ЧОҲ МАКАН, КИ ХУД АФТӢ...

Нашр шуд korbar - вт, 11/19/2019 - 13:17

Аз гирдиҳамоиҳои бузурге, ки ахиран дар Эрон ба вуқуъ пайваст, чунин бардошт ҳосил мешавад, ки маҳз дастгириву пуштибонии ташкилотҳои экстремистию террористӣ аз ҷониби ин кишвар боиси коҳиш ёфтани вазъи иҷтимоӣ гардидааст. Мутаассифона, ҳарчанд ин кишвар унҷони “Ҷумҳурии ислоӣ”-ро дорад, аз пуштибонии молии гурӯҳҳои ифротӣ даст намебардорад. Амале, ки дар шариати исломӣ мамнуъ дониста мешавад. Чунончи Худованд дар Қуръон мефармояд: ( ولا تفسدوافی الارض ) яъне:Дар замин фасодкорӣ накунед.
Имруз олами ислом ноором, тамоми зарару зиёну  озорро мардуми мусалмон дида истодаанду халос. Аз чунин шеваи муносибату сиёсати иддае аз кишварҳои бармеояд, ки  онҳо хидмат ба ислом не, балки  алайхи ислом амал карда истодаанд.

Беҳуда бузургони мо нагуфтаанд, ки “Бад макун, ки бад афтӣ, чоҳ макан, ки худ афтӣ”.

И.Насруллоев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Ҳабибуллоҳи Муштарии ш.Истарвшан