ТОҶИКЕ, КИ ШОҲИ ДИМИШҚУ ҚОҲИРА БУД

Нашр шуд korbar - чт, 02/13/2020 - 09:27

Тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи тамаддуни башарият аз қадим то ба имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти инсонӣ аз давлатсозӣ сар карда, то илму фарҳанг, ҳунар ва дигар паҳлуҳои масоили муҳимми зиндагии башарият аз худ саҳми босазое гузоштаанд. Ин миллати куҳанбунёд давлатҳоеро чун Ҳахоманишиҳову Ашкониҳо, Кӯшониҳову Ҳайтолиҳо, Сосониҳову Тоҳириҳо, Саффориҳову Сомониҳо, Ғуриҳову Куртҳо ва ғайраро ба башарият ато фармудаанд. 

Ҳамчунин, тоҷикон шахсиятҳоеро ба саҳнаи таърих овардаанд, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё ва дар рушди  давлатдориҳои гуногун саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Корномаи баъзе аз ин шахсиятҳои таърихӣ мутаассифона дар гӯшаи фаромушӣ қарор гирифта, аз зеҳни ҳамзабонони худ дур мондааст. Ин ҷо аз тоҷики хатлоние, ки замоне ҳукумати Шом ва Мисрро дар даст дошта, аз худ номи сазоворе дар таърихи ин давлатдориҳо гузоштааст, ёдовар мешавем. Ин шахсият  Исҳоқ ибни Яҳё ибни Муъоз ибни Муслими Хуталӣ (хатлонӣ) мебошад.  

Исҳоқи Хуталӣ дар замони худ чун шахсияти барҷастаи сиёсӣ шинохта шуда, бинобар шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ ин тоҷики Хатлонӣ дар давлатдории Аббосиҳо саҳми арзандае аз худ боқӣ гузоштааст. Зириклӣ дар китоби ал-Аълом (ҷ.1, саҳ. 297) аз шахсияти Исҳоқи Хуталӣ чунин ёдрас мешавад: “Исҳоқи Хуталӣ пеш аз ин (яъне пеш аз шоҳи Миср шуданаш) се маротиба шоҳи Димишқ интихоб шуда буд. Аввал дар рӯзгори Маъмуни Аббосӣ, сипас дар рӯзгори бародари вай Муътасими Аббосӣ, ки ин бор муддати шоҳигарии ӯ бисёр тулонӣ буд. Бори савум дар рӯзгори Ҳорун ибни Муътасим, ки машҳур ба Ал-Восиқ мебошад.”

         Исҳоқи Хуталӣ баъд аз оне ки се маротиба дар Димишқ, пойтахти Шоми Араб ба ҳайси волии Аббосиҳо ҳукумат кард, бинобар шаҳодати ал-Киндӣ дар китоби Вулоту Миср (ҷ.1, саҳ, 60) Исҳоқи Хуталӣ бори дигар дар соли 850м аз ҷониби Мунтасир ибни Мутаваккили Аббосӣ, ки он замон валиаҳди падараш Мутаваккил буд, Исҳоқро волии Миср намуда, ҳама атоҳо ва инъомот ва хироҷи мамлакатро ба вай супурд. Исҳоқи Хуталӣ дар давраи ҳукуматдории худ дар Миср чунон хидмати шоистае барои ин мардум ба анҷом расонид, ки ба қавлӣ Зириклӣ: “Аҳли Миср ӯро дӯст доштанд”. (ал-Аълом. Зириклӣ. Ҷ.1, саҳ.  297) 

       Ибни Асокир дар китоби Таърихи Димишқ ин тоҷики Хатлониро чунин васф кардааст: “Исҳоқи Хуталӣ аз шоҳони бузургвор буд, вай шахси ҷавонмард, саховатманд, дорои ахлоқи сазовори ситоиш, далер, хирадманд, дурандеш, сиёсатмадор ва дӯстдори шеъру шуаро буд. Шоирон аз ҷойҳои гуногун ба назди вай сафар карда, ӯро ба беҳтарин мадеҳаҳо месутуданд ва ӯ низ онҳоро ба беҳтарин инъомҳо сарфароз менамуд. Вай нисбат ба зердастонаш нармхӯ ва бо адлу инсоф буд. Дар соли 237ҳ/852м дар аввали моҳи рабеу-л-охир ин шахсияти бузург дори фониро падруд гуфт ва дар мавзеи Курофаи Миср ба хок супорида шуд. Шоирон дар сӯгвории вай марсияҳо эҷод карданд, ҳатто баъзе шоирони шаҳри Басра. (Ан-нуҷуму-з-зоҳира фӣ мулуки Миср ва-л-Қоҳира, Ибни Тағри Бердӣ. ҷ.1, саҳ. 242-243. Таърихи Димишқ, Ибни Асокир. ҷ.8, саҳ. 302-305) 

          Аз сарчашмаҳои дар боло зикршуда бармеояд, ки тоҷикон натанҳо дар сарзаминҳои аҷдодии худ, балки фаротар аз он дар пойдор кардани давлатҳои мутамаддин дар ҳар гӯшаи дунё саҳми арзандае аз худ ба мерос гузоштаанд. Пас, имрӯз барои мо зарур аст, ки чунин шахсиятҳои барҷастаи миллати тоҷик, ки дар ҳама самтҳои зиндагии тамаддуни башарият аз худ саҳми босазое гузоштаанд, зинда гардонида, ба наслҳои имрӯзаву баъдӣ муаррифияшон намоем. 

Шарифзода Азалшоҳ Баҳром

Сархатиби шаҳри Ҳисор