ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАМЗИ САОДАТУ ХУШБАХТИИ ҶАВОНОН

Нашр шуд korbar - ср, 01/15/2020 - 10:13

Яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукнӽои ҷомеаи шаӽрвандии мо маӽсуб ёфта, нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаӽрвандӣ муайян менамояд.

Новобаста ба вазъи душвори таърихи сахту сангин ва давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд мебошад, Сарвари давлат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардӽои муӽим дар ӽаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарӽангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароӽам овардани имкониятӽои васеъи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, саӽми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон-Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки 13 марти соли 1992 тасдиқ гаштааст, далели ин гуфтаҳост. Ибрози он ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.

Дар марҳилаи минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо аз қабили стипендияҳои Президентӣ, Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, Грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеҳову гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.

Ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.

Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.

Тибқи маълумоти омори, имрӯз 18% аӽолии сайёраро ҷавонон ташкил медиханд. Дар Ҷумӽурии Тоҷикистон бошад, 66% - и аӽолиашро ҷавонон ташкил медиӽад , ки 5 миллиону 648 ӽазору 544 нафар мебошад.

Ҷавонон ӽамчун неруи созанда дар ӽама сатӽ дар рушди босуботи кишвар бевосита саӽмгузор мебошанд. Агар ба тамоми соӽаӽои кишвар назар афканем ва таӽлил гузаронем, шумораи бештари онро ҷавонон ташкил медиӽанд.

Тибқи таӽлилӽо, имрӯз танӽо дар соӽаи хизмати давлатӣ ҷавонони аз синни 18 то 28 сола 3555 нафар ва аз синни 29 то 35 сола 4650 нафар кору фаъолият намуда, сиёсати давлатро пеш бурда истодаанд, ки 43% тамоми хизматчиёни давлатиро ташкил медиӽад. Аз ин бар меояд, ки ояндаи наздик давлатдории мо на ба таври муназзам ва пайдарпай, балки имконияти якбора гузаштан ба насли ҷавон дорад. Зеро 66% - и аӽолӣдар муқобили қисми боқимонда ӽамеша нақши ӽалкунандаро мебозад. Мушкилии ояндаи наздики кишвари мо, баррасии манфиати ӽамин гурӯӽи бузурги ҷомеа, яъне ҷавонон маӽсуб мегардад.

Фаро гирифтани ин нерӯи бузурги ҷомеа, расидагӣ ба мушкилоти он ва истифодаи оқилона аз ин натиҷаи стратегии миллӣ баӽри ободиву шукуфоӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа хеле муӽим аст. Агар миллат ва давлати мо аз назари иҷтимоӣ ва синну сол яке аз давлатӽои ҷавон маӽсуб гардад, пас мо таӽти мафӽуми “ҷомеа” бояд ногузир ҷавононро дар назар дошта бошем ва қабл аз ӽама “мушкилоти ҷавонон”-ро ӽамчун мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ намоем.

Ҷавонон дар ӽақиқат қувваи асоси миллат барои тарақиёти ҷамъият дар ӽама давру замон мавқеи асосиро мебозиданд. Эҷодии фикрии онӽо қувваи бузург ва созанда мебошад. Дар ин асно Арасту ӽануз чанд ӽазор сол пеш қайд карда буд: «Ӽама касоне, ки хусуси санъати идоракунии тафаккур намудаанд, бояд фаромӯш накунанд, ки тақдири империяӽо ба тарбияи ҷавонон вобастагӣ доранд». Аз тарафи дигар агар назар кунем, ин насле мебошад, ки мақсади охирони он дар тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷамъият, ҷавонони замони муосир саӽми худро мегузоранд.

Равиши иҷтимоӣ ва иқтисодии насли ҷавон ин ояндаи наслӽое мебошад, ки захираи ҷисмонии инсониятро ташкил медиӽад. Дар ин асно, Президенти мамлакатамон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон 23-майи соли 1997 дар вақти мулоқот бо ҷавонони мамлакат гуфта буд, ки «Ҷавононро зарур аст тамоми нозукиӽои идоракунии давлатӣва худидоракуниро дар давраи ислоӽоти иқтисодӣ ба дасти худ гиранд. Ман ба шумо дар ин маврид такя мекунам ва бе иштироки Шумо ба ягон пешрафт, мушарраф гардидан номумкин аст».

Ҷавонони имрӯза, ҷавонони эҷодкор ва истеъдодпарвар шинохта шудаанд. Имрӯз кам нестанд, кадрӽои ҷавон, ки дар бунёди иншоотӽои бузурги аср ба монанди НБО-Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2, Нақби Истиқлол, Шаршар, Маркази барқу гармидиӽии «Душанбе-2», Китобхонаи Миллӣ, Осорхонаи Миллӣ, Кохи Наврӯз ва садӽо иншоотӽои бузурги дигар саӽми худро гузошта истодаанд.

Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами рӯз – ин ӽифзи истиқлолияти давлатӣ, ваӽдати миллӣва таъмини сулӽу суббот дар ватани азизамон Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, дар ҷомеаи кунунӣ ҷавонон ва наврасони мо, ки дар баъзе омилӽо побанд ва пайравони гуруӽӽои ифротгаро ва ӽизбу ӽаракатӽои бегона шомил мешаванд, яке аз ин омилӽо камсаводӣ мебошад. Тибқи маълумотӽо зиёда аз 300 нафар ҷавонони кишварамон ба гуруӽӽои ифротгаро шомилшуда дар давлатӽои Афғонистону Покистон ва Ироқу Сурия меҷанганд. Таӽлилӽо нишон медиӽанд, ки ҷавонон аз сабаби камсаводии дунявӣ ва илми динӣнадоштан, садди роӽи хонандагони мактабӽои миёна мегарданд. Худ қазоват намоед, ки камсаводӣба куҷо оварда мерасонад.

Дар ҷавони саъй кун гар бе халал хоӽи амал,

Мева бенуқсон бувад чун дарахти навбар аст.

Аз тарафи дигар, имрӯз вақте, ки мо ба бозорӽои шаӽру навоӽии ҷумӽурӣназар меафканем, қариб тамоман либосӽои миллӣ ба назар намерасад. Аз савдогарон пурсон мешавам, ки чаро либосӽои шумо ӽамааш «аврупоӣ» ӽастанд?. Ҷавоб медиӽанд, ки талабот нисбати ин либос аз тарафи ҷавонон зиёд аст. Ҷавондухтарони имрӯз бисёртар либосӽои аврупоиро ба бар мекунанд. Аз ҷавондухтарон низ пурсон мешавем, ҷавоб медиӽанд: «Ман дар асри 21 зиндагӣ мекунам, ӽамқадами замона будан мехоӽам».

Мақсад аз ин гуфтаӽо он аст, ки рафтор, кирдор, пиндор ва фарӽанги хешро бояд қадрдонӣкунем. Мо ӽама аз хоки поки Тоҷикистонем ва чӣ қадар ба аврупоиён тақлид кунем ӽам, ворисони Рӯдакиву Сино, Ӽофиз, Хайёму Бедил ва ӽазорон бузургворон будани худро фаромӯш набояд созем. Чихеле, ки устод Рӯдаки фармудааст:

Ӽеҷ ганҷе нест аз фарӽанг беӽ,

То тавони рӯй бар ин ганҷ неӽ.

Аз он чӣ гуфта шуд, хулоса ин аст: «Мо ҷавонон бояд аз он ифтихор кунем, ки дорои фарӽанги пурғановат ӽастем, миллати моро дар арсаи ҷаӽонӣ ӽамчун яке аз қадимтарин халқӽо мешиносанд, ин халқ на танӽо дар рушду такмили илму фарӽанги тоҷикона, балки умумибашарӣ саӽми сазовор гузоштааст ва мегузорад. Мо-ҷавонон бовари дорем, ки худро ба сифати машъалбардори сафи пеш муаррифӣ намуда, дар паҳлӯи Пешвои мушфиқу меҳрубонамон ҳамчун пайравони асили ин фарзонафарзанд бо шиори «Тоҷикистон ба пеш!» ҳамеша муттаҳидона баҳри рушду нумӯи сарзамини биҳиштосоямон чони худро нисор нахоҳем дошт.

С. Шарифзода