САВДОГАРИ НОДИР...

Нашр шуд korbar - чт, 12/05/2019 - 10:59

Дар замони муосир, замоне, ки пешрафт ва тараққиёти илму техника ба авҷи аъло расида, дар заводу фабрикаҳо ба ҷои одам робот вазифаҳои гуногунро иҷро менамояд, тайёраву ҳавопаймоҳои бесарнишин идора карда мешавад ва идоракунии он дар замин бо дастони одам аст ва он ҳама маҳсули ақли инсон ба ҳисоб меравад ва намояндагони баъзе аз милаттҳо кайҳо ба кайҳон сафар намуда, моҳро тасхир намудаанд ва дар пешрафти тамоми соҳаҳои давлату миллати худ саҳмгузоранд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳҳои пешрафту тараққиёт ва барои некӯаҳволии мардуми худ қадам мезананд ва китобҳои дигар миллату қавмҳоро барои пешрафти миллати худ тарҷима ва дастраси омма мегардонанд ва дар омӯзиши пешрафту тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои дигар миллатҳоанд, то ба миллати худ онро расонанд ва барои ба ин ҳадафу мақсад расидан чӣ корҳоеро анҷом намедиҳанд, то дар тамаддуни миллати худ саҳмгузор бошанд, аммо афсӯс, сад афсӯсу афсӯсҳо, ки иддае аз ҳамин миллати сарбаланд, ки ба олам нобиғаҳои нотакрори худро додааст, боз нафароне ҳастанд, ки на фақат пешрафту муттаҳидиро намехоҳанд, балки дар киштани тухми адоват ва фитнаву роҳҳои нави он шабу рӯз дар ҷустуҷӯанд, ки ба он мисоли равшан Саидюнуси Истаравшаниву Муҳаммадиқболи Садриддин ва амсоли ӯ, ки худро ҳомии дин метарошанду ҳамеша бо забону қалами худ дар ҷомеаи ороми мамлакат мехоҳанд  халалу нофаҳмӣ ворид кунанд ва мардуму ҳукуматро зидди ҳам гузоранд.

Замоне, ки мардум худ Конститутсия, Президент ва дар хулоса роҳу равиши давлатдориву зиндагиашро тариқи интихобот ва райъпурсӣ интихоб кардааст ва дигар ба раҳнамоии аҷнабиён ҳоҷат намонда ва ин миллат худ таърихи ғанӣ дорад, обрӯву нуфуз дорад ва пешвову уламо дорад ва муҳтоҷи дигарон нест...

Саидюнуси Истаравшанӣ ватан, миллат ва мазҳаби худро фурӯхт, мазҳаби шиъаро қабул кард ва имрӯзҳо моли навро барои савдо меҷӯяд, лек дар захира ҳеҷ чизе намонда, кайҳо номус ба маблағи арзон ба фурӯш рафта, на ватан мондаву на миллату на мазҳаб, аҷоиб савдогари нодир. Пас бо гузашти вақт мебинем, ки даст ба савдои чӣ мезада бошад...

Нурулло Ҳидоятов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари ш. Конибодом