“БАҲМАНМОҲИ ХУНИН”: АЗ НАҚША ТО АМАЛҲОИ МАНФУР

Нашр шуд korbar - чт, 02/06/2020 - 17:15

Воқеаҳои февралии соли 1990, ки анқариб 30 сол қабл дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваста буд, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири мардуми тоҷик зудуда намегардад ва хусусан насли миёнсоли имрӯза, ки он айём бояд даврони тиллогини ҷавонӣ меронданду бо касофати дастандаркорони ин ҳодисоти талху шум аз лаззату хуррамиҳои он даврон маҳрум гашта буданд, ҳеҷ гоҳе наметавонанд он ҳама даҳшатро фаромӯш карда бошанд.

Мусаллам аст, ки оид ба ин масъала дар матбуоти даврӣ бисёр гуфтаанду навиштаанд. Аммо, ташхис ва таҳлили ҳолати ҳамонвақтаи Тоҷикистон, раванди ҳодисаҳои бавуҷудомада ва натиҷагирии гурӯҳҳои тафтишотии вобаста тасдиқ намудаанд, ки сабабгорони аслии ҳаводиси номбурда маҳз роҳбарону масъулони ташкилоти террористӣ- экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ  буданд. 

Базе рӯҳониёи  мутаассибе, ки дар он замон ба наҳзат мансуб буданд, бо дастури сарпарастони хориҷиашон вазъияти онвақтаи Иттиҳоди Шӯравии собиқро, ки ба пошхӯрӣ омада расида буд, ба назар гирифта, мақсади аз худ намудани ҳокимияти сиёсиро доштанд. Бо ҳамин ҳадафҳо онҳо барои эҷоди тафриқаву ихтилоф ва ноором кардани вазъият, аввал овоза паҳн карданд, ки гӯё арманиҳои дар натиҷаи заминларзаи дар шаҳри Степанакерти Арманистон зарардидаро (заминларзаи мазкур моҳи декабри соли 1989 дар Арманистон рух дода буд)  дар шаҳри Душанбе бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин мекарда бошанд. Ин овозаҳо ба он хотир паҳн гаштанд, ки масъалаи таъмини аҳолии Душанбе бо манзили истиқоматӣ дар он замон ниҳоят мушкил буда, шумораи зиёди мардум солҳои зиёд бо мақсади хонагирӣ навбат мепоиданд. Дар ҳамин замина, як гурӯҳи одамони аз асли воқеа бехабар ба ин иғво дода шуданд ва мисли гумроҳони гаправ бо даъвати таблиғгарони наҳзатӣ дар майдон ҷамъ омаданд. Аслан таърих борҳо собит намудааст, ки бештари ҷангҳову шӯришҳо маҳз дар пояи овозаҳои бардурӯғ миёни ҷомеа ба миён меомадаанд, ҳарчанд ки тарроҳони манфиатбардор ва дасисабозони худхоҳ нақшаҳои ифлосу сиёҳи хешро тӯли солҳову фосилаҳои зиёд қаблан тарҳрезӣ менамуданд.

Барои роҳбарону масъулони наҳзатӣ низ дар оғоз танҳо як баҳонае зарур буд, ки мардумро ба майдонҳо барорад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ин усули санҷидашударо сарпарастони хориҷиашон ба онҳо аллакай омӯзонда буданд. Издиҳоме, ки дар майдон ҷамъ омада буд, фақат рӯзи аввали шӯриш мухолифати худро оид ба масъалаи ба арманиҳо додани манзилҳои истиқоматӣ дар миён гузошта буд. Вале аллакай дар рӯзи дуюми шӯриш талаботи онҳо тамоман дигар, яъне истеъфои роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон шуд

Албатта, чунин ранг гирифтани ҷараёни воқеаҳо, аз берун роҳнамоӣ гардидан ва аз тарафи муллоҳои наҳзатӣ роҳандозӣ шудани “баҳманмоҳи хунин”-ро исбот мекард. Мутаассифона, воқеаҳои февралии соли 1990  боиси марги чандин ҷавон гардид ва дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ нуқтаи назари манфиро нисбат ба миллати мо ба миён овард. Зеро ҳолатҳои таҳқиру латукуб, таҷовуз ба шарафи духтарон ва ҳатто занҳои солхӯрдаи рус танҳо бо ҷурми рӯймол набастанашон, дар он рӯзҳо хело зиёд рух дода буданд.

Раванди демократикунонии ҳаёти чамъиятӣ, ки дар охири солҳои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гашт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон-Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ оварда расонд. Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократӣ муқобили Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар воқеаҳои 11-14 феврали соли 1990 дар Душанбе, бо задухӯрди намоишчиён  анҷомид.

Ҳодисаҳои февралии соли 1990, ки дар шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастанд, дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун як давраи хеле вазнини сиёсӣ ва нангин боқӣ мемонад. Дар ба миён омадани чунин ҳодисаҳо пеш аз ҳама гурӯҳи одамоне даст доштанд, ки ҳанӯз ҳамон замон хешро ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломӣ ном мебурданд. Хусусан, гурӯҳи роҳбарикунандаи ин ҳизб, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил намуда, бештарашон ҳадафҳои пинҳонӣ ва муғризонаи хешро доро буданд. Дар хориҷ ва дохили кишвар анҷуманҳои пинҳонии хешро барпо менамуданд. Ба  пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе роҳбарони  ТЭТ ҲНИ он замон муллоҳои чаласавод ва ҷонибдорони хешро, ки ба тасвир ба қулфу калиди худ мувофиқ кунонида буданд, оварда ваъдаи ҷоҳу ҷалол ва мансаб карданд.

Ифротиёни наҳзатӣ он замон аллакай мавҷудияти худро ошкор карда, ҳамчун як қувваи манфиатҷӯ ва вобастаи доираҳои мазҳабии хориҷӣ ба майдони сиёсии кишвар ворид шуданд ва  то  андозае ба аҳдофи нопоки худ расиданд. Яъне, бо роҳандозии он шӯриш наҳзатиҳо дар  Тоҷикистон аввалин бор вазъияти муташанниҷи сиёсиро муҳайё сохтанд, эътимоди миёни одамон ва шаҳрвандон ба Ҳукумат аз байн рафта буд, дар ҷомеа таблиғоти пурзӯри мазҳабӣ, ифротгароӣ ва зӯроварӣ шурӯъ шуд. Барои наҳзатиҳо маҳз чунин вазъият даркор буд, ки суботу оромии кишварро аз байн баранд, норозигии аҳолиро афзоиш диҳанд ва ҷомеаро ба самти барои худашон даркорӣ равона созанд. Онҳо бо ин амалашон барои фаъолияти минбаъдаи тахриботии худ замина гузоштанд. Баъд аз воқеаҳои февралӣ наҳзатиҳо фаъолияти табоҳкоронаи худро вусъат дода, таблиғоти динии барои мардуми мо бегона, бадномсозии мақомоти давлатӣ ва мазҳабисозии ҷомеаро пурзӯр намуданд. Бо дастури сарпарастони хориҷии худ ва истифодаи усулҳои санҷидашудаи хадамоти махсуси баъзе кишварҳо, наҳзатиҳо дар як муддати кӯтоҳ талоши аз байн бурдани сохти конститутсионӣ, демократия ва дунявиятро карданд, мардумро ба гурӯҳу маҳалҳо, “мусулмон”-у “кофар” ҷудо карданд ва оқибат ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд

Яъне, тамоми фаъолиятҳои тахрибкорона, табоҳкорона ва сӯзандаи наҳзатиҳо дар Тоҷикистон маҳз аз воқеаҳои февралии соли 1990 шурӯъ шуда буд. Оғози ифротгароӣ, терроризм, қатлу ғоратгарӣ ва дигар ҷиноятҳою даҳшатафкании наҳзатиҳо аз воқеаҳои февралӣ оғоз шуда буданд. Далелҳои аниқи раднопазир, хулосаи комиссияи тафтишотӣ, нақли садҳо шоҳидони он воқеот кори дасти наҳзатиҳо будани ҳодисаҳои феврали соли 1990 ва гунаҳкори он даҳшат будани онҳоро исбот кардаанд, ки дигар ягон шубҳае боқӣ намемонад. 

Агар масъулони ҳамонвақтаи баъзе сохтору мақомоти давлатӣ, зиёиён ва фаъолони ҷомеа сари вақт аз макри наҳзатиҳо ва мақсади нопоки онҳо огоҳ мешуданд ва пеши роҳи фаъолияти минбаъдаи харобиовари онҳоро ҳамон вақт мегирифтанд, шояд дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ ба амал намеомад ва ҳазорон одам куштаю бехонумон намегардид. Садҳо нафар ҷавонон туфайли таблиғоти наҳзатиҳо ба доми фиреб наафтода, роҳгум намегаштанд ва ба Афғонистону кишварҳои дигари минтақа рафта, террорист намешуданд

Дар моҳи феврали соли 1990 агар пеши роҳи амалҳои душманона ва хиёнаткоронаи наҳзатиҳо гирифта мешуд, мо давраи басо нангин, вазнин ва сангини ҷанги таҳмилиро, ки ҷумҳурии азизамонро ба даҳсолаҳо ақиб кашид, аз сар намегузарондем ва солҳои навадум ба ҷойи ҷанг дар Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ сурат мегирифт. Кишвари мо ҳам, мисли ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ аз мероси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гашта, давлати навини худро мустаҳкам мекард. 

Имрӯз, ки дар Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллатамон сулҳу субот ва оромиву ягонагӣ ҳукмрон аст ва мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муттаҳиданду барои ободии Ватан талош менамоянд, вақти он расидааст, ки сабабгору гунаҳкори воқеаҳои февралии соли 1990 будани ҷинояткорони наҳзатиро ошкоро эълон кунем ва онҳоро қотеона маҳкум намоем. Нагузорем, ки дигар чунин амалҳои палидона ва нангин дар Ватани мо ба амал оянд. Бояд воқеаҳои февралӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон як дарси ибрат бошад ва ҳар як фарди бо нангу бо номусу соҳибмаърифати моро зарур аст, доим ҳушёр бошанд, ки неруҳои бадхоҳу табоҳкори наҳзатӣ, дигар созмону ҳаракатҳои ифротӣ барои татбиқи нақшаҳои аз ҷониби хоҷагонашон тарҳрезишуда дуюмбора ба хоки муқаддаси Ватани мо қадами нопоку манҳуси худро нагузоранд.

Наҷмиддин Салимзода,

сармуҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»