РАМЗИ САДОҚАТ

Нашр шуд korbar - пн, 11/25/2019 - 13:41

Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бисту чоруми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки он боиси ифтихори ҳар як фарди соҳибватан мебошад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи дарки муҳаббату садоқати ҳар яки мо ба давлатдории миллӣ аст ва мардуми сарбаланду меҳнатқарини диёр зери ливои муқаддаси давлати худ дар тамоми ҷодаҳои хоҷагии халқ шарафмандона фаъолият менамоянд.  
Дарвоқеъ, мувофиқи маълумоти дақиқи сарчашмаҳои таърихӣ қавмҳои ориёӣ аз давраҳои қадимтарин ба парчам эътиқоди бузург  доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ, аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлату давлатдориро инъикос намудаанд. Дар парчамҳои аввалини бани башар тасвирҳои ҳайвону парандагон, аз қабили шер, аждаҳо, уқоб, мор ва ғайра мунъакис мегардиданд, ки рамзҳои гуногунро ифодагар буданд ва онҳо дар давраҳои қадим бештар бо амалиёти ҷангӣ пайвастагӣ доштанд. Дар парчами Куруши Кабир уқоб акс ёфта будааст, ки он қудрату тавоноии давлатро маънидод менамуд. Ҳамчунин, парчами Коваи оҳангар, ки аз пешдомани чармин бо 4 ситораи тилло, сангҳои қиматбаҳо, лентаҳои ороишии сурху зарду бунафш ороста шуда, Дирафши Коваёнӣ ном дошт, нишонаи ҷоннисориҳои аҷдодони сарбаланду меҳанпарасти гузаштаи мо мебошад. Парчами мо реша дар таърихи куҳани миллӣ дошта, мувофиқи далели сарчашмаҳои муътамади илмию таърихӣ, аз ҷумла китобҳои қадимии «Авесто» ва «Таърихи Табарӣ», умри пурбаракату пандомӯзи он ба 7000 сол мерасад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодию истиқлолият шинохта мешавад. Мувофиқи маълумоти таърихнигорон Дирафши Коваёнӣ муддатҳои тӯлоние барои халқи сарбаланди мо мояи ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст. 
Лозим ба ёдоварист, ки дар солҳои аввалини мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ давлати Тоҷикистон яке аз давлатҳои таркиби он буда,  дар соли 1924 парчами он сурхи якранг буд. Дар канори чапи он акси досу болға, ситора,  пахта  ва навиштаҷоти бо хати форсӣ - «Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!» - ҷой дода шуда буд. Дар соли 1953 Парчами Тоҷикистон  дигаргун гардида, сохтораш қисман содатар гардид, яъне аз боло ба поён ранги сурх,  дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷойгир шуда буданд. Чунин тарҳи Парчами Тоҷикистони шӯравӣ то соли 1991 мавҷуд буд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 - уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида  шуда, рахи боло ранги сурх дорад ва паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ  яку ним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга ва дар рӯйи рахи сафед, дар мобайни парчам бо зарҳал  расми тоҷи тансиқшуда, ба болои он ҳафт  ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Дар Парчами Ватани маҳбуби мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси мо таҷассум гардидааст. Рангҳои Парчами давлатӣ ифодагари роҳи таърихии тайнамуда ва арзишҳои маданӣ, маърифатӣ ва фарҳангии миллии тоҷикон мебошанд. Ранги сурх- рамзи муборизаву ҷоннисории халқи тоҷик барои озодӣ ва Истиқлолияти миллӣ дар давоми ҳазорсолаҳо, ранги сафед - бахту саодат, покиву покизагӣ, умеду орзу ба ояндаи дурахшон ва ранги сабз нишони сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландию хуррамӣ мебошанд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, бо дидани он ифтихори ватандорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаю фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад. Парчами давлатии  Тоҷикистон пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳидро  оро дода, диёри моро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва  ягонаю ҳуқуқбунёд муаррифӣ менамояд. Дар назди Парчами давлатӣ аз кормандони сатҳи олӣ то сарбози қаторӣ рост истода, нисбат ба халқу Ватан савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ба ифтихори пирӯзии фарзандони сарсупурдаю шуҷои миллат дар майдонҳои илмӣ, техникӣ,  варзишӣ ва ғайра бардошта шуда, дар партави он Суруди миллӣ садо медиҳад. Парчами давлатии  Тоҷикистон пешгоҳи биноҳои мақомоти давлатиро зинат мебахшад.
Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ватани маҳбубамон мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15 - умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2009 ҳамасола 24 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад ва ин маъракаи муҳими сиёсӣ имрӯзҳо ба як ҷашни бошукӯҳи изҳори муҳаббату садоқат ба Ватан ва тантанаи адолату садоқат мубаддал гардидааст.                      

Муҳаммадвалӣ ШАҲИДУЛЛОЗОДА