ҒОЯҲОИ БЕГОНА БОЯД ТАҲМИЛ НАШАВАНД

Нашр шуд korbar - вт, 12/03/2019 - 09:40

Имрӯз ҷомеа бештар аз пештар сари андеша бар умқи маънии миллат ва ҳувияти миллӣ задаасту заминаҳои пурвусъате дар ташаккулу такомули фарҳангӣ ва асолати миллӣ рӯи кор меояд.

Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар шинохти шахсиятҳои бузурги таърихи мардуми тоҷик, бозгӯи хидматҳои онҳо дар назди халқу Меҳан, нишон додани мақому манзалаташон дар таърихи тамаддуни олам қадами устувор мегузоранд.  Дар радифи фарзандони баруманд ва номвари тоҷик чун намояндаи маъруфи илму дин, фарзанди фозилу донои тоҷик Имом Абуҳанифа (р) дар рушду такомули ҳувияти миллии тоҷикон нақши босазое гузоштааст. Ба пешрафту тараққиёти замона мутобиқ ва ҳамоҳанг сохтани шуури аъзои ҷомеа, истифодаи огоҳона ва дурусти арзишҳои милливу динӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум, аз олоишҳои ифротгароӣ, таассубиву хурофотӣ пок сохтани онҳо ва доғдор нагардондани дини мубини ислом талаботи рӯз мебошад.
Солҳои охир аз ҷониби доираҳои муайян ба хотири паст задани нуфузи дини ислом, амалӣ кардани мақсадҳои нопок ва тафриқаву низоъ ангехтан байни сокинони халқу миллатҳои гуногун ғояи бархӯрди тамаддунҳо ва динҳо тарҳрезӣ шудааст ва доираҳои мазкур мунтазам истилоҳи “терроризми исломӣ”- ро талқин месозанд.  Таъкид бояд кард, ки ба ислом нисбат додани терроризм ақидаи ғалат ва ғаразнок аст. Баръакс, дини мубини ислом дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғанӣ гардондани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии на танҳо мусулмонон, балки аҳли башар метавонад нақши судманду муассир гузорад.
Ислом, инчунин, дар такя ба арзишҳои аслии худ, қудрати инсонӣ, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, озодии фикр ва даъват ба сулҳ, дурӣ ҷустан аз хушунат ва таҳаммулгароӣ метавонад ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат намояд.
Илму дониш омӯхтан, ба касбу кор ва меҳнати ҳалол машғул шудан дар аҳкоми шариат ва усули таълимоти исломӣ  аз фаризаҳо ба ҳисоб рафта, бо ибодат кардан баробар мебошад. Зеро меҳнати ҳалолу холисона дар роҳи Худо ибодати маҳз аст, ки ҷавҳари ахлоқии онро парҳезгорӣ ва ихлос ба арзишҳои динӣ ташкил медиҳад.
Худшиносӣ насли  наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардорони миллати хеш ба камол мерасонад.
Бинобар ин, зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.

З. ПӮЛОТОВА, устоди  ДДҲБСТ