
Хабари ҳамлаҳои ноҷавонмардонаро ба динбонгоҳи марзии «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки 6-уми ноябр сурат гирифт, бо андуҳи гарон дарёфта, ин аъмоли разилонаву манфур ва хиёнаткоронаи нохалафонро шадидан маҳкум менамоям. Бояд ёдовар шуд, ки ин амалҳои ғайриинсонии гумроҳон кори душманони миллати тоҷик буда, мехоҳанд бо аъмоли зишташон ба маҳбубияти Тоҷикистон дар ақсои олам осеб расонанд.
Хоинони миллати тоҷик пешрафту шукуфоиҳои Ватани азизи моро дида натавониста, ин амали нангинро тарҳрезӣ намуданд.
Дар ин росто аз тамоми сокинони баору нанги кишвари маҳбуб даъват ба амал меорам, ки дар кори ошкор ва дастгир намудани ин хиёнаткорон бо мақомоти интизомии кишвар ҳамкорӣ намуда, рисолати шаҳрвандии хешро ба иҷро расонанд.
Бо қатъият иброз медорем, ки ҳеҷ як хоине ва ё бадхоҳе наметавонад бо як амали тарҳрезигардида нуфузи Тоҷикистони маҳбубро дар арсаи олам коҳиш диҳад. Итминони комил дорам, ки аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар зуд омилҳои ин ҳамлаҳои марговар, ки боиси нафрати тамоми мардуми кишвар гардид, муайян ва мушаххас гардида, хиёнаткорон ҷазои сазовор хоҳанд гирифт.
Ҷамолиддин Хомӯшов,
сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон