
Равандҳои сиёсию иҷтимоии замони муосир аз ҷиҳати мазмуну моҳият ва хусусиятҳои амалишавии худ бо пуртаззодию пешгӯйинашавандагӣ фарқ мекунанд. Ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ дар аксар маврид вобаста ба пешгирии онҳо эҳсоси худнигоҳдориро истифода бурда наметавонад. Ин хусусият бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, худи технологияи идоракунии онҳо мушкил гашта истодааст.
Таҳлили равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки хусусияти ҷалби ҳарчи бештари субъектон ба онҳо аз шакли оммавӣ ба шакли фардӣ гузашта истодааст. Яъне, қувваҳои манфиатдор усули таъсиррасонии фардӣ ва алоҳидаро ба шахсиятҳо пеш гирифта, дар ин раванд кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи бештар аз шахсиятҳои дорои хислатҳои маргиналии ба муҳити иҷтимоӣ пурра ворид нашуда ва аз ҷавонони камтаҷриба истифода баранд.
Илм ҳам собит намудааст, ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда истодаанд. В.Коровин қайд мекунад,ки дар давраи индустриалӣ амалиётҳои ҷангӣ бо истифодаи чунин мафҳумҳо, аз қабили ақибгоҳ ва фронт тавсиф карда мешуданд. Задухӯрдҳои ҳарбӣ рӯ ба рӯ ва бевосита суръат гирифта, ғалаба аз яроқу аслиҳаи такмилёфта ва шумораи аскарон вобаста буд (Коровин В. Сетевые войны. М., 2014. С. 296). Яъне, барои ба даст овардани ғалаба душман аз усули ҳуҷум аз берун истода мебурд. Дар замони муосир бошад, ин усул тағйир ёфта, мавҷудияти захираҳои иттилоотӣ имконият медиҳанд, ки усули мубориза «аз дохил ба берун» истифода бурда шавад. Ин усул истифодаи яроқу аслиҳаи зиёд, хароҷоти гарони молиявӣ ва талафоти ҷонии душманро талаб намекунад. Баръакс, тавассути пешбурди таҳоҷуми иттилоотӣ, тағйири мафкура, ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш ва ақидаҳои аҳли ҷомеа қувваи дохилии онро ба муқобили худаш истифода мебарад.
Аз нуқтаи назари рушди муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ ва равандҳои демократикунонӣ бояд фарҳанги сиёсии мардум ба маротиб боло рафта, ҳама мушкилӣ дар муносибати байни давлат ва ҷомеа дар асоси муколама ва таҳаммулпазирӣ ҳаллу фасл гардад. Вале, воқеияти сиёсии кишварҳои гуногун, аз он ҷумла давлатҳои араб ва Украина нишон дода истодааст, ки ин меъёр умуман риоя нашуда, коргардонҳои ин сенарияҳо кӯшиш намудаанд, ки бо эҳсоси тудаи одамон бозӣ намуда, суботу низоми ин кишварҳоро барҳам диҳанд. Ва мутаассифона, ба ин ноил ҳам гаштанд. Ин мисоли амиқи истифодаи қувваи дохилӣ ба муқобили худи давлат мебошад.
Таъсиси даҳҳо шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчун василаи содда ва арзони муошират имконият фароҳам оварда истодааст, ки миллионҳо нафарон бад-ин васила вориди онҳо гашта, гурӯҳҳои худро таъсис диҳанд. Мутаассифона, ҳаракату равияҳои ифротгаро ҳам аз ин технологияҳо васеъ истифода бурда истодаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб шуда истодаанд. Ноогоҳӣ аз асосҳои дини мубини ислом, паст будани сатҳи маърифату дониш, бетафовутӣ ба рушди минбаъдаи давлат, муайян карда натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа, нокомӣ дар мутобиқати иҷтимоӣ боиси рӯ овардан ба номаълумӣ мегардад, ки оқибатҳои фоҷиаовар дорад.
Саволе ба миён меояд, ки кадом гуруӯҳи ҷавонон бештар майли гаравидан ба равияҳои ифротиро доранд?
Олимон собит намудаанд, ки бештар ҷавонони ба онҳо рафтори ғайримуқаррарӣ хос бештар ба ин роҳ мераванд. Ба ибораи дигар инҳо нафароне мебошанд, ки дар марҳилаи омезиши шадиди арзишҳо умр ба сар мебаранд ва моҳияти ин омезишро ба пуррагӣ дарк карда наметавонанд. Дар илм чунин мафҳуме ҳаст, ки онро аномияи иҷтимоӣ меноманд. Аномия аз рӯйи моҳияти худ раванди таърихан вобастаест, ки дар он пошхӯрии ҷузъҳои таркибии фарҳанг, пеш аз ҳама, меъёрҳои этикӣ ба вуҷуд меоянд. Ин раванд ба марҳилаҳои гузариш хос буда, дар онҳо тағйирёбии арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ ба миён меоянд. Меъёрҳои пазируфташудаи ахлоқӣ дар доираҳои алоҳида мавриди эътироф ва қабули зарурӣ қарор намегиранд. Дар натиҷа дар ҷомеа бархӯрди арзишҳо ба вуҷуд омада, раванди муносибатҳои иҷтимоиро халадор менамоянд.
Ба ақидаи муҳаққиқи рус Е.М.Бабосов аномия «мавҷуд набудани низоми дақиқи меъёрҳои иҷтимоӣ, вайроншавии ягонагии фарҳанг буда, дар натиҷа таҷрибаи ҳаётии одамон ба меъёрҳои идеалии ҷомеа мутобиқат намекунанд» (Бабосов ЕМ. Катастрофа как объект социологического анализа // Социол. исслед.1998. № 4).
Меъёрҳои иҷтимоӣ ҳамчун маҷмӯи принсипҳои умумипазируфтаи рафтор ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нишондиҳандаи қудрати инсонҳо баҳри ташаккули муҳити зарурии иҷтимоиест, ки тавассути таъсиррасонӣ ба якдигар метавонанд рафтори худ ва атрофиёнро ҳамоҳанг созанд.
Устуворгардии таъсирҳои бегонаи ғаразнок дар замони муосир ба ташаккулёбии муҳити мусоид ва зарурии иҷтимоӣ таъсири манфии худро расонида истодааст. Ҷаҳонишавӣ ва хусусиятҳои хоси он, ки суръати омезиши арзишҳоро пурзӯр менамояд, косташавии меъёрҳои мавҷударо низ қувват мебахшад.
Дар чунин шароит фаъолгардонии ниҳодҳои иҷтимоии низоми сиёсӣ муҳим буда, дар ин раванд бояд ҳамбастагии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад. Фаъолияти ҳамоҳанг ва ҳамгироии онҳо метавонанд натиҷаҳои дилхоҳ дошта бошанд. Дар ин масир баланд бардоштани нақши оила ва фаъол гардонидани мавқеи он бениҳоят муҳим буда, иҷрои босифати уҳдадориҳои иҷтимоии он омили муҳими ташаккули шахсиятҳои худогоҳ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия дар замони муосир ба худ хусусияти мушкил касб намудааст. Ин мушкилӣ ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ алоқаманд буда, амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа омилҳои таъсиррасон зиёданд. Ин аст, ки на танҳо дар байни ҷавонписарон, балки дар миёни ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба чашм расида истодааст. Омилҳои ҷалби онҳо низ гуногун буда, дар байнашон мафкура ва ҷаҳонбинии танг, таҳмили ғояҳои ифротӣ аз ҷониби ин ё он аъзои оила, ки худ ба чунин равияҳо аллакай гаравидааст, ҳаваси кӯр-кӯрона ба фарҳанг ва арзишҳои бегона, ҳолати рӯҳӣ ва эҳсос, ноустуворӣ дар мавқеи худ ва итоаткории ғуломона дар иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ мебошанд, ки боиси роҳгумӣ ва бадбахтиҳои зиёд гашта метавонанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба равияҳои бегонаю хавфнок ин дур будани онҳо аз муҳити иҷтимоӣ буда, маънои онро дорад, ки агар шахс ҷисман дар як муҳити иҷтимоӣ бошад, рӯҳан дар муҳити иҷтимоии дигар аст. Аз ин рӯ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону занон ба равандҳои иҷтимоии муосир омили зарурӣ буда, тавассути ширкати онҳо имконияти муоширати иҷтимоӣ фарох мегардад.
Василаи муҳими фаъолгардонии ҷавонону занон ин дар сатҳи хуб амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри боло бурдани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад. Бад-ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро таъмин намуда, баҳри интихоби роҳи дуруст ба онҳо мусоидат намуд. Ҳамзамон бо ин, лозим ба ёдоварист, ки ба омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҷиддӣ додан зарур аст. Зеро дар баробари тарбияи дурусти касбӣ ва омода намудани мутахассиси дараҷаи баланд, тарбияи инсони худшиносу худогоҳ ва дорои фаҳмиши хуби равандҳои сиёсӣ омили зарурӣ дар замони муосир мебошад. Зеро мо метавонем мутахассиси хуб тарбия намоем, вале агар он эҳсоси баланди ватандӯстӣ надошта бошад, садоқат ва хизмат намудан ба ин давлату миллатро аз ӯ интизор шудан амри маҳол аст. Маҳз аз ҳамин сабаб таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи нақши олимони ҷомеашинос дар тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳкиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир саривақтӣ ва зарурӣ буда, воқеан ҳам тақвияти фаъолиятро дар ин самт тақозо менамоянд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки нақши ҷомеашиносон дар пур намудани холигии мафкуравӣ ва ғоявӣ бениҳоят калон аст. Дар замони муосир қувватгирии равияҳои хурофотию ифротгаро бо суръати баланд ба назар расида истодааст. Ин таҳдиди ҷиддӣ дар самти моил намудани ҷавонон ба чунин равияҳо дошта, хатари ғайричашмдоштеро дар роҳи суботу амният метавонанд пеш оваранд. Воқеаи мудҳиш ва куштори ваҳшиёнаи афғондухтари 27 сола – Фархунда, яке аз нишонаҳои даҳшатафкании хурофоту ифротгароӣ маҳсуб ёфта, иғвои як нафар фиребгари ба ном «мулло» боиси ба таври фоҷиабор канда шудани риштаи ҳаёти ин духтари ҷавон гашта, чеҳраи манфури хурофоту нодониро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар кушода дод.
Дар таҷрибаи сиёсӣ собит гаштааст, ки зуҳуроти алоҳида қодир аст ба ҷараёни раванди сиёсӣ таъсири худро расонад. Ин таъсиррасонӣ тавассути қабули ин ё он зуҳурот аз ҷониби ҷомеа ба миён меояд, яъне қабули ҷомеа метавонад равандро тақвият бахшад ва ё баръакс, ин зуҳурот метавонад нафрати ҷомеаро ба миён оварда, боиси аз байн рафтани он гардад. Ҳодисаи зикршуда, ки имрӯз нафрати ҷомеаро дар кишварҳои гуногун ба вуҷуд овардааст, чашми аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро, ба моҳияти хурофот бояд кушояд, то ин, ки ин зуҳуроти манфӣ решакан карда шуда, қаллобону фиребгароне, ки дар ин роҳ аз номи дин истифода бурданӣ мешаванд, нафратзадаи ҷомеа гарданд.
Тақвият бахшидани корҳои фардии тарғиботӣ ва ташкили чорабиниҳои итилоотию маърифатӣ низ баҳри фаъолгардонии нақши ҷавонону занон дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Масъалаи дигар ташкили ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ ва мусоидат намудан ба болоравии имкониятҳои иқтисодии ҷавонон мебошад. Дастгириҳои давлат дар ин самт имконият медиҳанд, ки тавассути ташкили ҳамкории судманди давлат ва бахши хусусӣ ин масъала марҳила ба марҳила роҳи ҳалли худро ёбад.
Ҳамин тариқ, таҳлили равандҳои сиёсии муосир нишон медиҳад, ки вобаста ба имконияти фарохи истифодаи василаҳои гуногун, аз он ҷумла техникӣ ва иттилоотӣ, суръат ва моҳияти онҳо куллан тағйир ёфта, хусусиятҳои пешгӯйинашавандагиашон бештар гашта истодааст. Аз ин рӯ, пешгирии таъсири манфии онҳо ба ҷавонон ва ҷалби онҳо амри зарурист.
Мағфират Хидирзода,
д.и.ф., профессор