ТОҶИКИСТОН. ПЕШОҲАНГИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ

Нашр шуд korbar - пт, 01/10/2020 - 10:37

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади муҳим, муайянкунанда ва батанзимдарорандаи дурнамои рушди устувору бомароми сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат буда, муаррификунандаи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақшаи илман асоснокшудаи тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақсаду мароми давлату Ҳукумат, инчунин, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ  дар соли 2020 ва солҳои минбаъда маҳсуб меёбад. Паём дар маҷмӯъ фишурдаи амиқи  андешаҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат оид ба ояндаи халқу миллати тоҷик ва кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад.  

Тавре дар Паём  таъкид шуд, Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи навбатии рушду тараққиёти хеш барои татбиқи низомҳои ҷаҳонии иқтисодӣ иқдом менамояд, ки яке аз онҳо гузаштан ба низоми иқтисодиёти рақамӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат таҳкими заминаҳои технологии  гузариш ба ин низомро ба таври махсус таъкид дошта, Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки “бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад”. 

Чунонки Пешвои миллат таъкид доштанд, мавриди амал қарор гирифтани консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи он барои рушди иқтисодиёти миллӣ аз ҳар ҷиҳат муфид хоҳад буд, зеро монеаҳои асосии сунъӣ ба таври комил аз миён рафта, “коррупсия ба унвони яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар, ки  метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”,  аз миён бардошта шавад. Дар баробари ин, татбиқи консепсияи иқтисодиёти рақамӣ роҳи Тоҷикистони азизи моро барои боз ҳам мавқеи устувор пайдо  намудан дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳар чи беҳтару бештар афзудани ҳаҷми содироти маҳсулоти босифат ҳамвор менамояд.

Бар ин асос, Пешвои миллат яке аз муҳимтарин омилҳои расидан ба ин марҳилаи муҳими тараққиётро дар афзун гардондани ҳаҷми содироти маҳсулоти босифат, муаррифии имконият ва дастовардҳои Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд. Таҳлили саривақтӣ ва воқеии Пешвои миллат роҷеъ ба омилҳои расидан ба ҳадафҳои рушди иқтисодиёти миллӣ ва афзудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки барномаҳои марбут ба татбиқи истиқлолияти энергетикӣ, аз ҷумла комилан аз миён рафтани маҳдудият дар истифодаи неруи барқ, бунёди иншооти муҳими аср - НБО “Роғун”, омили муҳими ин дастоварди бузурги таърихӣ гардида, боварӣ ва эътимоди ниҳодҳои байналмилалӣ ба иқтидорҳои истеҳсолии кишвар бештар мегардад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои аввал ва дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” тавассути иқтидори иқтисодии худи Тоҷикистон буд, ки имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин иншооти аср ва тавассути он барои саҳмгузорӣ дар идомаи корҳои сохтмонии он афзуда, шарикони стратегии рушд ва дигар муассисаҳои молиявӣ аз омодагии хеш барои бунёди ин ишоооти муҳими минтақавӣ паём мерасонанд. Сарвари давлат таъкид доштанд: «Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад”. Бешак, ин барномаи бузурги ҳадафмандонаи Пешвои миллат дар арсаи таъмини комили истиқлолияти энергетикӣ марҳила ба марҳила нуфуз ва эътибори Тоҷикистони азизи моро боло мебарад.   

Аз ҷониби дигар,  пазириши ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаи об, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба унвони як ташаббуси нодир ва умумиинсонӣ истиқбол гардиданд, имкон дода истодааст, ки дар навбати аввал захираҳои обии фаровони Тоҷикистон муаррифӣ ва барои манфиати минтақа истифода шаванд. Дар баробари бунёди неругоҳи бузурги аср - “Роғун” айни замон бунёди боз чандин неругоҳи барқи обии дигар дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома дорад. Ба таъбири Пешвои миллат, “истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус захираҳои об, яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад”.

Дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат  Маҷмаи умумии СММ дар кишварҳои дорои мушкили оби ошомиданӣ силсилаи чорабиниҳоро мавриди амал қарор дода истодааст. Бо назардошти ин тадбири дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ Сарвари давлат  ба таври махсус дар Паём таъкид доштанд: “Мо низ ҳамчун пешоҳанги ин амал дар Тоҷикистон дар доираи “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2025” доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳоро анҷом додем. Дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст».

Иқдомҳои Пешвои миллат оид ба таъмини кишварҳои дорои мушкили оби нӯшокӣ имрӯз мақом ва манзалати кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боло мебаранд ва аз он дарак медиҳанд, ки Тоҷикистони азизи мо ҳамчун ташаббускор  ва пешоҳанги ин тадбири ҷаҳонӣ аз имконият ва захираҳои обии хеш ҳам ба манфиати мардуми кишвар, ҳам манфиати мардуми минтақа ва ҳатто ҷаҳон босамар истифода бурда истодааст. Таъмини саросарии аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшоӣ ва бунёди неругоҳҳои барқи обии барои минтақа аҳамиятнок  татбиқи муваффақонаи ин ҳадафҳои бузургро бозгӯй мекунанд. Баробари ин, тавре мо борҳо шоҳиди иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат гардидем, Тоҷикистон омода аст, ки ба ҳар кишвари бо проблемаи  таъминоти оби нӯшоӣ рӯ ба рӯ аз ҳисоби захираҳои оби тозаи мавҷуда кумаки хешро бирасонад. Сафари Дабири кулли  СММ Антониу Гутерреш бар асоси тавсияи Пешвои миллат ба кӯли Сарез ва боздид аз он худ баёнгари ҳақиқати ин амр аст, ки Тоҷикистон  дар заминаи  ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои хеш омода аст, захираи бузурги оби кӯли Сарезро ба манфиати мардуми сайёра истифода барад ва дар ин арса аз имкониятҳои дигари хеш ба ҷаҳониён дасти ёрӣ дароз намояд.

Муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳияи лоиҳаҳое, ки дар сатҳи зарурӣ захираҳои истифоданашудаи кишвари моро тарғиб мекунанд, бори дигар аз он дарак медиҳанд, ки ҳадаф ва барномаҳои наҷибу бузурги Пешвои миллат барои боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои ҷаҳонӣ равона шудаанд. Аз ин рӯ, месазад, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро раҳнамои марҳилаи нави ин ташаббускориҳо унвон намоем. 

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА