
Дар кишвари соҳибистиқлоламон озодии виҷдон, эътиқод, ақида ва дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Пайравони дини ислом ва дигар оинҳои мавҷуда дар адои маросимҳои динӣ озодии комил доранд.
Инчунин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории мамлакат, қоидаҳо оид ба нигоҳдории қабристонҳо, анъана, расму оин ва маросими мардумии миллату халқиятҳои муқими кишвар амалӣ карда мешавад.
Нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо зери назорати доимии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ба онҳо ҳамчун як макони муқаддас муносибат мекунанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 январи соли 2017 тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо тасдиқ шудааст, ки дар он таъсис, ташкили ҳудуд, мустаҳкамкунӣ ва кӯчондани қабристонҳо, инчунин, гузоштан ва нигоҳдории санги мазор муқаррар гардидааст. Нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
Дар асоси талаботи “Тартиби нигоҳдорӣ ва истифодабарии қабристонҳо” аз ҳудуди қабристон барои ҳар як қабри алоҳида қитъаи замин ба андозаи миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ ҷудо карда, масофаи қабрҳо ба андозаи на зиёда аз 1 метр аз ҷониби дарозии онҳо ва на зиёда аз 0,5 метр аз ҷониби паҳноии онҳо муқаррар карда шудааст. Андозаи санги мазори уфуқӣ бошад, на бештар аз 1,5 метр дарозӣ, 1 метр паҳноӣ ва 0,5 метр баландӣ, андозаи санги мазори амудӣ бошад, бояд на бештар аз 1 метр баландӣ, 0,5 метр паҳноӣ ва 10 сантиметр ғафсӣ дошта бошад.
Масъулони соҳа дар даромадгоҳи асосии аксарияти қабристонҳо нақшаи макони ҷойгиршавии бахшҳои қабристон ташкил намуда, бояд ҳудуди берунии қабристонро бо девор ё панҷара иҳота ва атрофи онро кабудизор бикунанд.
Санги мазор ё мақбараи болои қабр бошад, бо лоиҳаи махсуси муҳандисӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва оид ба ҳифзу истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мувофиқа ва баъд бунёд карда мешавад.
Гарчанде мусобиқаи мақбарасозӣ ва исрофкорӣ дар қабристонҳо хотима ёфтааст ва пайвандону наздикони майит бо маслиҳати масъулон атрофи қабрҳоро бо тартиби муқарраргардида маҳкам мекунанд, аммо қисман бенизомиҳо дар ин самт мушоҳида мешавад. Ҳол он ки тозаву озода нигоҳ доштани қабристон нишонаи посдорӣ ва эҳтироми гузаштагон буда, аз камолоти ахлоқӣ ва маънавии ҳар фарди покзамир далолат мекунад.
Албатта, дар баробари ободонии шаҳру ноҳияву маҳалҳоямон ба қабристонҳоямон низ бояд диққати махсус бидиҳем. Дар ин маврид иҷрои талаботи муқарраргардида барои пешгирии исрофкориву худнамоиҳо низ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, он дар тарбияи маънавии инсонҳо таъсири нек гузошта метавонад.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, мудири шуъбаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон