ЧАНДЕ ПЕРОМУНИ ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Нашр шуд korbar - чт, 11/14/2019 - 11:19

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз давлатҳои рӯ ба инкишоф буда, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила рушд менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ  давлатҳои қудратманд на ҳамеша барои кишвари мо таъсири мусбат мерасонанд. Ҳамин аст, ки тайи чанд соли охир намояндагони гурӯҳҳои  террористӣ ва ифротгаро бо ҳар як восита кӯшиш намуданд, ҷавонони кишвари моро фирефта намуда, онҳоро дар набардҳои бемаънои давлатҳои ноором истифода баранд.

Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона ва хатарнок Ҳизби таҳрир,Гурӯҳи 24, Салафия, ТЭТ ҲНИ  ва гурӯҳи ба ном давлати исломӣ” мебошанд, ки бархе аз онҳо аз замони истиқлолияти кишвар то ба ин дам бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор мекунанд. Дар  байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зӯроварӣ низ рӯ намегардонанд. Мисоли  оддии  он воқеаҳои охири кишвар мебошад, ки чанд  нафаре аз ин гуруҳҳо хостанд бо амалҳои шуми худ давлати моро нотинҷ гардонандМутаассифона, дар натиҷаи ҳуҷуми онҳо ба дидбонҳои сарҳадӣ  чандин нафар аз шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Онҳо низ мусулмон ва фарзанди мусулмон буданд. Аз ин рӯ, ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки борҳо таъкид карда буданд: террорист дин, давлат ва миллат надорад. Худованд мефармояд ҳар нафаре мусалмонеро қасдан бикушад, ҷазои ӯ дузахт аст.

Маҳз ҳамин гуна қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошанд, ки барои ба даст овардани аҳдофи сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои мусулмоннишинро халалдор сохта, кишварҳои мусулмоннишинро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд. Дар ҳоле, ки исломи азиз муқобили чунин амалҳои зишту нораво мебошад.

Дар асл назар биандозем, тинҷиву амони яке аз неъматҳои Худованд мебошад, ва подоши дузахт ва азоби он барои касест, ки ин неъматро поймол карда шукргузори намекунад. Худованд дар Қурон пайғамбарони худро пай дар пай огоҳ месозад, то ин ки умматҳои онҳо ба қадри ин неъматҳо бирасанд.

Дар яке аз ояҳо Худованд дар каломи мубораки худ мефармояд, Шумо онҳоро намебинед ба ҷойи сипоси неъматҳои илоҳи куфр ихтиёр кардаанд ва қавми худро ки пайрави онҳо буданд, ба ҳалокат нишонданд, ки дар ҷаҳаннам месӯзанд ва ҷаҳаннам ҷойи бисёр бад аст.

Дар ин ҷо манзур аз неъмати Худовандӣ метавонад умуми неъматҳои Худованд бошад, ки маҳсус ва шоҳид ва мутааллиқ ба манфиатҳои зоҳири инсонанд, монанди ашёи хӯрданӣ ва ошомиданӣ ва замин ва манзил ба мисли тинҷиву оромӣ ва амнияти сартосарӣ ва ғайра ва  метавонад неъматҳои махсуси маънавӣ бошад, ки аз ҷониби Худованд барои рушд ва ҳидояти инсон омадааст, монанди  анбиё ва китобҳои осмонӣ ва шариати онҳо, ки барои ҳидояти инсон василаҳои ҳидоят  қарор гирифтаанд. Миллати сарбаланди тоҷик чордаҳ аср аст, ки мусалмонанд ва пайрави дини ислом ва мазҳаби Имом Абуҳанифа мебошанд, ки барои ин миллат чунин ҳизбҳои тафриқаандоз ва тундрав лозим нест. Зеро аз неъмати дину мазҳаб бархӯрдоранд.

Мақсад аз гуфтаҳои боло дар бораи куфрони неъматҳои Худованд мебошад, чунончи аз қавли уламо  бармеояд, куфрони неъматҳои Худоро  кардан оқибати баде дорад. Яке аз неъматҳои Худованд баъд аз имон ин тинҷиву амонӣ аст ва ба қадри неъматҳои Худованд расидан шукргузорӣ аз неъматҳои Худованд аст. Расули Худо (с) мефармоянд, беҳтарини неъмат баъд аз ислом амнияту тинҷистВоқеан, бубинем, тинҷиву амонӣ неъмати бузургест, ки  ҳазрати Иброҳим (а) махсус барои тинҷиву  амонӣ дуо  карданд  ва ин дуо ба Худованд хуш омад, ки  дар Қуръон дарҷ шудааст.

Ва агар бо диққати назар таваҷҷуҳ шавад, асос ва бунёди салоҳу фалоҳи инсон  бар ҳамин ду чиз аст, зеро агар мардум дар ҷои  сукунати хеш, аз хавф ва аз хатар ва ҳамлаи душманон эмин ва итминон надошта бошанд, пас ҳаёти ӯ на ба эътибори  дунявӣ метавонад  хушу гуворо  бошад ва на ба эътибори дин ва рӯҳоният ва ин зоҳир аст, ки мадори ҳамаи корҳо ва осоиши дунё бар амну итминон аст. Касе, ки дар муҳосираи душманон ва хатароти гуногун  ғарқ шуда бошад, пас бузургтарин неъматҳои дунявӣ монанди ғазо ва роҳатҳои сукунат, хонаҳо ва манзилҳои боҳашамат,  амвол ва сарвати хеле зиёд ҳама барояшон талх хоҳанд шуд. 

Ва аз назари умури дин ҳам инсон ҳар итоат ва ибодат ва амалкарди аҳкоми илоҳияро ҳангоме метавонад анҷом диҳад, ки ба оромиш ва итминон ноил гардад.

Бинобар ин, дар нахустин дуои ҳазрати Иброҳими Халил тамоми лавозими наҷоти инсонӣ аз қабили масъалаҳои зиндагӣ ва иқтисодии дунявӣ ва ухравӣ ҳама дохил шуданд. Бинобар ин, ба мо зарур аст, ба  қадри тинҷиву амнияту оромии мамлакат расида битавонем. Ва нагузорем, дар дохили мамлакатамон ҳар гурӯҳҳое, ки мехоҳанд ба ниятҳои ғаразноки худ давлатамонро нотинҷ гардонида, ба ҳадафҳои худ  бирасанд ва исломи азизро бадном кунанд.

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои  террористӣ ва ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. БахусусТоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамеша Пешвои миллати мо ва ҳукумати кишварамон андеша дошта, пешгирии ин зуҳуротро дар мадди аввал гузоштаанд.

Нозимҷон Тошпулотов,

ходими дин