ДАЛЕЛҲО ГУВОҲИ ВОҚЕИЯТАНД…

Нашр шуд korbar - вт, 12/03/2019 - 11:16

Дар мавриди  пуштибонии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз неруҳои тахрибкори ТЭТ ҲНИ борҳо шунида будам, аммо дар матлаби директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмилалии СММ муроҷиат намояд» далелҳое оварда шудаанд, ки касро дар ҳайрат мегузоранд. Кумакҳои ошкору ниҳони ҳукуматдорони эронӣ ба наҳзатиҳои Тоҷикистон, ҳатто баъди баста шудани ин ҳизб ва фирорӣ гардидани афроди он ба Аврупо то кунун идома мекардааст.

Ин вазъ моро ба хулосае меорад, ки барои ҷониби эронӣ ҳеҷ навъи муқаддасот дигар боқӣ намондааст, ба ҷуз ҳифзи манфиати мазҳабияшон ва Тоҷикистонро ба як навъ нусхаи давлатдориашон табдил додан. Муаллиф дурст зикр мекунад, ки бино ба воқеоти рӯзҳои ахир, ки дар Эрон тазоҳуроти бузурге аз ҷониби мардум шуд ва ҳукуматдорони эронӣ ин корро ба Амрико нисбат доданд ва мехоҳанд Амрикоро ҳатто ба суд диҳанд. Чаро Тоҷикистон ин гуна амалро нисбат ба Эрон, ки ТТЭ ҲНИ-ро дастгирӣ мекунад, маблағ медиҳад ва барои таъсиси гурӯҳҳои харобкор имконият фароҳам меорад, раво набинад ва Эронро ба суди байналмилалӣ надиҳад???

Бигзор Ҳукумати Тоҷикистон тамоми далелу асноди вобаста ба даст доштани Эронро ба корҳои дохилии Тоҷикистон ҷамъ намуда, ба суд диҳад, то ин ки минбаъд чунин иқдомоти зиёновари Эрон дар дигар минтақаҳо камтар шавад. Тоҷикистон давлати мустақил аст ва ҳеҷ давлати дигаре ҳақ надорад, ки ба корҳои он дахолат карда, сулҳу суботро барҳам занад.

Тоҷикистон як бор фоҷиаи мудҳиши ҷанги таҳмилиро аз сар гузаронд ва дигар набояд имкон дод, ки аз берун ягон неруе ба ин кишвари тинҷу ором дасти халал дароз намояд.

Абудулло Ҳасанов,

ходими дин