
Чанд рӯз мешавад, ки дар тамоми гӯшаю канори мамлакат сухан дар бораи адл меравад. Адли Пешвои додгустар. Пешвое, ки бо хислати каримона ва бо қалби саршор аз меҳру муҳаббаташ дар санаи 25 октябри соли ҷорӣ ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" имзо гузошта, ба зиёда аз 20-ҳазор нафар муҷримон ҳуқуқи ба озодӣ баргаштанро дод.
Вақте тавассути оинаи нилгун шодии озодшудагон ва миннатдории аҳли оилаи эшон ва дуои неки падарону модаронро, ки дар ҳаққи Пешвои миллат ва бақои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мекарданд, медидам, баробари эшон ашки шодӣ мерехтам ва бо дуои эшон даст ба рӯ бурда, омин мегуфтам. Ва аз хурсандӣ худ ба худ болида ва ифтихор менамудам, ки дар чунин давлате зиндагӣ мекунем, ки онро Пешвои ғамхор роҳбарӣ менамояд.
Дар ҳаққи пешвоёни додгустар расули муаззами ислом фармуданд: Беҳтарин имомон ва зимомдорони шумо касоне ҳастанд, ки онҳоро дўст медоранд ва шумо дар ҳақи онҳо дуо мекунед ва онҳо барои шумо дуо мекунанд.
Бовар дорам, ки баъд аз ин қадар афву бахшиши Пешвои миллат шахсоне, ки ба озодӣ баромаданд, шукронаи Ватани азизро ба ҷо оварда, ба қадри озодӣ мерасанд ва ҳаргиз ба роҳи каҷ қадам намегузоранд.
Дӯстмурод Меликов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Домулло-Шарифи шаҳри Ҳисор