
Басо рамзист, ки охири ҳар сол дар арафаи соли нав Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мегардад. Паёми навбатии Сарвари давлат ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои муҳими кишварро фарогир буд. Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олӣ ва стратегӣ дастуру нишондодҳоро на танҳо барои рушди соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар барои соли оянда дар назар дорад, балки он ҳамчун як нақшаи раҳнамунсоз барои фаъолияту зиндагии кулли мардуми Тоҷикистон хидмати муҳим менамояд. Аз ин рӯ, тамоми қишрҳои ҷомеа онро хуб истиқбол ва ҷонибдорӣ намуда, баҳри амалисозии нуктаҳои он саъю талош меварзанд.
Дар солҳои охир мушкилшавии авзои иҷтимоию иқтисодӣ бинобар сабаби афзоиши ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар минтақа ва ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Чунин тамоюл боиси паҳншавии унсурҳои номатлуб, аз қабили зӯроварӣ, амалҳои экстремистӣ гардида, ба амнияти миллии давлат таҳдид менамоянд. Аз ҷумла, фаъолшавии ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар Шарқи Миёна ва Наздик, дигар минтақаҳои олам, тавсеаи таъсири идеологии онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба паҳншавии ғояҳои ифротгароии динӣ дар байни шаҳрвандон ва бесуботӣ дар ҷомеа боис мегардад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ солҳои охир аксари кишварҳои минтақа ва оламро хавфу хатарҳои зиёде аз қабили ифротгароӣ ва терроризм таҳдид менамояд. Дар ҳар як Паём ва қариб дар ҳар як суханронии худ Пешвои муаззами миллат ба пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб таъкид намуда, бо мулоҳизаҳои мушаххас ва амиқ ҷомеаи ҷаҳониро барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур даъват менамоянд., Тавре дар Паёми имсолаи Сарвари давлат таъкид гардид: “Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад”.
Мушкилии дигаре, ки имрӯз ҳамагонро ба ташвиш овардааст, хурофотгароӣ, ҳисси бегонапарастӣ ва ташвиқи фарҳанги ба миллати мо бегона мебошад. Дарвоқеъ, баъзан мушоҳида мешавад, ки иддае аз ҷавонон ва ҳатто калонсолон низ пойбанди таассубу хурофот гардида, бегонапарастиро ихтиёр менамоянд. Бо ин гуна зоиҳирпарастию таассубкорӣ гӯё дар ҷомеа мақоми хос ё бартарияте касб менамуда бошанд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди худогоҳ ва меҳандӯст ҳифзи арзишҳои миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ, донистани таъриху фарҳанги миллати хеш ва мубориза бо равандҳои барои имрӯзу фардои мо хатарзо мебошад. Дар ин замина, мо бояд баҳри гиромидошт ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллию фарҳангиамон наврасону ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намоем, то ин ки ғояҳои хурофотпарастӣ, тақлиди кӯркӯрона ва таасуби ноҷо ба тафаккури онҳо роҳ наёбанд. Дар иртибот ба ин масъала, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор намуданд, ки: “Сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоипарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд”.
Адиби шаҳири тоҷик Ҳаким Саноӣ сабаби тамоми бадбахтиҳоро дар ҷаҳолат ва бесаводӣ дониста, чунин мефармояд:
Ҳеч бадномӣ одамиро беш,
Нест аз ҷаҳлу аз зулумии хеш.
Дар ҳақиқат, ҷаҳолату хурофот инсонро нодон ва ғофилгир месозад, омӯзиши илму ҳунар бошад, ӯро ба қуллаи мақсуд мерасонад. Роҳбари давлат дар Паёми худ рушди соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, вобаста ба масъалаи баланд бардоштаи сифати таълим ва васеъ намудани донишу ҷаҳонбинии толибилмон ба масъулони соҳаи маориф супориш доданд, ки: “Дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.
Яке аз дастовардҳои беназири халқи тоҷик дар охири садаи 20 ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, ки ба туфайли ҷаҳду талошҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик-Пешвои хирадсолор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ноил гардидем. Имрӯз боиси ифтихор ва фараҳмандӣ аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дар аксари кишварҳои дунё мавриди омӯзиш қарор дода, ба он баҳои арзанда додаанд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дунё мақоми шоистаи худро пайдо кард ва иқдому ташаббусҳои созандаи кишварамон дар масъалаҳои мубраму глобалӣ таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуд, ки эътибори кишварамонро боз ҳам афзун намуд. Сарвари давлат аз тамоми мардуми шарафманди кишвар даъват ба амл оварданд, ки дар корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ фаъол бошанд ва дар ин чорабинии муҳим саҳми муносиби хешро гузоранд.
Пешвои миллат дар бахши охири Паёми худ ироа намуданд, ки: “Мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем. Дар ин раванд қарзи имонӣ ва вазифаи виҷдониву инсонии ҳар яки мост, ки истиқлолу озодии давлати тоҷиконро чун неъмати муқаддаси ҳаётамон ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагиамон гиромӣ дорем ва барои ҳимояи он ҳамеша омода бошем”.
Воқеан, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як тоҷикистонӣ ҷиҳати амалисозии нақшаҳои неку созанда бояд дастури амали ҳамарӯза бошад. Зеро мусаллам аст, ки Ватани худро ба ғайр аз худамон каси дигаре обод намесозад. Аз ин рӯ, рисолати ҳар як шахси соҳибхирад, баору номуси кишварамон дар пайравӣ аз иқдомҳо ва ибтикороти шоистаи Пешвои муаззами миллат талқин намудани ғояҳои меҳандӯстӣ, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои инсонӣ, гиромидошти арзишҳо ва фарҳанги пурғановати миллӣ, ободию бунёдкорӣ ба шумор меравад.
Фаррухулло Олимзода,
муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана
ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҶТ