ДИЛ ДАРУНИ СИНА БЕМОРОНАНД...

Нашр шуд korbar - вт, 01/07/2020 - 10:14

Агар аз майдони муҳориба яксӯтар гузашта бо чашмони ҳақбинона назар ба набарди иттилоотие, ки байни ду гурӯҳи мусаллаҳ, ки яке дӯстдорони ватананду дар даст силоҳи меҳрфишону пур аз муҳаббату дӯстдорӣ доранд, ки он дили поку беолоиш ва моломоли раҳмат асту саршор аз сидқу сафо ва дар роҳи гулгулшукуфии Ватан ва барои пешрафту тараққиёти он қадам мезананд ва дифоъ аз обрӯи миллат мекунанду ҷавононро ба роҳи росту дӯстдории Ватан раҳнамоӣ мекунанд ва аз тарафи дигар гурӯҳе, ки бо дурӯғу дурӯғгӯӣ, фитнаву фитнаандозӣ ва бо бадбиниву буғзу адоват мусаллаҳ гардидаанд ва мақсаду ҳадаф низ нопок аст ва он аз тафриқаву ҷудоиандозӣ байни ҷомеа иборат буда бо номи Паймони миллӣ бо роҳбарии М. Кабирӣ ва дигар пайравону ҳамақидаҳояш, ки пиёдакунандаи ҳадафу мақсадҳои мавлоҳои хориҷии худ ҳастанд, мушоҳида менамоем. Яке соҳибватан асту соҳибмиллат ва соҳибмазҳаб ва он дигари гурезаву беватан ва мазҳаби бобоии худро низ аз даст дода ва беҳтар мебуд бигӯем, ки ба ҳамаи ин муқаддасот хиёнат карда, номи хиёнаткору хиёнатпешаро гирифта ва имрӯз гарчӣ нафасҳои вазнин мекашад, вале бо тамоми қувва боз ҳам ба ҷои тавбаву надомат ва ислоҳи худу пайравони худ даст ба заҳролудкунии ақидаи ҷавонони миллат мезанад ва бо ҳар роҳу восита тухми фитнаро кишта истодааст, ки саранҷоми он фақат пушаймониву надомат ва дар хоки бегона бо машаққатҳои зиёд умр ба сар бурданаст. Чунин нафарон беморонеанд, ки муҳтоҷи табобатанд ва чашму гӯши дили онҳо ба табобати дуру дароз эҳтиёҷ дорад, аммо афсӯс аз ҷаҳолату аблаҳӣ чӣ тавр бояд раҳо шуд ва ё чигуна бояд табобат кард ва ё чӣ гуна аз ин мусибат наҷот ёфт? Ва ҷавоби ин саволро ба бузургони миллат во мегузорем, ки фармудаанд:

Эй бародар, гар ту ҳастӣ ҳақталаб,

Ҷуз ба фармони Худо макшой лаб.

Гар хабар дорӣ зи ҳайи Лоямут,

Бар даҳони худ бинеҳ муҳри сукут.

Эй писар, панду насиҳат гӯш кун,

Гар наҷоте боядат, хомӯш кун.

Ҳар киро гуфтор бисёраш бувад,

Дил даруни сина бемораш бувад.

Оқилонро пеша хомӯшӣ бувад,

Пешаи ҷоҳил фаромӯшӣ бувад.

Хомӯшӣ аз кизбу ғайбат воҷиб аст,

Аблаҳ он, ки ӯ ба гуфтан роғиб аст.

Эй бародар, ҷуз санои Ҳақ магӯ,

Қавли худро аз барои дақ магӯ...      (Фаридуддини Аттор)

Н. Ҳидоятов,

ходими дин