
(Ба ифтихори ҷашни 150 –солагӣ)
Ҳоҷӣ Ҳусайн яке аз ситораҳои дурахшони олами илму адаби нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ тоҷик маҳсуб гашта, бо андешаҳои ҳакимона ва лаҳни ширини орифона дар байни аҳли қалам ва оммаи мардум машҳур ва маҳбуб гардидааст.
Муҳаммадҳусайн мутахаллис ба Ҳоҷӣ соли 1868 дар деҳаи Қаркамиши Кангурти вилояти Хатлон дар оилаи маъмури давлатӣ (мирохур) Раҳим ибни Зокирдевонбегӣ таваллуд ёфтааст. Гузаштагони Ҳоҷӣ аз деҳаи Даштиканаки Сарихосор буда, дар қишлоқи Тутқаволи Кангурт умр ба сар бурдаанд. Аҷдодони ӯ муридону ҳаводорони алома Маҳмадсайид буданд. Эшон дар деҳаи Рӯиоби Сарихосор зиндагӣ карда, яке аз маъруфтарин ва машҳуртарин шайхони соҳибкаромоти он замон ба ҳисоб мерафтанд.
Ҳоҷӣ Ҳусайн чун пирону гузаштагони бомаърифати хеш дар тафсири Қуръони карим, илмҳои калому ҳадис ва тасаввуф дасти тавоно дошт ва мавриди эҳтироми мардум қарор гирифта буд. Ӯ баъди таҳсили ибтидоӣ дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашиди Бухоро касби дониш намуда, илмҳои гуногуни замони хешро фаро гирифт. Ҳоҷӣ дар доираҳои бонуфузи аҳли илму адаби Бухоро мавқеи хосса дошта, пайвандҳои дӯстии ӯ бо шахсиятҳои маъруфи он замон дар таълифоту дастхатҳои мухталиф дарҷ ёфтаанд. Вай баъд аз хатми таҳсили мадрасаҳои Бухоро ҷаҳонгардиро пеша намуда, барои иҷрои адои ҳаҷи Каъбатуллоҳ ва таввофи муқаддас ба Ҳиҷоз сафар мекунад. Ӯ се сол дар Арабистон зиндагӣ намуда, аз Фарангистон, Ҳиндустон ва Эрон низ дидан намудааст. Баъд ба зодгоҳаш баргашта, дар мадрасаи Кангурт то охири умр ба тадриси илмҳои мухталиф машғул мегардад. Бояд гуфт, ки дар он замон танҳо дар Кангурт 18 мадраса, дар Ховалингу Мӯъминобод аз ин ҳам беш масҷиду мадрасаҳо мавҷуд буданд, ки дар онҳо беҳтарин донишмандони маҳаллӣ ба таълиму тарбияи толибилмон машғул буданд.
Обурӯй ва нуфузи Ҳоҷӣ ҳамчун мударрис, шоир ва пешвои аҳли урафои Кангурт ва соири минтақаҳои гирду атроф хеле баланд буд. Камоли шеъри орифонаи вай, ки дар густариши маърифати динӣ эҳтимоми хоса дошт, аз муҳимтарин хусусияти ашъори эшон буда, дар ҷаҳони андешаи аҳли тасаввуф таъсири босазо дошт. Ҳоҷӣ дар ашъори хеш тавофуқи ақидаҳои орифонаро ба орои аҳли суннат нишон дода, билхоса ба масоили зӯҳду тақво,ҷавонмардиву футувват, таҳзиби нафс ва ғайра тавваҷӯҳи хоса дошт. Маълум аст, ки бедилхонӣ ва интихоби маслаки Бедил дар Мовароуннаҳр, бахусус дар Бухоро, шуҳрати зиёд дошт. Ҳоҷӣ низ мисли дигар шоирони даврони худ шефтаю шайдои ин сабк буда, зери таъсири он қарор гирифта буд. Масалан, ӯ дар пайравии Бедил ва дар баёни ишқи илоҳӣ чунин мегӯяд:
Ҳоҷӣ, моро ишқ ҷуз таълими расвоӣ накард,
Қазя гашта мунъакис дар мазҳаби устоди мо.
Қобили зикр аст, ки ҳавзаи илмию адабии Хатлони даврони зиндагии Ҳоҷӣ ба мисли ӯ шахсонеро дар арсаи илму адаб парварида буд, ки дар шеъру суханварӣ машҳуру маҳбуб буданд. Аз ҷумла Муҷрими Роғӣ, Хаста, Мирзо Лиқо, Аламии Дуобӣ, Мавлоно Муҳаммад Умар ва дигар шоирони соҳибдевони ин ҳавзаи адабӣ буданд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо метавон, аз шоири тавоно Мавлоно Муҳаммад Умар ёд кард, ки ашъори вай дар Покистону сарзамини Аморати араб вирди забонҳо гардида буд. Яке аз асарҳои машҳури ин шоири бузург «Ҳаёту-л-маъонӣ» ба шумор меравад, ки дар шарҳи “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхї таълиф ёфта, дар радифи китобҳои машҳури ирфонӣ қарор дорад. Муҳаммад Умар таҳсилкардаи мадрасаи Анҷиров (Анҷиракон)-и Хатлон буда ба Афғонистон, Покистон ва мамолики араб сафарҳо намудааст. Баъд аз хатми таҳсилот дар мадрасаи Гавҳархони Покистон ба ҳайси мударрис хидмат намуда, пас ба шањри Риёзи Арабистони Саудї меравад ва дар он ҷо чашм аз олами ҳастӣ мепӯшад. Осори ӯ, чун ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн, сар то по моломоли маънии ватанхоҳӣ буда, шоир дар ғурбат басо ҷонгудоз ёди Ватан намудааст:
Ғизоли кӯҳи Хатлонам, рамидам,
Ба домони Бадахшон мечаридам,
Расида яъсу навмедӣ ба рӯям,
Қабои офият бар ҷон даридам.
Дар байни аҳли адабу ҳунари Хатлон, ки ба ашъори Ҳоҷӣ бештар рӯй оварда ва ихлос бастанд, бояд, пеш аз ҳама, аз Мулло Холи Кангуртӣ, Домулло Бароти Мўъминободӣ, Карими Шиш (Файзӣ), Мулло Шариф (Сомеъ Одиназода) ва Одина Ҳошим ёдовар шуд. Онҳо ашъори зебо ва ривоёти орифонаи Ҳоҷиро тавассути ҳунари нигорандагӣ ва сарояндагии хеш пешкаши мардум намудаанд. Аммо, аз чӣ бошад, ки аксарияти муҳаққиқону донишмандон ва шоирони даврони Шӯравӣ дар бораи чунин як шоири тавоно ва устоди хатту ҳунар, ки дар умри начандон дарози хеш на танҳо дар шоирӣ шуҳрат дошт, балки дар саҳҳофӣ ва наққошӣ низ тарҳи нав эҷод намудааст, тавваҷӯҳе нанамудаанд. Шояд онҳо ба силсилаи тариқати нақшабандия шомил будани «Ҳазрати Мавлоно Халифа Муҳаммад Ҳусайн» ва тавваҷӯҳи ӯро ба таълимоти сӯфия дониста, дар симояш танҳо муллоро медиданд.
Ҳоло он ки мавзӯи ашъори Ҳоҷӣ натанҳо муҳаббат, сайри рӯҳонӣ ва маънавии аҳли тариқати нақшбандия, балки масъалаҳои башардӯстӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ ва ғайраро дар худ таҷассум намуда, барои шинохти инсон дар ҷомеа аҳамияти зиёде дорад. Агар мо аз рӯи шиори «Дил ба ёру даст ба кор»-и тариқати нақшбандия хулосабарорӣ намоем, пас маълум мегардад, ки Ҳоҷӣ воқеан шомили ин ҷараён буда, дар баробари илму донишу тақво боз машғули хаттотию лаввоҳӣ ва дигар касбҳо низ будааст.
Яке аз ҳамзамонони ӯ Ҳоҷӣ Неъматуллои Муҳтарами Бухороӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» дар бораи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ чунин гуфтааст: «Ҳоҷӣ тахаллуси сухансанҷу волофитрат, нуқтарасу нозуктабиат, дарёмиру сонеъзамирк, саҳронаварду сонеътироз, қаламзану бадеъпардоз, нигорандаи мабонӣ, нигористони маъонӣ Мулло Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ. Таҳсили улум ба назди асотизи дорулфохира (Бухоро) карда, пайки тараддуд ба ҳар кӯча даррасида, авбоби футуҳро дар ҳарб ба рӯи худ кушода, аз ҳар тумане дона рабуда. Пас аз он дар ватан ба улфи худ тарҳи иқомат андохт. Дар он ҷо байни акобиру асоғир эътибори тамом ёфта, ашъори худро ба таркиби девон кашида, дар матбаи Тошканд ба зевари табъ расида».
Албатта имрӯз мақому мартабаи шоирӣ ва ашъору девони Ҳоҷӣ шарҳу баёни тозае талаб мекунад, аммо то ҳол, мутаассифона осори орифона, ақидаҳои иҷтимоию сиёсӣ, ахлоқӣ, ватанхоҳию ватанпарварии ин шореҳи маорифи суфия аз нигоҳи таҳлилгарону файласуфон дар канор мондааст. Аввалин муҳаққиқе, ки ашъори Ҳоҷиро баррасӣ ва ба хонандагони замони мо муаррифӣ кардааст, шахсияти матину соҳибирода Саидумар Султон мебошад, ки дар замони шӯравӣ сарфи назар аз маҳдудиятҳо ва сензураи давлатӣ бо ҷуръату ғайрати калон ба ифтихори 80-солагии Ҳоҷӣ асарҳои мунтахаби ӯро пешкаши хонандагон намудааст. Баъдан, «Куллиёт»-и ӯ низ дар шакли комилтар дастраси хонандагон гардид. Вале то имрӯз андешаҳои орифонаи ин шоири босалиқа аз назари тадқиқотчиён дур мондааст. Аз навиштаву дастхатҳои Ҳоҷӣ бармеояд, ки ӯ марди шуҷою далер ва пушту паноҳи мардуми оддӣ будааст. Дар аксари мактубҳои навиштаи эшон ба ҳокимони Бухоро пешниҳоду муроҷиатҳои зиёде нисбати кумаку дастгирии мардуми кӯҳистони диёраш дарҷ ёфтааст, ки хислатҳои бузургию олимартабагии ӯро баён менамоянд.
Гумон меравад, ки кам шоире аз ҳамасарони Ҳоҷӣ Ҳусайн мисли ӯ алангае дар пайкари маънии дӯстдори ватану ватанхоҳӣ задааст. Ашъори саршор аз завқи ваҳдати вуҷуд, меҳру муҳаббат ва «ҳуббу-л-ватани минал имон»-аш дар замири хонандаи имрӯз низ озодандеширо бедор месозад. Ба ин маънӣ қувват гирифтани шеъри Ҳоҷӣ сабабҳои зиёде дошта, бештар обу ранги бадеӣ ва тарҳи амиқи фалсафӣ низ дорад.
Ҳоҷӣ дар ибтидои достони «Комде ва Мадан»-и худ ҷой ва мақоми шоирро ба арши аъло бардошта мегӯяд:
Ба меъроҷи сухан пас аз паямбар,
Набошад ҳамчу шоир шахси дигар.
Ҳамзамон, оғози достони «Комде ва Мадан»-ро бо тасвири табиати зебои диёри Хатлон шуруъ намуда, муҳаббати бепоёни хешро нисбат ба ватан чунин баён менамояд:
Рафти сухан бар сари Хатлон бувад,
Ҳубби ватан гӯшаи имон бувад.
Ё ин ки дар порчаҳои дигари ин достон чунин мегӯяд:
Чу Хатлон хиттае кам офарида,
Ки фирдавсе ба олам офарида.
Шамолаш гар бигардад, мушк резад,
Ҳавояш чун биҷунбад, атр безад.
Магӯ дар пеши ӯ аз Ҳинду Кашмир
Гунаҳ бошад, забонро дар адаб гир.
Ба хубонаш макун нисбат, ки бинӣ,
Хиҷолат маҳвашони Руму чинӣ.
Ба ин хубӣ, ки сарфи ин диёр аст,
Бувад кам зиндагӣ то рӯзгор аст.
Бештари ашъори ватанпарваронаи Ҳоҷӣ аз ашъори дигар шоирони замонаш ба куллӣ фарқ намуда, хусусияти фалсафию таърихӣ ба худ касб намудааст. Шоир дар бораи таърихи ҳаммоми Кӯлоб, ҳаммоми Балҷувон, таърихи масҷиди Неъматуллоҳи Додхоҳ дар Кӯлоб, таърихи иморат дар ҳисори Ҳойит, таърихи иморати мири девонбегӣ дар Ҳисори Шодмон, таърихи насби Шоҳмардонқулбек дар Балҷувон шеъру қасидаҳои гуногун эҷод намуда, маълумоти муҳими замонашро то имрӯз дастраси ҳаводорони таъриху дунёи адаб намудааст.
Шиносоӣ ба ашъори Ҳоҷӣ Хусайн аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз сабабҳои дар адабиёти шӯравӣ «гумном» шудани Ҳоҷӣ ва ашъораш норозӣ будани ӯ аз сохти нави бегонагон ва истилои ин сарзамин буд. Ҳоҷӣ Ҳусайн дар хусуси ҳаёт, ҷомеа, тақдиру қисмати ояндаи ҷомеаю инсонҳо ба таври ба худ хос мулоҳизаронӣ намуда, дар «Таърихи чуда» ном мусаввадаи хурдаш вазъияти таърихии замонашро аз Бухоро сар карда, то Хуҷанду Балҷувон ва дигар минтақаҳои ватанаш баён намудааст. Инчунин, дар он шахсиятҳои маъруфу машҳур ва замони ҳукмронии пайдарпайи онҳоро ба риштаи назм даровардааст, ки манфиатҳои зиёди илмию таърихиро дар бар мегиранд.
Масалан, вай дахолати бегонагонро ба сарзамини Хуҷанд дар ибтидои асри ХХ напазируфта, дар ин асар чунин баён гуфтааст:
Шӯҳрати гиру дори давлати Рус,
Зардрӯён ба чеҳраи манҳус.
Зӯр бар мулки муслимин карданд,
Ғорати молу ҷону дин карданд.
То лаби наҳри Сир бо ихмол
Гашт айлоқи муслимин поймол.
