САДА МУЖДАИ НАХУСТИНИ БАҲОР АСТ

Нашр шуд korbar - чт, 01/30/2020 - 10:24

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёнажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи  омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд., ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни  чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае  аз наздик расидани фасли баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худоро аз гармию фуруғи минои Митра, Меҳрро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулҳанҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ мфода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи Наврӯзро мерасонд.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирайнам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсими Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳида бурҷҳои  фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Аз рӯйи андешаи аксари таърихнигорон бошишгоҳи нахустини қавму қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан чордаҳ-понздаҳ ҳазор сол пеш паҳноҳои Сибири Ғарбӣ, доманакӯҳҳои Урал ва даштҳои ҷанубии Русия, аз ҷумла соҳилҳои рӯдхонаҳои Обу Енисей то кӯли Байкал будааст, ки ба ин бозёфти харобаҳои шаҳри Аркаим ва дигар осори бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Гурӯҳи калони қавму қабилаҳои ориёӣ пас аз сар шудани яхбандидию хунукиҳои шадид аз қисмати шимолии Осиё ночор кӯч баста, сӯйи минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Миёна меоянд, ки гузаштагони дури мо тоҷикон аз ҳамон тоифаи  ориёиҳои дар миёни дарёҳои ому ва Сир сокингашта пайдо шудаанд.

Аз рӯи пиндори олимон тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ, давраи яхбандиҳои тулонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин кард, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол  пеш рӯйдода, ориёиҳо аз паҳноиҳои Сибир ва доманакӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёнасокин гаштаанд.дар «Авесто» аз маҳали сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиёҳо, сакоиҳо маълумотҳои нодире маҳфузанд,  ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки «Аирайнам Ваеҷаҳ»-и беамсолро тарк карда, дар саргаҳи «Гава, макони суғдиён», «Моуруи (Мари) гавоною ростипараст», «Баҳдӣ (Бохтари) зебо бо дирафшҳои афрошта», «Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳдӣ воқеис», «Ҳайрава» (Ҳирот) ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд, «кишвари Гургониён ва Роғ» (шимоли шарқии Мод) паҳн шуда, дар ноҳияҳои  асосии Осиёи Миёна, Афғонистон ва Хуросони кунунӣ маскан бигиранд. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд кард. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани  ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёнажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин  касе буд, ки ба итихроҷи филиззот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, аслиҳа сохт.

Ниёгони мо афрӯхтани оташро омӯхта, барои нигоҳдории он мекӯшиданд. Сараввал нигоҳдории оташ андаруни ғорҳо ва дигар ҷойҳои мусоид маъмул гардида, сипас ин ҷойгоҳ ба оташкада табдил ёфт. Одатан, оташи муқаддасро атарбонҳо, яъне оташбонҳо андаруни оташкада нигаҳдорӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, парастиши оташ ва бузургдошти он ба ҳукми анъана даромада, бунёди оташкадаҳо дар минтақаҳои гуногуни буду боши ориёитаборон роиҷ гардид, ки оташкадаҳои овозадори Навбадар Балх, Озарфарнбағ дар Кориёни Форс, Озармеҳрбарзин дар Реванди Хуросон, Озаргӯшнаси дар Шизи Озарбойҷон, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Абурайҳони Беруни дар «Китоб-ут-тафҳим  ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии оини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдоди Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса зимни афрӯхтани гулхан ва дар гирди он рақсу бозӣ намуда, пешвоз мегирифтанд. Ба андешаи фолклоршинос Дилшод Раҳимов ҷашни Сада ҳарчанд суннати хоси зардуштӣ набошад ҳам, марбут ба бузургдошти оташ аст ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд мебошад. зардуштимазҳабони остонҳои Кирмону Язди Эрон ва умуман зардуштиёни ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомат пазироӣ менамоянд. Дар шаҳри Кирмон то имрӯз суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон якчанд рӯз пешба ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан ба 5-6 метр мерасад, гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одамон ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ баъзе деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосили бурда ба заминҳояшон мепошиданд. Ин амал маънои поён ёфтани фасли зимистон ва оғози омодаги ба фарорасии фасли баҳорро ифода мекунад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада баробари бузургдошти Митра рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи  ҷашни Наврӯз мебошад.

Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳи хоса истиқбол мегардид. Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буд, ки ба мардум муждаи нахусти баҳор меовард ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш  сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу  50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.

Хушбахтона бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иди фархундаи Сада таваҷҷӯҳи хос зоҳир шуд ва он ҳамчун иди миллии мардуми бо  суруру нишот ҷашн гирифта мешавад. Бо назардошти ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба таърихи гузаштаи ниёгон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», қабул шуд, ки иди Сада, ҳар сол дар ҷумҳуриамон гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд Қонуни миллӣ, ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» маҳз ба туфайли соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон ва бо таклифу пешниҳодҳои шаҳрвандон ва бо азму талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар қисми 1 моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шудааст ба ҷашнҳои расмӣ ва баргузории ҷашни Садаро Қонуни миллӣ ба танзим медарорад.

Зарнигор Раҳимова,

сармутахассиси Раёсати

танзими анъана ва ҷашну маросим