ТОҶИК ДАР ҲЕҶ ДАВРУ ЗАМОН БА ТУНДГАРОӢ МАЙЛ НАДОШТ!. БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - вт, 01/14/2020 - 09:56

«Сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷагирии ҳаёти ҷамъиятиву давлатии моро дар соли гузаштаистода ифода намуда, хадафҳои дастрасро барои солҳои оянда пешкаши мардуми азизи кишвар намуд. Дар ин ҷо, махсусан таъкидҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба мубориза бо экстремизму терроризм ва пешгирии хурофоту иртиҷоъпарастӣ қобили тазаккур мебошад.

Дар шароити имрӯза экстремизму терроризм ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст, ки дар ҳар нуқтаҳои олам ноамниву бесуботиро ба вуҷуд меоварад. Аз ҳама нигаронкунандааш он аст, ки имрӯз терроризму экстремизм маҳз бо истифодаи муғризонаи шиорҳои динӣ доман паҳн намуда, дар натиҷа ба обрӯ ва манзалати худи дин латма зада истодааст. Хатари экстремизму терроризм барои кишвари мо низ эҳсос мегардад, ки нишони онро мо дар гаравиши иддае аз шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мушоҳида менамоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ бамаврид қайд намуданд, ки «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст».

Паҳлӯи ҳуқуқии сиёсати давлатӣ оид ба мубориза бо экстремизму терроризм пеш аз ҳама тавассути татбиқи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ карда мешавад, ки дар маҷмуъ асосҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро барои пешгирии чунин падидаҳои номатлуб ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор фаро гирифтааст. Санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ доир ба муқовимат бо ифротгароӣ аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтаанд. Аз ҷумла дар моддаи 8 худи Конститутсия омадааст, ки “Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст”.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” аз 2 январи соли 2020 заминаи ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро боз ҳам қавӣ намуд. Қонуни мазкур дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” таҳия ва қабул гардида, роҳу усулҳо ва асосҳои ташкилию ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо дарназардошти талаботи замони муосир муайян менамояд.

Дар робита ба ин ҳолат, боз як нуктаи муҳимро метавон кайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ҳанӯз 16 ноябри соли 1999 ба тасвиб расида, то кунун мавриди амал қарор дорад. Аз он давра то имрӯз созмонҳои террористиву экстремистӣ дар пешбурди фаъолияти худ роҳу равиш ва ҷанбаҳои мухталифро касб намуда, аз технологияи муосири иттилоотӣ ба манфиатҳои ғаразноки худ ба таври васеъ истифода намуда истодаанд. Ин раванд пешбинӣ намудани механизми муосири қонунию ҳуқуқӣ дар самти мубориза бо терроризмро тақозо менамояд. Ин ҳолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ чунин иброз доштанд: “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад.

Бо назардошти он, ки ҷомеаи тоҷикон таърихи беш аз панҷҳазорсола доранд, омӯзиши таърих ва таҷрибаи гузаштагони худ дар таъмини муқовимат ба экстремизму терроризм нақши бориз дорад. Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ таъкид доштанд: “Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.”

Дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ сарзамини тоҷикон бо ин гуна мушкилиҳо дар либосҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст, ки дар натиҷаи заҳмати беандозаи фарзандони фарзонаи ин миллат пеши роҳи онҳо гирифта шуд. Мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги волои ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба ғояҳои тундгароёна майл надошт. Ин хусусияти тоҷикон ҳам дар марҳилаи тоисломӣ ва ҳам дар марҳилаи исломии таърихи миллат ба мушоҳида мерасад.

Муқовимат ба экстремизму терроризм аз баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фарҳанги ҳуқуқии ҷавонону наврасон оғоз гардида, бо ташаккули мафкураи миллие, ки ба принсипҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анъанаҳои маънавию ахлоқии халқи тоҷик асос ёфтааст, ба ҳадаф мерасад. Дар шароити имрӯза экстремизму терроризм ин танҳо кирдори зиддиҳуқуқӣ набуда, балки як низоми густурдаи андеша ва ғояҳое гардидааст, ки арзиши низоми ҳуқуқии мавҷударо инкор намуда, онро ҳамчун унсури бегона дар шуури пайравони худ талқин мекунад ва ба сӯи харобиву вайронӣ ҳидоят менамояд.

Дар ин замина, барои мо илми ободкунандаву роҳкушоянда ва созанда лозим аст, ки тавонад истодагарии тафаккури фарҳангию ҳуқуқии ҷавононро дар муқобили ҳар гуна ғояҳои ифротӣ таъмин намояд ва онро ба самти рушду шукуфоии ватани азизамон ҳидоят кунад. Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ишора намуданд: “Сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.”

Миллате, ки таърихи беш аз панҷ­ҳазор­соларо паси сар карда, садҳо бузургони илму дониши оламшумулро тарбия намуда, ҳазорҳо васиятномаю насиҳатномаҳоро барои башарият иншо карда, дар масири таърих ба бедавлатон давлатдорӣ ёд дода, ба ҷоҳилон фарҳанг омӯхта, бузургтарин мушкилиҳои илмиву иҷтимоии тамаддунҳои ҷаҳониро ҳал намудааст, имрӯз низ бо пайравӣ аз Пешвои миллати худ тавассути ҷавонони созандаву эҷодкораш метавонад Тоҷикистони азизи моро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун муаррифӣ намояд.

ЮНУСЗОДА БАХТИЁР АЛӢ

мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи дин,

танзими  анъана  ва  ҷашну  маросими

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон