
Неъмати истиқлолият барои мардуми шарафманди тоҷик рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин василаи давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Чи тавре ки ба ҳамагон равшан аст, Тоҷикистони азизамон, дар даврони истиқлолият рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Аз ин ҷиҳат корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст.
Пешвои миллат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳо ва созандагиҳоро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ он қадар бисёр аст, ки дар чанд саҳифа баён кардани он имконпазир нест. Ин ҷо ба таври хулоса ба як чанд дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ ишора мекунем.
Дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иншоотҳои бузург, аз қабили ба кор даромадани Неругоҳи Барқи Обии Роғун, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои замонавии дорои таҷҳизоти лозимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ба хусус дар пойтахти кишварамон ба истифода додани корхонаву сохтмонҳои хурду калон, далели равшани самараҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки тавассути дастгириҳои холисона ва ғамхоронаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлолият барои истеҳсоли нерӯи барқи обӣ, ки ин имкониятҳои бузург дорад, аҳамияти аввалиндараҷа дод. Рӯйдодҳои муҳими солҳои охир, ин бунёд ва ба истифода додани НБО-и Роғун иқтидори лоиҳавӣ 3,6 миллион киловатт; агрегати аввали он 600 кВ, дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 киловатт, «Сангтӯда-1», хатҳои интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», 220 кВ «Лолазор-Хатлон», хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтуда-Пули-Хумрӣ) мебошанд, ки дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд.
Ҳукумати кишвар, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зеро дар ҳолати таҷдид накардани як қатор нерӯгоҳҳо, ки солҳои тӯлонӣ фаъолият карда истодаанд, самаранокии истеҳсолии онҳо коҳиш меёбад.
Бинобар ин, ҳоло таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад ва соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Қайроққум» дар ҳаҷми 1,9 миллиард сомонӣ ва марҳалаи якуми таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.
Баъди таҷдиди пурра тавоноии ин се нерӯгоҳ нисбат ба ҳаҷми воқеии имрӯзаи онҳо, дар маҷмӯъ, 840 мегаватт афзоиш меёбад.
Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.
Ин факту рақамҳо гувоҳи он аст, ки дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо дар замони истиқлолият хеле ҳам назаррас аст. Ҳамаи ин пешравию ободкориҳо бо шарофати сулҳу суботи мавҷуда насиби мо гаштааст.
Парвардигор дар Қуръони карим ояти 7-и сураи «Иброҳим» мефармояд:
«Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шумо ба он неъматҳое, ки ман ба шумо ато фармудаам шукрона кунед ва онро пос доред, ман ҳамон неъматҳоро афзун мегардонам ва агар ношукрӣ ва носипосӣ кунед, онгоҳ азоби ман бисёр дарднок ва сахт аст».
Дар ҳамин радиф Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Бале, ҳар неъматеро, ки Парвардигор барои мо арзонӣ фармудааст, бояд онро пос дошта шукри онро кунем ва баҳри боз ҳам пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саъю кӯшиш намоем.
Абдулвоҳид Ҳомидов,
мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон