Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари дигар самтҳо ба масъалаи саноатикунонӣ, ки ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълом шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Аз ҷумла, Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад”.
Сарвари давлат ҳамзамон таъкид доштанд, ки мо ҳар кори хубу манфиатбахшро барои беҳдошти рӯзгори халқу пешрафти диёри худ мекунем. Бе бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар арзиши маҳсулотро арзон ва хазинаи мамлакатро ғанӣ гардонидан ғайриимкон аст.
Аз Паём бармеояд, ки дар соҳаи саноатикунонӣ низ кишвари мо ба дастовардҳои хубе ноил гардидаааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст.
Аммо он гуна, ки Пешвои миллат таъкид доштанд, нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бой ва имконятҳои васеъ барои ривоҷу равнақи саноати миллист ва Сарвари дурандеши кишвар ба ниҳодҳои масъул барои ҷоннок кардани корҳо ҷиҳати тавсеаи бахши саноат дар кишвар дастуру супоришҳои саривақтӣ доданд.
Яке аз роҳҳои самарбахши рушди соҳаи саноати миллӣ ҷалби сармояи хориҷист ва бояд гуфт, ки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.
Пешвои миллат ба ниҳодҳои масъул дастур доданд, ки “ҳамкориро бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо мақсади ҷалби сармояи мустақим барои ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, бахусус, дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ тақвият бахшанд”.
Ҳамчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод шуд, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо фазои мусоиде барои ҷалби саромягузорӣ фароҳам оварда шудааст ва ин имтиёз, бешубҳа, барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорон ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.
Иқдоми дигаре, ки барои тараққии соҳаи саноат таъсиргузор аст, дастгирии соҳибкорони ватанист. Ин нукта низ дар Паёми Сарвари давлат зикр гардид ва гуфта шуд, ба соҳибкороне, ки аз хориҷ дастгоҳҳои муосир ворид карда, дар бунёди корхонаҳои саноатӣ саҳми ватандӯстона мегузоранд, имтиёзҳо дода мешавад.
Афзалият додан ба рушди соҳибкорӣ ва тавсеаи саноати миллӣ воқеан мувофиқи матлаб буда, ба афзоиши ҳаҷми содирот, ғанӣ гардидани буҷаи кишвар, фаровон шудани маводи ниёзи мардум, равнақи самарабахши истифода аз обу замин фазои дилхоҳ фароҳам меорад.
Агар тамоми ниҳодҳои марбута, соҳибкорони ватандӯст ва дар маҷмӯъ, кулли сокинони кишвар барои амалӣ кардани нуктаҳо ва дастурҳои дар Паём ироашуда самимонаву содиқона камари ҳиммат бубанданд, бовар дорем, ки Тоҷикистони мо дар як даҳсолаи дигар ба кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи минтақа табдил мешавад. Зеро тамоми иқдомоти лозим барои саноатикунонии кишвар андешида шуда, аз Паём то Паём дар ин самт гомҳои устувор гузошта шудаанд.
Боборавшан Сайфиддинов,
сардори шӯъбаи молия ва хоҷагии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон