ПАЁМ ВА МАСЪАЛАИ РУШДИ ҶОМЕА

Нашр шуд korbar - вт, 01/07/2020 - 10:32

Соли сипаришуда, яъне 2019-ум 26-уми декабр барои мардуми Тоҷикистон санаи таърихи ва хотирмон буд. Чуноне, ки шумо огоҳи доред дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе дар толори калони  “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати  дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Аҷоиботи он рӯзи таърихӣ дар он буд, ки тамоми шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон дар ҳолати корӣ омода буданд, ҳамаи муассисаҳои таълимӣ корхонаҳо ҳамаи идораҳои  давлатӣ дар назди оинаи нилгун нишаста бо тамоми вуҷудашон ин Паёми Пешвои миллатро сидқан тамошо карданд. Дар ҳамон рӯз намозгузорони масҷиди ҷомеи “Мансурбой” ҳам дар канор набуданд, дар намози пешин ҳама соати 12-30 ҳозир мешуданд, аммо дар он рӯз соати 11-00 омада, зиёда аз 60 нафар Паёмро тамошо карданд. Суханронии сарвари  давлат ҳама пурмазмун буда, барои пешравии ҳамаи соҳаҳои халқ тааллуқ дошт, яке аз он суханҳояшон баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон, буд. Сарвари давлат барои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки дар оянда насли наврас дар он муассиса таълими илм, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки сатҳи таълиму тарбияи насли наврасро пурзӯр намуда, дар оянда кадрҳои баландихтисос тайёр намоянд. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо захираҳои оби ошомиданӣ яке аз бойтарин давлатҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳамаи шаҳрвандони ин диёр бояд шукронаи ин неъмати бузургро ба ҷо оранд ва онро сарфакорона истифода баранд. Зеро Худованд дар оятҳои муборакаш дар сураи Исро мефармояд “Исрофкунанда бародари шайтон аст”.

Умед дорем, ки бо саъю талоши фарзандони бонангу номуси Ватан кишвари мо дар наздиктарин фурсат ба яке аз давлатҳои аз ҳама лиҳоз пешрафта табдил гардида, сатҳи зиндагии мардум низ дар ин замина сол аз сол беҳтар хоҳад гашт.

А.Абдуваҳобов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи “Мансурбой”, ҷ.д.Унҷӣ, н.Б.Ғафуров