ХУДКАРДАРО ДАВО НЕСТ!

Нашр шуд korbar - чт, 11/21/2019 - 13:36

Дар ин шабу рӯз тамоми мардуми олам, чӣ олиму чӣ ҷоҳил, чӣ фарҳангиву чӣ бефарҳанг, чӣ диндору чӣ бедин аз ҳаводиси рухдодаи ҶИЭ сухан мегӯянд. Ҳар кадоме ба андозаи фаҳмиши худ қазоват мекунад, ки вақте кас мешунавад, хеле диққатҷалбкунанда аст. 

Дар шароити феълӣ ҳар воқеа ва фоҷиа дар кадом гӯшаи кураи хокӣ сар назанад, бо пешрафти технологияи имрӯза дастраси ҳамагон мегардад. Оммаи мардум як андеша доранд, ҳар кишваре, ки дастандаркоронаш ба хотири манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ вақте ки миллати худро бо тиру туфанг истиқбол мекунанд, ҳоҷат ба қазоват надорад.

Режими охундии Эрон аз оғоз то имрӯз мардумашро ҷонбезор кардааст. Ин пӯшида нест. Ҳамагон медонанд, ки дар ҳафтаи гузашта баъди тазоҳуроти мардуми ҳақталаби Эрон аз ҷониби низоми қудратиаш ба чӣ кор даст зада шуд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ғазаб овард. Дар гузашта ин режим ба корҳои дохилии кишвари азизи мо Тоҷикистон дахолат карда буд, ки бо санаду далел исбот шудааст. Акнун охундҳо бояд хуб дарк кунанд, ки бенизомию ҷангандозӣ барои худашон чӣ манфиат дорад, худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ.

Тамоми аҳли сиёсат медонанд, ки охундҳои эронӣ дар Лубнону Ироқ ё дар маҷмӯъ дар ҳар кишвари мусулмоннишин фитна эҷод мекунанд. Ин ба ҳамон масали машҳур мемонад, ки гуфтаанд: Чоҳкан зери чоҳ.

Абдулҳаким Қосимов,

ходими дин