БАХШИДАН. ХИСЛАТИ МАРДОНИ ШАРИФ АСТ!

Нашр шуд korbar - сб, 11/09/2019 - 10:05

Ҳадаф аз навиштани ин матлаб бори дигар ташаккур гуфтан ба Пешвои миллат ва дар симои ин абармард ба Ҳукумати ҷумҳурист. Зеро Сарвари давлат бо пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» боз ҳам собит намуданд, ки дарёдиливу бахшандагии он кас ҳадду канор надорад.
Дар ҳақиқат, асолати инсонӣ дар одамияти ӯ нуҳуфтааст. Ба андешаи мо, волотар аз бахшишу гузашт кореву амале дар ҷаҳон нест. Барои ҳамин, иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шоистаи таҳсину офарин медонем. Дар ҳар давру замон бахшидани муҷримон хосияти мардони бузург будааст.
Зеро Пешвои миллат бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи башардӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайваста бо раҳму шафқати инсонии худ ва ба муносибати 25 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» - ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва чанде пеш хушбахтона, ин қонун расман қабул гардид.  Мову шумо, ки дар фазои озоду дар муҳити созгор умр ба сар мебарем, камтар қадри озодиро медонем. Аммо зиндониён, ки нури офтобу ҳавои тоза, атри гулҳову боди форам, нони гарму хӯроки болаззат, пироҳани нарму дидору суҳбатҳои азизонро сахт пазмон мешаванд, озодиро бо тамоми ҳастиашон ҳис мекунанд. Ҳар лаҳза эҳсос мекунанд арҷмандтару қадрноктар аз озодӣ мафҳумеву арзише вуҷуд надорад.
Дар байни садҳо маҳбусон, албатта, ҳастанд касоне, ки аз нодонӣ, ногаҳонӣ, дар ҳолати бехудӣ, дар вазъияти ноҷӯру нохуб ва ё аз маҷбурӣ ҷиноят содир кардаанд. Барои онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қонуни сарнавиштсоз шуданаш мумкин аст. Зеро Ҳукумати ҷумҳурӣ бори дигар имконият дода истодааст, ки зиндониён ҳамчун шаҳрванди озоди мамлакат ҳаёту фаъолияти худро аз нав оғоз намоянд.
Хусусан, модароне, ки озод шуданд, дил дар синаашон намегунҷад. Зеро Зан - Модар дили ҳассосу нарм дорад, ба ҳадде интизору муштоқи фарзандонаш аст, ки шояд бигӯяд: «Бимирам ҳам, дар канори фарзандонам бимирам…».
Агар ҳама озодшавандагон дар мизони адолату инсоф ақлу фаросати худро баркашанд, иқдоми Ҳукумат ва Сарвари давлатро ба пуррагӣ дарк кунанд, дармеёбанд, ки зиндагиро бо рангӯ бӯи тоза сар кардан мумкин аст. Боз дар оғӯши фарзандон гули бахту саодат чидан мумкин аст. Пас, хулосаву оянданигарӣ ва ояндасозӣ дар дасти худи мову шумост.

Сафиямо ЁРАЛИЕВА