АВФ – ТОҶИ ЗИНАТБАХШИ НЕКИҲО

Нашр шуд korbar - пн, 11/04/2019 - 20:52

Авф – яке аз хислатҳои арзишманди ахлоқӣ ва яке аз сифатҳои каримона аст, ки инсонро азиз ва мукарраму муаззам мегардонад ва мо ҳама имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки Президенти муаззами кишвар аз гуноҳу хатогиҳо ва лағзишҳои зиёда аз 20 000 нафар гузашта, онҳоро авф намуд ва дар хонадони ҳар яки онҳо имрӯзҳо ончунон хурсандиву фараҳ ва ончунон ашки шодӣ рехта истодааст, ки бо навиштан он ҳиссиётро наметавон баён кард ва фақат мо, ҳама аҳли ҷомеа метавонем шодишарики онҳо бошему ҳамроҳи онҳо дар ҳаққи Пешвои Миллат дасти дуо бардорем, чунончӣ аз Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба рӯҳи покашон) омадааст: “Беҳтарин имомон ва зимомдорони шумо касоне ҳастанд, ки онҳоро дўст медоранд ва шумо дар ҳақи онҳо дуо мекунед…”.

Пайғамбари бузургвор мефармоянд: “Ба сабаби авф, Худованди меҳрубон бандаро азиз ва бақадру соҳибманзалат мегардонад”. (Муслим).

Аз Абудардо (р), саҳобаи Паёмбари бузургвор пурсида шуд: “Кист азизтарини мардумон? Гуфтанд: Он нафароне, ки чун қодир шаванд, авфро пешаи худ кунанд, пас, авфро пеша кунед ,то Худованди меҳрубон шумоёнро азиз гардонад”.

Аз Ҳасани Басрӣ (р) омадааст: “Беҳтарин ахлоқи муъмин авф аст”.

Дар арсаи ҷаҳонӣ ва дар саҳнаи зиндагии башарият авф ҷойгоҳи хосеро сазовор аст ва чун сухан дар боби одобу ахлоқ ва хислатҳои неку фазоили олии инсонӣ равад, арзиши авф дар байни онҳо болову воло буда ва тоҷи зиннатбахш бар сари ҳамаи онҳост, чунончӣ ҳазрати Алӣ (р) мегӯянд:”Авф – тоҷи ҳамаи некиву тамоми хислатҳост”.

Нурулло Ҳидоятов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари ш. Конибодом