МОДАРИ ҚОТИЛ?

Нашр шуд korbar - пн, 12/02/2019 - 11:35

Дини мубини ислом дини муҳаббат, дӯстиву рафоқат, дини самимият мебошад, на дини қатлу куштору хунрезӣ.

Чӣ хеле ки Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, террорист дар асл миллат, мазҳаб ва дин надорад. Он шахсоне, ки аз номи дини мубини Ислом имрӯзҳо амалҳои террористиро анҷом медиҳанд, онҳо аз Ислом нестанд, зеро онҳо раҳму шафқат надоранд, аз номи Ислом мусулмононро ба қатл мерасонанд, бар кӯдакон раҳм надоранд.

Террорист душмани Худову Расул аст. Дар ин амали нангине, ки шашуми ноябри соли ҷорӣ ба анҷом расонида шуд, модаре, ки бояд фарзандашро тарбия намояд ба воя бирасонад, фарзанди ягонаи шахси дигарро ба қатл мерасонад, фарзанде ки чунин модаронро дар ҷойи муҳофизат буд, ақли инсон қобили қабул надорад, ки модар қотил бошад. Он сарбоз низ фарзанди падару модаре буд ва барои муҳофизати Ватани худ, барои ҳимояи халқи худ истода буд, ки ин худ ибодат аст.

Худованд дар сураи Нисо ояти 93 мефармояд: «Ва ҳар кас мӯъминеро аз рӯи қасд ба қатл расонад, ҷазояш дӯзах аст, дар он ҷовидона мемонад, ва Худованд бар ӯ ғазаб мекунад, ва ӯро аз раҳматаш дур месозад ва азоби бузурге барои ӯ омода сохтааст».

Пас барои чунин қотилон ин сухани Худованд басанда аст.

М. Муҳамадхоҷаев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Имоми Аъзам»-и ҷҲ.Усмон, н.Б.Ғафуров