СОҲИБКОРОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПАЙРАВӢ МЕКУНАНД. БАРДОШТ АЗ ПАЁМ

Нашр шуд korbar - вт, 12/31/2019 - 16:55

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷличи Олии кишвар муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ , шуруъ аз қисмати ҳаёти дохилӣ то муносибатҳои манфиатбори тарафайн бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки аз Паёми пешина то ин дам дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат корҳои шоёне ба сомон раосонида шудаанд, ки аз далериву ҷонфидоӣ ва худшиносиву ифтихори ватандорон қисса мекунад.

Яке аз мавзӯъҳои бисёр муҳими Паём саҳмгузории фарзандони банангу номуси кишвар дар рушди бахшҳои мухталифи ҳаёти халқ буд ва Сарвари давлат ба ин нукта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Аз ҷумла зикр шуд, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шудааст. Ҳамчунин танҳо дар як соли гузашта  32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд ёфт ва бо саъю кӯшиши онҳо зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст.

Сари ҳамин масъала андеша карда, кас ба чунин хулоса меояд, ки соҳибкорону афроди саховатпешаи кишвар аз самими дил ба фаъолияти созандаи Пешвои муаззами хеш ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат бовар доранд.  

Зеро таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки соҳибкорон танҳо дар он сурате ба саҳмгузорӣ дар рушди кишвар таваҷҷуҳ мекунанд, ки ба Сарвари давлати хеш эътимоди комил дошта, фаъолиятҳои созандаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, аз имтиёзҳои лозима бархӯрдор бошанд ва итминон ҳосил кунанд, ки тамоми иқдомоти Роҳбари кишварашон ба нафъи худи онҳо ва мардуми кишвар аст.

Хидматҳову ҷонфидоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат ҷиҳати аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун овардани Тоҷикистон, истиқрори сулҳ, таъмини якпорчагӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва заминаи мусоид фароҳам овардан ба рушди кулли бахшҳои ҳаётан муҳим воқеан эътимоду бовари тамоми қишрҳои ҷомеаро ба Пешвои хирадманди хеш рӯзафзун гардонида, эҳсоси ватандориро дар қалби ҳар сокини мамлакат бедор кардааст.

Пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллатро имрӯз мардуми тоҷик расми ватандорӣ медонанд, балки барои худ ифтихор мешуморанд. Аз ин рӯ, бо дили гарм саҳмгузории соҳибкорону тоҷирон ба пешрафти кишвар низ яке аз муваффақиятҳои сиёсати дохилии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон астБа фарзи мисол, агар гузашти вақт дурусту дурандешона будани сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати моро  нишон намедод, қишрҳои ҷомеа ба ҳеҷ ваҷҳ ин гуна дар атрофи Пешвои хеш сарҷамъ намеомаданд.

Пешвои миллат дар Паёми хеш аз ҷумла аз як марди саховатпешаи Ватан ёдовар шуда гуфтанд: Масалан, Бобоҷонов Муҳиб — сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд”.

Танҳо ҳамин мисол кофист, ки соҳибкорони кишвар ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат эътимод доранд, ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллатро эътироф менамоянд ва талош доранд, то дар роҳи ободсозиву гулгулшукуфии Ватан пайрави арзандаи Пешвои миллат бошанд.

Зеро онҳо медонанд, ки маҳз роҳандозии сиёсати оқилона, иқдомоти пешгирифтаи Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, имтиёзҳои барои пешрафти тиҷорату соҳибкорӣ муайянгардида ва фароҳамсозии шароити мусоиди кору сармоягузорӣ дар кишвар, ки ҳама самараи хираду дурандешии Пешвои муаззами миллат аст, ба равнақи тиҷорату фаъолияташон замина фароҳам овардааст.

Аз ин нигоҳ, саҳмгузории соҳибкорону афроди саховатпеша дар пешрафту ободонии кишвар, бешак, нишони арҷгузории ҷомеа ба Сарвари давлати хеш аст.

Пешвои миллат дар Паёми хеш бо изҳори сипос ба мардуми кишвар, ки ҳама ҷонибдори сиёсати дурандешонаашон ҳастанд, аз ҷумла, гуфтанд: Ман аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям”.

Бовар дорем, ки тамоми соҳибкорону тоҷирони Ватани маҳбуб дар ду соли оянда, ки марҳилаи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллӣ -30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, барои вусъати корҳои ободиву созандагӣ дар кишвар саҳми аз ин ҳам бештар мегузоранд ва барои сазовор будан ба номи баланди “Пайрави Пешвои миллат” кӯшишу талоши афзунтар мекунанд

Зеро Паёми имсолаи Сарвари давлат дили ҳар сокини кишварро ба ободониву созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфии кишвар гармтар, азмашонро қавитар ва талошашонро рӯзафзун мегардонад.

Нуриддин Шарипов,

мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат