АЗ МАСҶИДСОЗӢ БА МАКТАБСОЗӢ ГУЗАРЕМ. БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - пт, 12/27/2019 - 11:01

Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ падидаи хушу фараҳбахшест, ки тамоми қишрҳои ҷомеа ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, аз пайи иҷрои нуктаҳои раҳнамояш мешаванд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат низ чун солҳои қаблӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муайян гардида, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва пешбурди судманди сиёсати хориҷӣ вазифаву барномаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Мардуми тоҷик хуб медонанд, ки воқеан ҳам дар меҳвари сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо маҳз масъалаи инсон, боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон, аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоӣ, ҳифз, тақвият ва истифодаи самараноки неруи инсонӣ ва мусоидат ба камолоти ҳамаҷонибаи ҳар фарди Ватан қарор дорад ва барои расидан ба ин аҳдоф тамоми иқдомоти лозим аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешида мешавад. Ҳар як нуктаи Паёми имсола низ ба  таъмини зиндагии боз ҳам беҳтару шоистатар барои халқи тоҷик нигаронида шуда, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки мақсади асосии Пешвои миллат таъмини зиндагии арзандаю шоиста барои мо - мардуми Тоҷикистон ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии ҷомеа буду ҳаст.

Он гуна, ки Президенти муҳтарами кишвар дар Паёми хеш таъкид доштанд, дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфтааст. Танҳо зикри ҳамин нукта кофист, то ба мо эътимод бахшад, ки зиндагии халқамон ҳамасола беҳтару хубтар мегардад

Аммо, дар ин баробар, таъкид бояд намуд, ки танҳо он ҷомеае ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад, ки ба тарбияи насли навраси хеш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми хеш дар баробари зикри масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус карда, таъкид доштанд,  ки “Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд”.

Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид аз нуктае ёдовар шуданд, ки воқеан ҳар яки моро ба андеша кардан водор месозад. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки  “Мардуми мамлакат барои иҷрои ниёзҳои динии худ дар як муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 5 ҳазор масҷид бунёд карданд. Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем”.

Ҳамагон медонанд, ки баъди дарёфти истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озодиҳои эътиқодӣ нисбатан бештар шуда, таваҷҷуҳ ба фарҳанги динӣ афзун гардид. Давлат бисёр монеаҳоеро, ки дар ин роҳ ба вуҷуд омада буд, аз байн бурд. Қабул гардидани Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба озодию эътиқоди динии мардум, рушди маърифату фарҳанги исломӣ ва таълими динӣ шароит фароҳам оварда, фаъолияти динҳоро дар ҷумҳурӣ ба танзим даровард. Фаъолияти муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо вусъати нав пайдо карда, миқдори онҳо хеле зиёд ва теъдоди умумияшон ба беш аз 5000 адад расид.

Албатта, ин нишонаи ободии диёр ва осудагии некуаҳволии мардуми мост, аммо дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки ба қавли Сарвари хирадмандамон ғами фарзандонамонро ҳам бояд хӯрем”.

Зеро фарзандони мо пеш аз ба масҷид рафтан бояд дар боғчаву кӯдакистонҳо тарбият бинанд, дар мактабҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон тарбият ёбанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ донишу малакаи худро сайқал диҳанд ва соҳибилму соҳибкасб гардида, барои таъмини зиндагии худ, нафъ расонидан ба ҷомеа ва саҳм гузоштан дар пешрафти кишвар омода шаванд.

Таълимоти ислом ҳам мо мусулмононро ҳамеша ба омӯхтани илму дониш мехонад ва ҳадиси “аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ ҳам ба ҳамин манзур аст.

Пайғамбари акрам дар ҳадиси дигар мефармоянд, ки “фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шавад”. Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки беҳтарин сармояи мо ҳамонест, ки дар роҳи илмомӯзии фарзандонамон сарф менамоем.

 Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар соли 2019 дар кишварамон ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст,  ки аз ин шумора 32 муассиса аз ҷониби соҳибкорон бунёд гардидааст.

Ман бовар дорам, ки имсол ин шумора меафзояд ва соҳибкорони саховатманду ватандӯсти мо даъвати Сарвари давлатро бо хушнудӣ пазируфта, бо бунёди мактабҳои замонавӣ дар рушди Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Дар ин баробар, итминон дорам, ки ходимони дини кишвар ҳам дар мавъизаҳои хеш ба сокинон гӯшзад мекунанд, ки аз сафарҳои такрорӣ ба хонаи Худо, оростани маъракаҳои пурдабдаба, ки барои худнамоӣ анҷом дода мешавад, ҳиссагузорӣ дар сохтани мактабҳо барои насли ояндасози кишвар ҳазорон маротиба савоби бештар дорад ва мақбули даргоҳи Ҳақ аст.    

Абдуғаффор Юсуфов,

сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон