ДАР РУШДИ САЙЁҲӢ ҲАР ЯКИ МО БОЯД САҲМ ГУЗОРЕМ. БАРДОШТ АЗ ПАЁМ

Нашр шуд korbar - пт, 01/03/2020 - 13:33

         Дар Паёми имсолаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда муайян гардида, ҷиҳати пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти бахшҳои гунонгуни ҳаёти ҷомеа вазифаву барномаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

         Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дар баробари дигар масъалаҳо ба рушди соҳаи сайёҳӣ  ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида таъкид карда шуд, ки  ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор тадбирҳои судманд андешида шудаанд.

         Сарвари давлат иброз доштанд, ки “Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст”.

Воқеансайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки баъди  эълом шудани соли 2018 чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои тавсеаи ҳарчӣ бештари ин бахши муҳими иқтисоди кишвар як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд, ки бешак ба рушди ин соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда, дар нуҳ моҳи соли 2019 беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан карданд, ки нисбат ба соли пешин 20 фоиз зиёд мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон роҷеъ ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишвар дахл намуда, таъкид доштанд, ки “Зарур аст, ки дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад”.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Танҳо лозим аст, ки ҷаззобиятҳои гардишгарии кишвари худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоем.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш дастур доданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад. Ҳамчунин мупориш дода шуд, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад. Дар ин баробар, бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, ҷорӣ кардани раводиди бисёркаратаи сесола пешниҳод гардид.

 

 

Ҳамин тавр, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ  дар қатори дигар масъалаҳои муҳими замон ба масоили рушди минбаъдаи  сайёҳӣ-туристӣ дахл намудаанд,ки барҳақ  тақозои давру замон мебошад.

Зеро ҳоло дар дунё бисёр кишварҳое мисли Олмону Куриё, Шветсария ва Амрико аз ҳисоби  рушди сайёҳӣ солона  миллёнҳо  доллар  фоида мебинанд.

Аммо бояд мо соҳа сайёҳии худро дар бозори ҷаҳонии гардишгарӣ рақобатпазир гардонем ва он гуна, ки Сарвари давлат таъкид намуданд, барои ин зарур аст, ки  мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо пешниҳод менамоям, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад”.

Шак нест, ки дар солҳои наздик дар сурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти рушди туризм Тоҷикистони биҳиштосои мо ба мавзеи муҳими сайёҳии минтақа табдил меёбад. Ба ин раванд эъломи соли 2019-2021 чун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бешак  мусоидати муассир хоҳад намуд.

Бояд ҳар кадоми мо, новобаста аз самти фаъолият ва ҷойгоҳи иҷтимоии хеш барои пешбурди ин соҳаи барои иқтисоди кишварамон муҳим саҳмгузор бошем. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд:  “Бовар дорам, ки ба хотири рушди ин соҳаи муҳим тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ якҷо фаъолият намуда, ҷиҳати муаррифии арзандаи Тоҷикистони азиз талоши бештар мекунанд”.

 

Ҳасан Давлатов,

мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Ҳисор