"ПУЛ СОХТАМУ МАРО ҲОҶӢ ГУФТАНД"

Нашр шуд korbar - ср, 02/05/2020 - 13:26

Воқеан ҳам кам касоне дарк мекунанд, ки гӯшаи ноободеро шукуфон кардану дасти афтодаеро гирифтан, савобаш аз иҷрои фароизи ҳаҷ даҳҳо маротиб зиёдтар аст. Нурбибӣ Ҳоҷиева, ки солҳо ба нияти зиёрати хонаи Худо маблағ ҷамъ мекард, инро дарк намуда, пеши худ мақсад гузошт, ки маблағҳои бо ин мақсад ҷамънамудаашро барои ободонии диёраш сарф кунад.

Маблағи ҷамъшуда барои сохтмони ду пул дар роҳи душворгузари рустоҳои Метк ва Хишекати ноҳияи Деваштич сарф гардид. Бояд гуфт, ки аҳолии ин рустоҳо солҳо боз аз душвориҳои роҳи ноҳамвор азият мекашиданд. То сохтани ин пулҳо, ки тайи чор соли охир ба мардум хидмат мекунанд, гузаштан аз роҳи миёни деҳаҳои Метк ва Хишекат барои мардум хеле душвор буд. Ҳангоми боду борон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ ғайриимкон мегашт.
Нурбибӣ Ҳоҷиева 105 ҳазор сомонии пасандоз намудаашро, ки аслан  аз ҳисоби нафақа ва ҳосили замини наздиҳавлигиаш ҷамъ оварда буд, барои сохтани ин иншооти барои мардум хеле муҳим сарф карда, тай намудани роҳи душворгузари ин деҳаҳоро осон кард.
Амали неки иҷронамудаи ин зани қавиирода вирди забони мардуми деҳаҳои мазкур мебошад. Онҳо барои анҷоми ин кор, ки мушкилии чандинсолаашонро ҳал намуд, дар ҳаққи Нурбибӣ Ҳоҷиева ва гузаштагонаш дуои хайр намуда, аҳсант мехонанд.
- Ман аз кори худ розиям ва ба фарзандону наберагонам низ иҷро намудани чунин амалҳоро тавсия медиҳам, - мегӯяд Нурбибӣ Ҳоҷиева. 
Нурбибӣ Ҳоҷиева сокини 84 - солаи ноҳияи Деваштич мебошад ва ҳамроҳи фарзандон ва наберагонаш дар рустои Метк ба сар мебарад.
Дар озмуни  соҳибкори беҳтарини соли 2019, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд роҳандозӣ намуд,  дар қатори беш аз чиҳил соҳибкори беҳтарин исми Нурбибӣ Ҳоҷиева  низ ном бурда шуд, ки ин мояи ифтихори фарзандон ва ҳамдеҳагони ӯст.

Лола РИЗОЕВА,
«Ҷумҳурият»