Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризму экстремизмро “таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон” ва “душмани бераҳму шафқат ва маккор” унвон карда, бори дигар ба ниҳодҳои марбута ва дар умум, ба ҳар кадоми мо ҳушдор доданд, ки бояд дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарзотарини ҷаҳони имрӯз саҳлангориро канор гузорем.
Хуб медонем, ки давоми чанд соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти мубориза бо терроризму экстремизм тадбирҳои судманд андешида шуда, кишвари мо ҷиҳати муқовимат бо ин зуҳуроти нангину харобиовар борҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамоҳангиву ҳамдастӣ даъват намудааст. Дар ин росто, танҳо соли гузашта дар шаҳри Душанбе чандин чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он баргузор гардид.
Табиист, ки иқдомоти пешгирифтаи Ҳукумати кишвар пеши роҳи ҷараёни харобиовари ташвиқу тарғиб ва паҳншавии тундгароии динӣ ва ақидаҳои ифротӣ садди устувор гузошт, аммо “душмани маккор” ҳанӯз ҳам ба таври комил хунсо нашуда ва роҳҳои нави таъсиргузорӣ ба зеҳну мафкураҳои ноогоҳро меҷӯяд. Омода будан ба муқовимат ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мост.
Чӣ тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми хеш таъкид доштанд, "созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд”.
Воқеан, имрӯз “душмани маккор” худро ба технологияҳои муосири иттилоотӣ, махсусан ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ задааст, чун дарк карда, ки маҳз ҳамин ҷо “минбаре барои фатвоҳои фитнаангез” – и худ меёбад ва ҳам “мағзҳое бехабар аз фитнаҳо”.
Ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ, афроди мазҳабишуда, аммо бехабар аз аркони дини мубини ислом ва ҳам гумроҳоне, ки ҳадафмандона зидди давлату миллат ва халқу ҷомеаи худ ғояҳои харобиоварро талқин мекунанд – ҳаминҳо тоифаҳое ҳастанд, ки дар аксар маврид зери таъсири таблиғоти созмонҳои террористӣ мемонанд.
Муруре ба саҳфаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки мутаассифона, ҳанӯз ҳам гурӯҳу афроди сиёҳдил ин ҷо ҳузури густарда доранд. Онҳо ҳадис ё нақле аз рӯзгори саҳобагон, сабти видеоӣ ё аудиоии як ҳамммаслаки худро дар саҳифаашон гузошта, онро ба таври худ ва мувофиқ ба ғаразҳои нопокашон шарҳ медиҳанду “фатво”, ҷавонон, гоҳо калонсолони ноогоҳ аз ислому фармудаҳои Худо, онро писандида, “лайк” мегузоранд ва ҳамин тавр доираи паҳншавии маводи хусусияти ифротӣ дошта фарохтар шудан мегирад. Таъбирҳои «агар мусулмон ҳастӣ», «агар аз Худо тарсӣ», «мехоҳӣ ба биҳишт ворид шавӣ», «агар дилат ба ислом сӯзад», «агар пайғамбарро дӯст дорӣ» дар ин амр кори ифротиёнро осон мекунад, чун ноогоҳон гумон мекунанд, роҳи нишон додани мусалмон будану ба ислом муҳаббат доштан маҳз ҳамин аст, ҳамин аст мусалмон будан, ҳамин аст роҳе, ки Худованд ба бандагонаш нишон дода.
Ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ва афроди мазҳабишуда, аммо бехабар аз аркони дини мубини исломро бояд ҷомеа тарбия кунад. Ниҳодҳои дахлдор, рӯҳониён, зиёиён, волидайн, ҷавонони фаъол ва ҳама ашхоси огоҳ бояд дар хонаву дар мактаб, дар сӯҳбату вохӯриҳо ва ҳар лаҳзаву ҳар замон ба насли наврас ва ба нафарони дониши кофии динӣ надошта таъкид намоянд, ки он чӣ ки аз номи ислом дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, аксар фитна асту ифрот.
Ҳамчунин, ҳайратовар аст, ки чаро фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ – нафарони огаҳ аз бозиҳои пасипардагии террористон аксар маврид ин гуна “фатво”-ҳои ифротиро нодида мегиранд, ба даҳони онҳо намезананд, пеши роҳашон садд намегузоранд.
Дар Тоҷикистон ки адабиёти динӣ ба таври кофӣ нашр шудаву дастраси умум аст, ниҳоди судури фатво - Шӯрои уламои Маркази исломӣ фаъолият дорад, имомхатибон ҳамеша дар масоҷид мавъизаҳо мекунанду мардумро аз асли дини мубини ислом огоҳ месозанд, дигар чӣ ниёзест ба “минбарҳои фатвоҳои фитнаовар”?
Мо бояд ҳамеша ба насли наврас, ба кулли ҷомеа талқин намоем, ки “ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест” ва “ҳар ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр, зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад”.
Дур наравем, воқеаи нангини чанд моҳи пешро ба хотир орем, ки чанде аз аъзои созмони террористии давлати ба ном исломӣ ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии мо ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонони хоки муқаддаси Ватан заданд. Ҳамин аст натиҷаи аксар “фатвоҳо”-и интернетӣ ва ҳадафи “муфтиён”-и шабакаҳои иҷтимоӣ!
Дигар замоне расидааст, ки ин “муфтӣ” – ҳои дурӯғинро аз “минбарҳои фатво” - яшон биафтонем ва ҷомеаро аз хатари суханони ғаразноки онҳо огоҳ намоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, вобаста ба талаботи замон ба такмил ниёз дорад ва ба вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ин таъкиди Сарвари хирадманди давлат ба он маънист, ки Тоҷикистон барои хунсо кардани аҳдофи ин “душмани маккор” бояд вориди марҳилаи тозаи муборизаву муқовимат шавад ва мо аҳли ҷомеа ҳам муваззафем талошамонро дар ин самт бештару муассиртар намоем.
Афшини Муқим,
котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон