НИДО АЗ ҶАҲАННАМ

Нашр шуд korbar - вт, 02/11/2020 - 16:25

Талошу заҳамоти шаборӯзии кормандони мақомоти қудратии кишвар ва дастгиру ошкор намудани хоинону душманони миллату давлат аз ҷониби онҳо хӯрду хоби наҳзатиҳои хоину ватанфурӯшро ҳаром намудааст. Корнамоии ахири мақомоти қудратии кишвар ин ошкор кардани фаъолияти пинҳонии теъдоди зиёди пайравони ҳаракати террористӣ-экстремистии «Ихвон-ул-муслимин» дар қаламрави кишвар буд, ки ин бори дигар таъкид ба хоину ватанфурӯш ва террористу экстремист будани наҳзатиҳо менамояд. Чунки дар баробари ошкор гаштани ячейкаҳои пинҳонии ин равияи диниву сиёсӣ, ки решааш аз хориҷи кишвар об мехӯрад ва боздошт шудани пайравони ин равияи хатарзо аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар нидои наҳзатиҳо ва думравонашро дар он ҷаҳаннаме, ки қарор доранд, баланд кард ва фаъолияти ҳимоявӣ ва пуштибонии онҳо нисбати «бародарони мусулмон»-ашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тезу тунд гашт.

Ахиран, онҳо тавассути сомонаҳои расмиашон «баёния»-еро нашр намуданд, ки саропо мазмуну муҳтавои иғвобарангезона ва таҳрикдиҳанда ба амалиётҳои террористӣ мебошад. Ҳарчанд ин амали онҳо бар рӯҳияи мардуми шарифи тоҷик таъсире намегузорад (мутмаинам) ва инро мо ҳамчун нидое аз ҷаҳаннам қабул мекунем (чунки дигар чора надоранд ба ҷуз оҳу воҳ ва доду фиғон, бад гуфтану туҳмату буҳтан задан), аммо мехоҳам ба як нуктаи ин «баёния», ки мардуми  тоҷикро ба ҳамкорӣ тавассути «шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонахо» даъват менамоянд, таваққуфи хосса намоям.

Дунёи маҷозии интернет, ки сохтаи дасти худи инсон аст, солҳои ахир барои инсоният мушкилсоз гаштааст. Яъне, пешрафту тараққиёти соҳаи интернет ва пайвасту муттасилии шабакаву созмонҳо ба он боис гаштааст, ки дар муқобили дунёи воқеӣ дунёи маҷозии интернет рушд намояд ва дар баробари дунёи воқеӣ, умуман, худи инсон истодагарӣ намояд. Ин боис гардид, ки падидаҳои тахрибиву номатлуби ҷомеа ва олами ҷиноӣ, монанди терроризму экстримизм, «ҷанг»-ҳои иттилоотӣ, таҳқиру такфир ва ғайра қисман ва ё пурра ба дунёи маҷозии интернет гузаранд ва майдонро барои тохту тозҳояшон васеъ намоянд. Албатта, ин барои наҳзатиҳо имкони хубе буд, то фаъолиятҳои нопокашонро дар он пиёда созанд.

Дар қаламрави кишвар тинҷиву оромӣ, сулҳу субот, сериву пурӣ ва пешравию тараққиёт ҳукмфармост. Ба ҷуз «ҷангҳои иттилоотӣ ва интернетӣ», ки душманони миллату давлат роҳандозӣ намудаанду бо ин роҳ мехоҳанд, сиёсати имрӯзаи давлатро вожгуна нишон диҳанд ва сафи пайравонашонро зиёд намоянд.

Аз ин рӯ, ба масъалаи мазкур бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накарда, дар робита ба иғвоангезиву дасисабозиҳои наҳзатиҳо ва дигар думравонашон, ки махсусан дар шабакаҳои иҷтимоии интернет роҳандозӣ мекунанд, чораҳои лозима андешем ва нагзорем, ки ҷавонону мардуми аз фарҳанги корбурди интернет, махусусан шабакаҳои иҷтимоии он бехабар ба доми наҳзатиҳо афтанд ва ба нидои онҳо «алейк» гӯянду вориди ҷаҳаннами онҳо гарданд.

Маъруф Шонасриддинзода,

мудири бахши таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон