ТУҲМАТУ БУҲТОН-ГУНОҲИ КАБИРА

Нашр шуд korbar - пт, 11/15/2019 - 09:52

Воқеаҳое, ки имрӯз дар олам рух медиҳад, ҳеҷ гоҳ аз назари аҳли ҷаҳон ниҳон намемонад. Зеро васоити ахбор, хоса шабакаҳои электронӣ ва интернетӣ давоми чанд лаҳза онро ба ҷаҳон паҳн мекунад. Ба қавле ҳам амали савоб ва ҳам амали бад дер ё зуд ошкор мешавад ва бадбахтона гоҳо дурӯғ ҷои рост ва фитна ҷои ҳақиқатро мегирад.
Зеро имрӯз шахс вақте ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ назар мекунад, ба ду ҷанбаи ҳаёт рӯ ба рӯ мешавад, яке корҳои хайру савоб, ободӣ, меҳру муҳаббат ва дигаре бадгумонӣ, дурӯғу буҳтон мебошад.
Бадии кор дар ин аст, ки инсонҳои касиф ва нокас, ки дар дил буғзу адоват доранд, ё ягон нияти баде доранд, ки амалӣ шуданӣ он ба фоидаи кисаи онҳо аст,  аз ягон кори бад намегарданд, аз ҳар ҳодиса мувофиқи хоҳиши худ ва атрофиёнашон хулоса бароварда ҳарзагӯӣ мекунанд, қалам ба даст гирифта, ба буҳтонҳои беасос даст  мезананд.
Кас ба ҳайрат меафтад, ки ин гуна инсонҳо на аз Худо метарсанду на ба садои виҷдонашон гӯш мекунанд.
Аз ҷумла, яке аз хоинони миллат бо номи Муҳаммадиқбол дар атрофи ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи сарҳадии "Султонобод" дар шабакаи иҷтимоӣ туҳмату буҳтонҳои зиёдро нашр кардааст.
Аз навиштаҷоти ин фарди  бетамиз маълум мешавад, ки ӯ ҳеҷ вақт намехоҳад, ки Ватани азизи мо Тоҷикистон обод ва ором бошад, бешармона дар ҳаққи  сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  ва сарҳади Тоҷикистон тӯҳмату буҳтон изҳор намуда чунин мегӯяд :ДИИШ бо мақомоти марбути Тоҷикистон дар иртибот мебошад. Вагарна мегӯяд ӯ ДИИШ маълумоти кушташудагонро аз куҷо гирифт?  Ин хулосабарории бемантиқ ва суолгузории аблаҳона танҳо барои нӯл задани мардум аст ва бадбахтона, гоҳо гурӯҳе ба он бовар ҳам мекунанд. Вале барои ақли солим мусаллам аст, ки  ДИИШ душмани миллат ва давлатдории мо аст, сохторҳои қудратии Тоҷикистон бар зидди экстремизм ва терроризм шабу рӯз мубориза мебаранд ва ДИИШ натанҳо душмани миллати мо, балки тамоми олами тамаддун аст.
     Муҳаммадиқбол, ки садқаи ин гуна номи хуб шавӣ  пешравии ин кори хайр ба ту намефорад, аз ДИИШ  ва ту баринҳо мардуми Тоҷикистон ва сохторҳои марбута безоранд, оё ту фикр намекунӣ, ки имрӯз дар ҷаҳон дар як дақиқа садҳо хабар паҳн мегардад,он хабаре, ки ДИИШ паҳн кардааст, аз ахбори умум гирифта аст, ту ва ту баринҳо суоли аҳмақона дода мардуми оддиро гумроҳ ва дар шакку шубҳа меандозед ва дониставу нодониста туҳмату буҳтон мекунед.
Оё ту намедонӣ ки  тӯҳмат гуноҳи кабира мебошад ва туҳматчӣ ба азоби ҳарду ҷаҳон гирифтор мешавад.
     Имони ман колмил аст, ки мардум ба ин гуна ҳарфҳо бовар надоранд ва тӯҳмтау бӯҳтони ту барин сагҳо, ки душманиву бадхоҳии ту нисбати миллати мо аз душмании ДИИШ кам нест, ба сари худи ту бадбахтии ду оламро  хоҳад овард.
Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

сархатиби вилояти суғд