ДАСТОВАРДҲОИ ДИНӢ ДАР ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Нашр шуд korbar - чт, 11/07/2019 - 15:41

Даврони истиқлолият барои мардуми тоҷик имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи худ ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Қобили зикр аст, ки баъд аз он ки Тоҷикистон ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, мардуми кишвар ба мероси ғании аҷдоду ниёгони худ, хусусан анъанаҳои динӣ, як навъ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро ҷузъи фаҳанги динӣ қарор доданд. Аз ин гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар як чанд суханронии худ фармудаанд: «Исломро аз фаҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост».

       Дар ҳақиқат истиқлоли давлатӣ дар ҳама масъалаҳои ҳаётан муҳим, хусусан озодии виҷдон ва муносибат ба арзишҳои динӣ  заминаҳои муносиб фароҳам овард. Ҳамин буд, ки мардуми кишвар тавонистанд, ки минбаъд фаризаҳои илоҳиро дар як фазои ором, бе ягон монеъият адо намоянд, адабиёти динӣ-мазҳабиро хонанд ва улуми исломиро дар донишкада ва ё донишгоҳ таълим гиранд. Дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлати мо он қадар бисёр аст, ки дар чанд саҳифа баён кардани он имконпазир нест. Бинобар ин, дар ин ҷо ба таври хулоса ба як чанд дастовардҳои динӣ-мазҳабии даврони истиқлоли давлатӣ ишора мекунем.

  1. Бо дастури Пешвои миллат Қуръни карим бо забони тоҷикӣ тарҷума шуд.
  2. 200 ҳазор адад Қуръон бо забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадяи Пешвои миллат ба мардум тақсим карда шуд.
  3. Зиёда аз 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуд.
  4. Соли 2019 дар Душанбе бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ ба истифода дода мешавад.
  5. Ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода шуд.
  6. Зиёда аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардид.
  7. Дар Тоҷикистон тақрибан ба ҳар 2 ҳазор нафар як иттиҳодияи динии исломӣ рост меояд, ки дар ҳеч яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин ҳолат ба назар намерасад.
  8. Соли 2009 – Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид.
  9. Соли 2010 шаҳри Душанбе аз ҷониби созмони ИСЕСКО Пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид.
  10. Пешвои миллат аз минбари СММ аз дини ислом дифоъ карда, онро муқобили экстремизму терроризм хонданд.
  11. Аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, аз ҷумла “Саҳеҳ-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин” ва “Кимиёи саодат”–и Имом Ғаззолӣ чоп ва дастраси мусулмонони кишвар гардонида шуд.
  12. Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
  13. Ҷашнвораҳои абармардони фарҳангу рисолати исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ, Имом Бухорӣ дар сатҳи умумимиллӣ таҷлил гардид.
  14. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
  15. Пешвои миллат 4 маротиба хонаи Худоро зиёрат намуда, 2 маротиба ба ворид гардидан ба дохили хонаи  Худо мушарраф гардиданд.
  16. Пешвои миллат 4 маротиба ба рӯйхати 500 мусулмони аз ҳама пурнуфузи дунё шомил гардиданд.

      Дар ҳақиқат, Худованди азза ва ҷалл барои миллати мо неъмати бузург - истиқлоли давлатӣ ва давлати миллиро ато кард, ки садсолаҳо мардуми тоҷик онро орзу менамуд. Боз ҳам ҷойи шукргузорист, ки ин неъматро дар даврони зиндагии мову шумо бахшид. Бо бунёди давлати миллӣ, соҳибихтиёрии давлатӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, тадбирҳои муҳим барои пойдорӣ ва густариши дини мубини ислом, гиромидошти шахсиятҳои фарзонаи он андешида шуданд.

        Қобили зикр аст, ки пуштибонии Сарвари давлат аз мазҳаби барҳақ ва таҳаммулгарои ҳанафӣ як амали нек ва ҳакимонаву дурандешона мебошад, ки мо бояд ба қадри ин ғамхорӣ бештар бирасем. Ин шахсияти маъруф тавонист, ки ин ҳамаро ба хотири пойдории давлату ҳукумат, ваҳдату якпорчагӣ ва истиқлолият, дину мазҳаб ва ривоҷи муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ анҷом диҳад. Пешвои миллат дар андешаи мардуми тоҷик, пойдорию густариши мазҳаб ҳама нерӯи ҷисмонию ақлонии худро сарф карданд, ки қобили ситоишу қадрдонӣ аст.

Маҳмуд Сангалиев,

мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон