
Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш ҳамлаи террористии рӯзи шанбе дар пойтахти Сомалӣ – Могадишо рухдодаро қатъиян маҳкум кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар дод, дар ин бора котиби матбуоти СММ Стефан Дюжаррик дар изҳороти худ иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи мавсуф, А.Гутерреш зикр намуд, ки гунаҳгорони ин ҷинояти мудҳиш бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Дабири кулли СММ ҷонибдории пурраи созмони ҷаҳониро оид ба дастгирии мардум ва ҳукумати Сомалӣ бобати кӯшишҳои онҳо дар самти истиқрори сулҳ ва рушд тасдиқ намуд, гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар натиҷаи таркиши мошини минадор дар гузаргоҳи назоратии канораи Могадишо рӯзи шанбе 79 одам фавтида, 149 нафари дигар захмӣ гардиданд.