ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ...

Нашр шуд korbar - ср, 11/20/2019 - 13:30

“Яке аз хатарҳое, ки имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мукунад, зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ мебошад” (Паёми Пешвои миллат. 2018)

Пешвои миллати бузурги тоҷик дар ҳама баромадҳояшон, чи дар хориҷ ва ё дохили кишвар доим аз зуҳури номатлуби ҳизбу ҳаракатҳои характери террористиву экстремистидошта ёдрас шуда, барои пешгирии онҳо пешниҳодҳои ҷолибе низ арза кардаанд.

        Мутаасифона, ин вабои аср якчанд рӯз пеш бори дигар дигар аз вуруд шуданаш бар Ватани мо дарак дод. Ҳуҷуми ноҷавонмардонае, ки дар дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-и ноҳияи Рудакӣ ба вуқуъ пайваст, хабардор месозад, ки душманони миллати тоҷик мехоҳанд, ки ин миллатро ба монанди солҳои навадум ба бесару сомониву ҷангу ҷидол кашанд.

       Дар натиҷаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи онҳо муҳофизоне шаҳид гаштаву Ватани азиз дифоъ гашт ва бо кӯшишҳои ниҳодҳои қудратӣ тамоми он хоинон куштаву чанде дигараш боздошт шуд. Он нафароне, ки барои дифои Ватан кушта шуданд, шаҳид гаштаву ҷойгоҳи олӣ назди Худову миллат гирифтанд, зеро барои дифои номусу миллат ҷони худро дареғ надоштанд.

       Бо гузашти ду рӯз аз ин фоҷиаи хунин гурӯҳи ба ном ДОИШ эълон дошт,ки ҳамла кори ӯсту бар уҳдаи худ гирифт.

      Вале як гурӯҳи кучаки хоини ин ватан ва баъзе расонаҳои манфиатҷӯ ин ҳодисаро гӯё ба таҳлил кашида, фикру андешаҳои муғризона ва душманонаашонро паҳн менамоянд  ва мехоҳанд мардумро гумроҳ намоянд. Аз гуфтаҳои бемағзи онҳо бар меояд, ки онҳо низ пушти ин ҷинояти ДОИШ-анд. Вақте ки ин ҳамлаи хоинона суде надод, акнун девонавор дарҳои сайтҳои интернетиро мезананду вой –вой гиря мекунанд. Ба онҳо гуфтаниям, ки мардум дигар медонад, ки чи сиёҳу чи сафед аст...

    Имруз Ватани азиз ободу нумуъ дорад, ин сарсабзиҳо ба монманди хор дар чашмҳои шумо душманони миллат мехаладу аз ин дард девонавор Ҳукумату Ватан,  ҳатто падару аҷдодони худро барои манофеи хоҷагони хориҷиатон ба як пайсаи пуч мефурӯшед.

     Аз ҳамватанон хоҳиш менамоям, ки ба иғвои ин гурӯҳи хоин дода нашаванд, он чизе ки онҳо дар расонаҳои интернетӣ нашр менамоянд, дурӯғу буҳтон аст.

Ба итминони комил ба душманони ин хоки муқаддас, яъне Тоҷикистони азиз гуфтаниям: Эй нохалафон, ин Ватан нуҳ миллион фарзанд ва Пешвои оқилу хирадманд дорад, баҳри номуси ватандорӣ ҷони худро фидо мекунанду Ватанро зинда медоранд.

Ҳар ки ба ин хоки муқаддас хиёнат мекунад, ба қавли шоир “Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад”.

ПАРВИЗҶОН ҲОҶИЗОДА,

сархатиби н.Айнӣ