ВОКУНИШ БА ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТОНИ ХУНХОР

Нашр шуд korbar - пт, 11/08/2019 - 08:59

Ҳамлае, ки аз ҷониби террористон дар дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод” ба вуқӯъ омад, мо аҳли ҷомеа,  аз ҷумла  бандаро сахт  мутаассир ва мутаассиф сохт. Дар тааҷҷубем ки онҳо чигуна махлуқоти бадтаринанд, ки  аз хунрезию фасодкорӣ хаста намегарданд ва ҳарвақт мардумро ба тарсу ҳарос  гирифтор карда, ба таҳлука меандозанд.  Маълум аст, ки ҳамаи ин нақшаҳои душманони хориҷии Давлати мост, ки ба воситаи гумоштагони пинҳонии худ роҳандозӣ мекунанд. Ба ҳар ҳол, мо зиёдтар ҳушёрию зиракиро ба кор андозем ва аз  шарри онҳо эмин бошем  ва ҳамеша хоҳони он бошем, ки Худованд ба ҳамаи мақомотҳои дахлдор ва сарҳадбонони Ватани азиз қувват ва мадад ато кунад, ки ҳаёти осоиштаи мардум вобаста ба хидмати онон мебошад. Бигзор Худованд шаҳидшудагонро раҳмату мағфират кунад.
А. Тӯраев,

сархатиби Истаравшан