо маркази маъмурияш шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд. Ба ҳайати он шаҳри Кӯлоб, 8 ноҳия, 5 шаҳрак, 110 деҳшӯро, 1675 деҳа дохил карда шуда буд. Баъдтар вилояти мазкур ба 7 ноҳияи маъмурӣ тақсим шуда, як шаҳр ва 6 шаҳрак дошт.

Бо фармони Раёсати Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 вилояти Кӯлоб барҳам дода шуда, шаҳру ноҳияҳои қаламрави он ба вилояти навтаъсисдодашудаи Хатлон ворид карда шуд.

Дар шароити ҳозира шаҳри Кӯлоб яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар он 8 корхонаи пахтатозакунии хурду калон ва корхонаҳои саноатии дигар кору фаъолият мекунанд.

Маълумоти мазкур далели раднашавандае аз таърихи хеле қадима доштани шаҳри Кӯлоб мебошад, ки чанд сол пеш 2700 - солагии он дар вазъияти тантанавӣ таҷлил карда шуда буд. Осори зиёди таърихии аз ҳудуди он пайдошуда аз таърихи пуршарафи ин шаҳри бостонии тоҷикон дарак медиҳад.

Моҳи декабри соли сипаригардида ташкилоти бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО дар қатори дигар осори қадима чаканро ҳамчун мероси таърихии халқи тоҷик эътироф намуд, ки зодгоҳи он шаҳри бостонии Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб аз қадим боз ба ҳунармандӣ машғул буда, то ба ҳол ин анъанаҳои некро идома дода истодаанд. Мавҷуд будани кӯчаҳои заргарон, чармгарон, косатарошон, кулолгарон, оҳангарон ва монанди инҳо дар шаҳри Кӯлоб ба маданияти қадимаи шаҳрнишинии он далолат намуда, ин ҳунарҳо аз насл ба насл мерос монда, то ба имрӯз дар ин шаҳри бостонӣ ривоҷу равнақ дорад.

Дар шаҳри Кӯлоб 70 муассисаи таьлимиву тарбиявӣ: 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 мактаб-интернат, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ,  фароѓатгоҳи “Шарора”, 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла, муассисаҳои хусусии томактабии “Меҳрона”, “Миҷгона”) фаъолият менамояд.

Соли 2004 бо кӯмаки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ) ва соли 2005 боз ду МТМУ-и дигар ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гаштанд.

 Кӯлоб яке аз шаҳрҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гашта, аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ дар сари Роҳи бузурги Абрешим мавқеи азими стратегиро молик аст. Роҳ ба сӯи Бадахшон ва Кулмаю Қароқурум маҳз аз Кӯлоб мегузарад. Шаҳр ба тавассути роҳҳои ҳавоӣ, оҳан ва мошингард бо калонтарин шаҳрҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва мамолики ҷаҳон робитаи мунтазам дорад. Моҳи июни соли 2002 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб» ба тавсиб расид. Қарори мазкур аз ҷониби ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дастгирӣ ёфт. Дар раванди омодасозии шаҳр ба ин санаи бошукӯҳ дар шаҳри Кӯлоб дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Симои шаҳр таѓйир ёфта, он ба шаҳри ободи замонавӣ табдил гашт. Маҳз ба хотири ин санаи фархунда як силсила корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки ҷиҳати эҳёи диёри кӯҳанбунёд такони ҷиддӣ гардиданд.

Маҷмааи «Силсилаи меъмории 2700-солагиии шаҳри Кӯлоб», бинои муҳташами «Хонаи ақди никоҳ», китобхонаи боҳашамати замонавӣ, чойхонаҳои «Истаравшан», “Исфара”, шуъбаҳои «Амонатбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Ориёнбонк», дар маҷмӯъ беш аз 120 иншооти хурду бузург ҳусни шаҳрро ба куллӣ дигаргун карданд. Имрӯзҳо биноҳои маъмурии раёсати молияи шаҳру минтақа, Агентии давлатии суѓуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру минтақаи Кӯлоб, нозироти андоз, меҳмонхонаи “Хатлон”, театри мусиқӣ - мазҳакаи ба номи Сайдалӣ Вализода, қасри фарҳанг ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳусни шаҳрро зебо гардонидаанд. Дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳри Кӯлоб таѓйиротҳои куллӣ ба амал омаданд.

Кӯлоб аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ яке аз шаҳрҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар он 50 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Чунин пешравиҳо дар соҳаҳои дигар низ мушоҳида мешаванд. Хусусан, ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф дар шаҳр корҳои намоён ба анҷом расиданд. Имрӯз шаҳри Кӯлоб ба маркази ҳақиқии илму маърифат ва фарҳанг табдил ёфтааст. Дар шаҳр Донишгоҳи давлатӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ, коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, санъат, иқтисодӣ-техникӣ, чандин омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ фаъолият менамоянд. Дар давоми 28 соли соҳибистиқлолӣ дар шаҳр даҳҳо мактабҳои нави таҳсилоти умумӣ сохта шуд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.

Дар шаҳр як адад “Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ” ва ду адад “Хона – музей” фаъолият менамояд. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи орифи шинохта Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди таъмиру тармими замонавӣ қарор дода шуд, ки он имрӯзҳо ба зиёратгоҳи сайёҳон, олимону сиёсатмадорони мамолики Шарқ, аз ҷумла Эрон, Афѓонистон, Покистон, Ҳиндустон ва ѓайра табдил ёфтааст. Шаҳр дорои муассисаҳои калони фарҳангӣ мебошад, ки аз зумраи онҳо Қасри фарҳанг, Театри ба номи Саидалӣ Вализода, Боѓи фарҳангию истироҳатӣ, Боѓи “Ѓалаба”, Коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонов, ансамбли «Фалак», мактабҳои махсуси рассомӣ, гурӯҳҳои рақсиву созиро метавон номбар кард.

Шаҳри Кӯлоб, инчунин, маскани шоирону адибон ва орифону донишмандон буда, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин шаҳр сукунат ихтиёр намудааст.

Мардуми Кӯлоб аз қадимулайём бо олимону донишмандон, шоирону нависандагон, фарзандони далеру содиқи худ, ки дар арсаи сиёсат ва идораи давлатии Тоҷикистон санъати волои сиёсатмадорӣ нишон додаанд, ифтихор менамоянд. Фарҳангу санъати ин диёр бо осору номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Носеҳи Хатлонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Бисмили Кӯлобӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ,  Саидалӣ Вализода, Ѓаффор Мирзо, Ашӯр Сафар, Ѓоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Абдулҳамид Самадов, Ҳақназар Ѓоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Саидҷон Ҳакимзода, Давлатманд Холов, Сурайё Қосимова, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдурраззоқов ва садҳо нафари дигар шуҳратвар гаштааст. Эшон дар осору фаъолияти гаронбаҳои хеш арзишҳои умумибашарӣ ва умуминсониро тарғиб намудаанд.

Дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ зодагони шаҳру навоҳии Кӯлоби бостонӣ дар ҷодаи илму маориф бо пажӯҳишҳои арзишманд дар соҳаҳои риёзиёт, химия, забону адабиёт, фалсафа, таърих, назарияи иқтисодӣ, ки  намунаи барҷастаи ҳаёти илмиву адабии ин гӯшаи Ватани азизамон мебошад, дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он маъруфу машҳур гардидаанд. Ба ин раванд Соҳиб Табаров - академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода-академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, М. Лутфуллоев, С. Наврӯзов, Сайфулло Сафаров, Т. Раҳмонов, М. Раҷабӣ, Х. Асоев, Б. Раҳимов ва садҳо нафарони дигарро бо ифтихор метавон шомил намуд, ки номбардорони шаҳри Кӯлоб буда, натанҳо номи шаҳри Кӯлоб, балки Тоҷикистони азизро дар байни дигар давлатҳо ва қавмияту миллатҳо хеле  боло бурдаанд.

Дар замони ҳозира Кӯлоб яке аз шаҳрҳои нисбатан бузурги Тоҷикистони имрӯза ба шумор рафта, ба ҳайати вилояти Хатлон дохил мешавад ва он аз шаҳри Душанбе дар масофаи 202 км ҷойгир гардида, масоҳати имрӯзаи он 279,9 км мураббаъ ва аҳолиаш 213,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи таҳлилҳо аҳолии шаҳри Кӯлоб ҳамасола афзоиш ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ қариб аз 70 ҳазор нафар зиёд шудааст. Барои сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  бунёди 11 маҳаллаи нави аҳолинишин,  бунёд ва таъмиру азнавсозии қариб ҳазор иншоот пешбинӣ гардида, то охири соли 2019-ум 206 иншооти дигар ба истифода супорида мешавад. Ба бунёди роҳи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, ки арзиши лоиҳавии он 215 миллион сомонӣ ва масофааш 35 километрро ташкил медиҳад, оғоз бахшида шудааст. Бунёди роҳи мазкур дар зарфи ду сол ба анҷом расонида шуда, дар ин раванд, як қисми роҳҳои шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад.

Соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 18 километр роҳҳои дохилии шаҳру деҳоти он таъмиру таҷдид ва 32 километр сангфарш гардида,  ду корхона ва 12 коргоҳи хурди саноатӣ бунёд гардида, 150 синфхонаи иловагӣ бунёд ва 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Инчунин аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаҳои Чаманзору Ҷомӣ, деҳаҳои Шамсов, Файзобод, Гултеппа ва Хонобод ба сохтмони чандин мактабҳои нав ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ оғоз бахшида шудааст. Дар маркази шаҳр соҳибкори маҳаллӣ Ғуломов Халил бунёди муассисаи таълимиро барои 2000 нафар хонанда шурӯъ кардааст, ки он то соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб чандин муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ ва литсейҳои нав таъсис дода шудаанд, ки ҳоло онҳо барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ кадр тайёр карда истодаанд.

Дар таърихи 11 сентябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ду мактаби навбунёд, ки ҳар кадом барои 1280 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, бо беҳтарин шароити таълим ва таҷҳизоти замонавӣ ба истифода супорида шуда, сохтмони ду муассисаи таълимӣ дар деҳоти Кӯлоб идома дорад, ки то ҷашни 30 солагӣ ба истифода дода мешаванд.

Аз ҷумла дар маркази шаҳр соҳибкори маҳаллӣ (Ғуломов Халил) бунёди муассисаи таълимиро барои 2000 нафар хонанда шурӯъ кардааст, ки то соли 2021 ба истифода дода мешавад.

Бовар дорам, ки то ҷашни 30- солагии истиқлол мушкилоти соҳаи маориф дар шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бартараф гардида, барои фарзандони сокинон тамоми шароити зарурии таълим муҳайё карда мешавад.

Мардуми шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат амал намуда, баҳри ободонию пешрафти Тоҷикистони азиз, рушду нумӯ ва гулгулшукуфии Кӯлоби бостонӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Сиёвуш АХМЕДОВ,

мудири бахши дин, танзими анъана

ва ҷашну маросими МИҲД-и ш. Кӯлоб

Худойдод САФАРОВ,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

«Ҳилоли Аҳмар»-и ш. Кӯлоб