СОЛИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАШНИ ДИНӢ НЕСТ!

Нашр шуд korbar - вт, 12/24/2019 - 09:00

Соли нав дар кишвари мо ба сифати як ҷашни тақвимӣ таҷлил мешавад. Яъне, дар радифи дигар иду ҷашну масроим аз Соли нав ҳам истиқбол мекунем.

Мутаассифона, ҳастанд гурӯҳу афроде, ки аз таҷлили соли нав ҳангомаҷӯӣ карда, бо ҳар баҳонае мехоҳанд, ба эҳсоси диниву мазҳабии мардум нохун зананд. Аммо воқеият ин аст, ки дар ҷомеаи мо Соли нав ҳамчун ҷашни диниву мазҳабӣ пазируфта нашуда, балки он як ҷашни тақвимӣ ё ба истилоҳ ҳисоботист, ки аз бурду бохти як соли гузашта натиҷагирӣ ва барои як соли баъдӣ барномарезӣ сурат мегирад.

Далели воқеан ҷашни тақвимӣ будани Соли нав дар он аст, ки дар ҷомеаи мо ҳамдигарро бо ифодаи “Соли нав муборак” таҳният мегӯянд ва аслан таъбири “мелод муборак” ё ҳар ифодаи марбут ба мелоди Паёмбар Исо аслан дида намешавад. Гузашта аз ин, ба мақоми ваколатдор ҳам аз ҳеҷ гуна ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ барои баргузории ба истилоҳ ҷашни дине дар арафаи соли нав муроҷиат нашудааст.

Пас, додани ҳар гуна тобиши динӣ дар масъалаи таҷлили Соли нав дар Тоҷикистон ба манфиати кор набуда, баръакс, боиси ба миён омадани фитнаву ҳангомаҳо мегардад.

Бо дарназардошти ин, аз сокинони кишвар хоҳиш менамоем, ки ба чунин дасисаву ҳангмаҷӯӣ дода нашаванд.

Афшини Муқим,

котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон