ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР. ҚАҲРАМОНЕ, КИ ДАР ТАҚДИРИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК НАҚШИ МОНДАГОР ДОРАД

Нашр шуд korbar - чт, 11/28/2019 - 11:58

Таърихи мавҷудияти халқи тоҷик дар баробари дигар қавму миллатҳои гуногуни олам ба кору пайкори шахсиятҳое пайвастагӣ дорад, ки бо иродати сиёсӣ, фазилати маънавию ахлоқӣ ва сарсупурдагии тамом дар роҳи расидан ба ормонҳои мардумиву давлатдории миллӣ хидматҳои бедареғу мондагор анҷом додаанд. Аз замони бостон то даврони асри пуртӯфони бистум метавон аз фарзонагоне ёдовар шуд, ки дар эҳёи давлатдорӣ ва тарҳи сарнавишти ояндаи халқи тоҷик бо корнамоиҳои беназирашон вориди таърих шудаанд.

Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи родмардони оянданигаре буд, цсолҳои 20 - уми асри гузашта дар баробари дигар парчамбардони миллати тоҷик ба майдони муборизаҳои тезутунди идеологӣ омад. Ин арбоби сиёсиву давлатӣ бо ҳамсафони худ ба дунболи ин ҳадаф буданд, ки кишвари тоҷиконро то ба мақоми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон расонанд. Нухбагони тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Файзулло Хоҷаев ва дигарон дар ҳамоҳангӣ ва ба харҷ додани талошҳои зиёд ба ин ҳадафи олӣ даст ёфтанд. Ин дар ҳолест, ки он замон барои муайян намудани тақдири таърихии халқи тоҷик баҳсҳои зиёде дар миён буд ва бархе бадхоҳони миллат зери таъсири ҳаводорони пантуркизм таърихи мав-ҷудияти миллати тоҷикро ҳадафмандона инкор менамуданд.
Ин воқеаҳои таърихиву замониро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷум- ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ ёдовар шуда, иброз доштанд: «Дар чунин даврони пуртазод сиёсатмадори фидоӣ Шириншоҳ Шоҳтемур барои дифои манфиатҳои миллии мардум иқдоми ҷавонмардонаро анҷом додааст. Маҳз ӯ ва ҳамсафонаш бар зидди ин ақидаҳои иғвогарона баромада, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ далерона ҳимоя кардаанд».
Ба таъкиди донишманди тоҷик Сироҷиддини Эмомалӣ: «Маҳз ҳамин хидмати мондагори Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар меҳанпарастони замон буд, ки баъди тақрибан 70 сол бо фароҳам омадани шароити мусоиди таърихӣ миллати тоҷик ба истиқлоли комили сиёсӣ муваффақ шуд ва ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти сиёсии комилҳуқуқи байналмилалӣ таъсис ёфт».
Тавре аз таърих медонем, Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун фарзанди бедордили миллат дар баробари масъулиятҳои ҳизбию давлатӣ ба ташкил ва нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Овози тоҷик» ва нашри китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ хизмати шоиста кардааст. Дар ин робита, Қурбон Аламшоев, рӯзноманигор ва муҳаққиқи тоҷик, дар матлабе зикр мекунад, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун идеолог тавонист, масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. «Ӯ Ҳасан Ирфонро  масъули рӯзнома таъйин кард. Устод Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад, А. Муҳиддинов, С. Ализода, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторӣ, М. Хуҷандӣ, А. Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи тоҷикнишин ҳамкорони фаъоли «Овози тоҷик» буданд. Оғози нашри ин рӯзнома, дар  замоне ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард…».
Фаъолиятҳои ҳизбию давлатии Шириншоҳ Шоҳтемур аз соли 1920 оғоз гардида, дар вазифаи котиби масъули Кумитаи ҳизбии вилоятии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, котиби дуюми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон кор кардааст.
Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1899 дар деҳаи Поршневи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шуда, соли 1937 ба қатл мерасад. Дар зарфи умри кӯтоҳ, вале пурбаракати худ тавонист, ки дар таърихи халқи тоҷик саҳифаҳои дурахшонеро сабт намояд. Аз ин рӯ, дар замони Истиқлолияти давлатӣ хизматҳои мондагори ин фарзанди ҷонфидои миллат қадр гардида, соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Фирӯз РАҲМОНИЁН