БОЗ ЯК ФИТНАИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - вт, 12/03/2019 - 11:11

  Ба ҳамагон маълум аст, ки дини мубини Ислом таърихи зиёда аз 1400 сола дорад. Ҳамчунин таърихи фитна низ аз замони Одам алайҳиссалом сар шуда ва то имрӯз давом ёфта истодааст. Дар таърихи Ислом фитнаҳои зиёде ба вуқуъ пайвастааст, ки сабаби азҳампошӣ ва душманӣ байни мусалмонон гаштааст. Дар замони мо низ фитнаҳо хело зиёд аст. Дар Тоҷикистони мо шукри Худо таи чанд сол мешавад, ки сулҳу оромӣ ҳукмфармост ва ҳама самтҳои зиндагии мардум рӯз аз рӯз ба сӯи беҳбудӣ дар ҳаракат аст.                                    

   ШукриХудованд, ки дар ин даврони Истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбудии мардум бисёр корҳоеро ба анҷом расонид ва дар арсаи байналмилалӣ ба комёбиҳои зиёд ноил гашт. Муҳимтарин дастоварди даврони истиқлолият ин сулҳу оромиш аст. Дар ҷомеае, ки сулҳу оромиш аст, иншоаллоҳ бо мурури замон ҳама чизҳо ба тартиб медароянд ва ҷои худро меёбанд.Чи хеле ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Дар ягон кишвар хайру барака ва пешрафту ободӣ намешавад, то он замоне, ки дар он ҷой тинҷию оромӣ ва сулҳу субот набошад».

   Аммо барои баъзе нафарон, ки худро равшанфикр муаррифӣ мекунанд, ҳомии ҳуқуқи инсон ва озодандеш фикр мекунанд, ин сулҳу оромиш маъқул нест ё барои пиёда намудани фикру ақидаашон фазои номувофиқ аст. Аз ҷумлаи ин ашхос Бурҳонов Юнус, мулаққаб ба Сайидюнуси Истаравшанӣ аст.

   Чанд соли пеш ӯ дар шабакаҳои интернетӣ барои иғво андохтан байни мардум ва онҳоро бар зидди Ҳукумат ошӯбонидан мақолаҳоеро сабт намуд ва ҳамчунин наворҳоеро пахш намуд. Имрӯз низ ӯ мехоҳад байни мардум тафриқа эҷод намояд ва ба ҳадафҳои нопоки худ бирасад. Дар ин мақолааш ӯ муллоҳоро зери интиқод гирифтааст, ки гӯё онҳо(дарборӣ) ҳастанд ва танҳо ончи ки аз “боло” ба онҳо гуфта мешавад, дар мавъизаҳояшон мегӯянд ва дар ҳама масҷидҳо ҳол чунин аст. Ҳоло он ки таҷрибаи пешниҳоди мавзӯи мавъизаҳо ба масоҷид қариб дар тамоми мамолики мусалмонӣ дида мешавад. Ин вазифаи имом аст, то донишу малакаи  худро истифода бурда мавъизаро барои мардум бифаҳмонад.

   Ин шахс бо сухандонии худ аз Қуръону суннат мисолҳо меорад, то мардум ба суханонаш бовар намоянд. Ин шеваи шиъиён аст, ки ҳақиқатро то он замоне, ки қудрат пайдо намоянд, пинҳон медоранд. Таърих гувоҳ аст ва аксари коршиносон ба он ақидаанд, ки сабабгори ҳамаи нооромиҳо дар ҷаҳони ислом ашхоси фитнаҷӯе мисли ӯву хоҷагони ҳомии терроризмаш мебошанд.

Ягона вазифаи мо шаҳрвандон ба ҳар гуна дасисаву фитна ва фиребу найрангҳои душманону хоинон дода нашудан ва пайваста саҳм гузоштан дар ободиву созандагӣ ва амнияти ин Ватани азизамон мебошад. Зиндагии моро ба ҷуз худи мо касе беҳтару хубтар ва осудаву хотирҷамътар намекунад.

  Ҳамчуноне, ки Парвардигори бузург дар яке аз оятҳои Қуръони маҷид мефармояд:

  «То он замоне, ки мардуми як кишвар кӯшишу ғайрат ва ҷидду ҷаҳд намуда қалбҳои худашонро ислоҳ накунанд ва нисбати ҳамдигар дӯстиву бародарӣ ва меҳру муҳаббату дилсӯзиро мустаҳкам накунанд, Худованд сарнавишт ва ҳолату гирифториҳои он қавму миллатро тағъир намедиҳад». (сураи Раъд-11).

Хусрав  Ҳомидов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи “Тақво”-и ш. Хуҷанд