Шоир ба воқеаҳои пуршӯри замонаш бетараф намонда, дар таърихчаи мазкур ҳаёти иҷтимоию сиёсиро бо маҳорати баланд тасвир намудааст. Махсусан, номҳои шаҳру ноҳия ва мансабдорони замонааш барои таҳлилу таҳқиқоти таърихшиносон заминаи хуби илмӣ ба вуҷуд овардааст. Баъзе номаҳои то имрӯз ба дастрасидаи Ҳоҷӣ, монанди «Мактуб ба Авлиёқулбекбии Парвоначӣ дар зилзилаи воқеаи Кангурт», «Ба Усмонбек», «Ба Иброҳимхоҷа», «Ба Субҳонқулибеки Мирохур», «Ба Қосимхӯҷа дар тасаллии хотир» низ хусусияти таърихию адабӣ дошта, барои хатшиносону матншиносон ва шарҳи герменевтикии фалсафа маводи хуби матнӣ ва таҳлилӣ ба шумор мераванд. Масалан, дар охири номае «Ба Авлиёқулбекбии Низому-с-салтанат» Ҳоҷӣ чунин ибрози ақида дорад: «Мардона касест, ки дар ин замони охира ношойистаеро қалъ (решакан сохтан) намояд ва фарзона шахсе, ки дар ин овони фосид нобойистаеро ќамъ (барандохтан, аз бех бардоштан) кунад, то чироғи суннатро барафрӯзад ва нори шаҳвату бидъатро хомӯш созад. Алвақту сайфун қотеъ муқаррар аст, ҳар ки кард, кард ва ҳар ки монд, монд… Шуморо дар ин миён майли ҳақпарастӣ медонем, роз дар миён меёрем ва қоили ростӣ мебинем, дарди дилро изҳор менамоем ва маъаррусул иллалбалаѓ вассалом». Аз мазмуни ин мактуб бармеояд, ки дунёи маънавӣ ва фалсафаи ахлоқию динии Ҳоҷӣ Ҳусайн аз ҳамзамононаш пеш буда, ҳамеша пуштибону ҳимоятгари дину диёнат ва мардуми сарзаминаш будааст.
Мутаасифона, маълумоти пуррае дар бораи муносибати Ҳоҷӣ Ҳусайн бо арбоби сиёсат ва давлати замонаш дар даст надорем. Лекин, мартабаи Ҳоҷӣ Хусайнро ҳамчун як шоир, як пешвои илму тариқат тасаввур кардан мумкин аст, ки чӣ қадар арҷманд ва муҳтарам аст. Он чи ки ба раъият ва мардуми оддӣ дахл дорад, тақрибан маълум аст, яъне ӯ дар байни мардум аз Хуҷанду Ҳисор сар карда, то Қаротегину Ҳоит, ба хусус дар Кӯлоб, соҳиби мартаба ва эътибори баланд будааст. Аммо он чи ба арбоби давлат дахл дорад, ба назари мо чунин аст. Аз як тараф, амири Бухоро, беки Ҳисор, ҳокимони Кӯлоб, мирони Қаротегин наметавонистанд аз шахсияти Ҳоҷӣ Ҳусайн сарфи назар кунанд, қадрашро медонистанд дар ҳалли мушкилоти шаръиву фиқҳӣ ба ӯ муроҷиат мекарданд. Аз тарафи дигар, маълум мешавад, ки шоиру мутафаккири арҷманд хеле хоксорона умр ба сар мебурдааст. Ин маънї аз мактубҳое, ки ӯ ба Авлиёқулбек навиштааст, равшан ҳис карда мешавад. Сабки мактубҳо, тарзи баён барои замони шоир муқаррарӣ ва маъмул аст. Яъне аз ҳамду сано сар мешаванд ва бо мадҳи мухотаб идома меёбанд, ки ин қисмати асосии мактубхоро ташкил медиҳад. Аммо, мактуби охиринаш ба Авлиёқулбек аз он дарак медиҳад, ки муносибати Ҳоҷӣ бо Бек хеле наздик будааст. Дар ин мактуб ӯ худро бо Бек баробар эҳсос мекунад ва ҳатто дар як муроҷиаташ оҳанги насиҳатомез эҳсос мешавад: «Бояд, ки Шумо ҳам шукри беҳад ба даргоҳи Раббалборӣ намоед, ки чунин ҳиммату нияти нотавонпарвариро ба Шумо мавҳибат кардааст...». Минбаъд ошкоро мегӯяд, ки таъмини молиявии аҳли илм бар зиммаи ҳокимон аст: «Нотавонеро агар дар ҳимояти кас гузоштаанду парвариши ӯро бар зиммаи ҳиммати ӯ доштанд, беҳимматӣ нахоҳад буд, вагарна рӯзии ҳар касро бевосита мерасонид ва касеро аз дигаре мамнун намегардонид». Ин ҷо ӯ масъулияти аҳли давлатро дар назди Худо таъкид мекунад.
Дар ин мактуб эҳсос мешавад, ки Ҳоҷӣ Ҳусайн дар назди Авлиёқулбек ҳуқуқи ҳамсуҳбатӣ ва надимӣ доштааст. Маълум аст, ки дар зимоми арбобони давлатӣ уламо дар анъанаи сиёсатмадорӣ, дар баробари мушовир ва тарғибгари сиёсати ҳоким дар байни мардум, инчунин бояд шеъру сухандон ва суҳбаторо бошанд. Дар охири мактуб Ҳоҷӣ Ҳусайн таъбири лутфомезе дорад, ки ин таъбир бояд нуктасанҷона ҳам аз лиҳози мушкили молиявии нависанда дарак дода, ҳам табъи ҳокимро хуш ва болида созад. Ҳоҷӣ Ҳусайн аз ӯҳдаи ин вазифаи нозук хеле моҳирона баромадааст. «Дида дар орзуи сим сафед ва киса аз шавқи ӯ қолаб тиҳӣ мекард». Бо ин сабк лутфи нозуки гузориш бояд ҳатман ба мақсад мерасид.
Акнун аз ин гуфтаҳо саволе ба миён меояд, ки мероси Ҳоҷӣ Ҳусайн имрӯз барои мо чӣ арзише дорад? Гузориши ин савол одӣ аст, ба дараҷае, ки ба рӯзгори имрӯзаи мо мувофиқати амиқ дорад. Зарурати мероси Ҳоҷиро агар дар партави дастурҳои Президенти Ҷумҳурӣ дар Паёмаш ба Шӯрои Олӣ соли 2006 баррасӣ намоем, равшан мешавад, ки дар ин паём аз ҷумла дастур омадааст, ки маънавиёти миллӣ бояд ба талаботи аср мувофиқ бошад. Дар айни замон, дар ин раванд бояд асолати миллӣ нигоҳ дошта шавад. Оё як хонандаи мактаби миёна, ки дар зодгоҳи шоир таълим мегирад, мартабаи Ҳоҷӣ Ҳусайнро дар баробари Шамсиддин Шоҳин шинохта метавонад? Албатта наметавонад, зеро дар шуури ин талаба шоиру мутафаккире, ки дар барномаи таълимиаш меояд, ҳаргиз баробари шоире, ки берун аз барномаи таълимист, буда наметавонад. Аз ин нуқтаи назар дар барномаи таълимии мактаби миёна дохил нашудани Ҳоҷӣ ва осори ӯ то соли 2007-ум як халое барои хонандаи ноогоҳи мактаб, пайдо менамуд, ки то имрӯз касе онро шарҳу баён надодааст. Чаро хонандаи Кангуртиро барои мисол гирифтем? Сабаб ин аст, ки дар раванди ташаккули ҷаҳонбинии як наврас, ҳангоми омӯзиши эҷодиёти як тан шахсияти шинохтаи зодгоҳаш ду омили бисёр муҳим дар тафаккури ӯ пайдо мешавад. Аввалан дар таркиби худшиносии ӯ боварӣ ба қудрат ва имкониятҳои эҷодии худаш пайдо мешавад. Сониян, дар тафаккури ӯ як фаҳмише ҷой нахоҳад гирифт, ки бузургони мо бояд ҳатман аз Шероз бошанд, Хиравӣ бошанд ва ба монанди инҳо. Ногуфта пайдост, ки зодгоҳи Мавлавиву Имом Ғаззолӣ барои зеҳни наврас тақрибан ба монанди як сайёраи дигар, як ҷаҳони ғайримуқаррарӣ менамояд. Ин омил на танҳо аҳамияти таълимӣ-маърифатӣ дорад, балки тавассути истифода аз маводи маҳаллӣ ба назари мо аҳмияти воқеии ватандӯстию худшиносӣ низ касб мекунад.
Аз ин рӯ, эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн бояд бе шакку шубҳа, ақаллан баъди дарёфти истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ба барномаи таълимӣ ворид мегашт. Ҳадди ақал бо се далели оддии мантиқӣ:
Якум. Ҳоҷӣ Ҳусайн соҳибдевон, хатмкардаи мадраса ва муттахасиси риштаи таълиму тарбия буд.
Дуввум. Арзиши бадеии осори Ҳоҷӣ ниёз ба шарҳу тавзеҳ надорад, зеро он дар хотираи таърихии тоҷикон мавқеи хосеро ишғол кардааст. Ба ёд овардан кифоя аст, ки осори ӯ ба “Шашмақом” ворид шудааст ва дар истифодаи мардум чӣ дар оҳангҳои “фалак” ва чӣ дар муоширатҳои доимӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Саввум. Арзиши ахлоқии осори Ҳоҷӣ шоистаи қадр ва гуфтугӯи алоҳида аст. Хусусан аз он нуқтаи назар, ки дар охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ ахлоқи доираҳои ҳукуматдори аморати Бухоро ба бӯњрони сахте рӯ ба рӯ омада, гирифтори маразҳои ахлоқӣ гардида буд, ки имрӯз мо ҳатто дар бораи онҳо ҳарф заданро барои худ љоиз намедонем. Ба андешаи мо яке аз сабабҳои дар доираҳои маъмули адабию фарҳангии Бухорою Самарқанд побанд нагаштани Ҳоҷӣ Ҳусайн низ дар ҳамин риояи ахлоқи ҳамидаи суннатии тоҷикон ва аҳкоми нек дар дину мазҳаби ӯ буд.
Тасаввуроте вуҷуд дорад, ки гӯё дар шеъри классикии тоҷикӣ мавзуъҳои тасаввурию хаёлӣ, панду андарз ва монанди инҳо хеле зиёд вуҷуд доранд, аммо мавқеи шоир нисбат ба воқеоти замонаш пурра дарҷ наёфтааст ва монанди инҳо. Қасидаи Ҳоҷӣ Ҳусайн бо номи “Дабистони ибрат” як ҳуҷҷати бисёр қотеъ дар радди ин ақида аст. Зиёда аз ин, аз ин қасида натиҷае ҳосил мешавад, ки Ҳоҷӣ аз нуқтаи назари огоҳии сиёсӣ, идрок ва таҳлили ҷараёни воқеии сиёсати замонаш хеле қавӣ буда, таърихи хонадони сулолаи амирони Бухороро муфассал медонистааст. Ҳато ба як ѓазали Абдулаҳадхон бо матлаи:
Дил чӣ бандӣ дар ҷаҳон, донӣ, ки ин дунпарвар аст,
Ҳар ки бо ӯ шуд муқайяд, доиман дарди сар аст,
се мухамасс навиштааст ва гузашта аз ин дар қасидаи мазкур кашмакашҳои сиёсии бист соли охири асри Х1Х ва оғози асри ХХ-ро мавриди таҳлил қарор дода, бисёр дақиқ сиёсату моҷарои сунниву шиаро баён намудааст. Мо танҳо дар ҳамин қасида мебинем, ки фитнаи машҳур хусусияти шиагароӣ надоштааст, балки бо тавтиаву дасисаи рофизиён сурат гирифтааст. Шоир хеле равшан ва ба истинод ба Алӣ Ибни Абӯтолиб рофизиёнро аз шиа ҷудо мекунад:
Рофизӣ тоифае ҳастанд, баршон гуфт Алӣ,
Шиаи мо нестанд, бошанд хайле аз куффор.
Баъд аз ин ҳуҷҷат аз саҳобаи кибор иқтибос мегирад:
Фактулухум гуфт, пас таълил фармуд он “ҳум”,
Мушрикун ҳум, чунин омад зи асбоби кибор,
Мантиқи ин ҳаракати фикрро бо ақидаи умумии шиа мустаҳкам мекунад:
Гуфт шиӣ: нардбони зиндиқа рафз асту бас,
Рафзие дидам агар, зиндиқ кардам ихтиёр.
Дар ин қасида ихтилофу радди рофизиро аз Абдураҳмони Ҷомӣ, қатли рофизиёнро аз ҷониби Ҳорунаррашид меорад.
Ба андешаи мо моҷарое, ки то ҳанӯз ба унвони моҷарои шиаву суннӣ дар Бухоро шинохта мешавад, дар сурати ба назар гирифтани таҳлили ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайн комилан характери дигар мегирад. Зеро, аввалан исбот мешавад, ки моҷаро на ихтилофи ақидаи ду ҷараёни асосии ислом аст, балки дар натиҷаи тавтиаи рофизиён, ки худро дар пардаи истилоҳи “шиа” печонидаанд, сурат гирифтааст, сониян, барои ҳусни тафоҳуми шиа ва суннӣ дар даврони мо заминае хеле судбахш фароҳам меоварад.
Дар ин маврид Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ҷомеаи Бухорои Шариф, ки аҳолиаш андаке кам сад дар сад аҳли суннат будаанд, роҳ ёфтани рофизиёнро нуқсони сиёсии ҳокимони давр ва ғайрифаъол будани мусалмонони ин аморат медонад. Ин нукта бисёр аҷиб ва воқеӣ бо вазъи диндорӣ дар рӯзгори мо мувофиқат мекунад. Ӯ мегӯяд:
Чун намегирям, ки ҳар ҷо ба рақибон бингарам,
Дар ривоҷи дини худ доранд саъйи бешумор.
Дар хилофи миллати моён, ки бо қонуни шаръ,
Сустие доранд, ки динро дар миён карданд хор.
Ҷойи он бо мардуми ағёр дар ғайрат шаванд,
Мераванд ҳамрозу ҳамовозу ҳамэъзоз ёр...
Он чи ки имрӯз дар Тоҷикистони азиз қисмате насронӣ протестантӣ гаштаанд, чанд нафари дигар котолик ва гурӯҳе баҳоӣ ва ғайра шудаанд, ин як намоиши озодии виҷдон ва гуногунандешӣ ҳаст, аммо ҳаргиз мустаҳакамкунандаи ваҳдати миллӣ шуда наметавонад. Ба ақидаи мо, афсӯсу надомати Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳам дар замонаш аз ҳамин ҷост.
Ногуфта намонад, ки шахсияти донишманде чун Ҳоҷӣ Ҳусайн бо сабабҳои гуногуни замони инқилоби Шӯравӣ ба доираи адабиёт дохил карда нашуд ва гумон меравад, ки сабаби марги шоир низ ба тангдастию донишмандӣ ва диндории ӯ вобастагӣ дорад. Барои исботи пурраи ақоиди иҷтимоию орифонаи Ҳоҷӣ Ҳусайн баррасии ҷиддии дастхатҳои пароканда ва ашъори ӯ лозим меояд. Ҳоҷӣ Ҳусайн орифест, ки нақши ашъори ӯ мисли хатҳои хаттотӣ намудааш ҳамеша дар замири мардумон ҷой гирифта, ҳикматпарварӣ, ватанхоҳию нозукбаёнӣ ва ҷасоратмандиаш аҳли илму маърифатро ба сӯи сухани воло ва ашъору ҳунари нотакрораш ҷалб менамояд.
Муҳаммад Абдураҳмон,
ноиби Президенти АИ ҶТ ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор