ФИТНА. БАҲОНАЕ БАРОИ РАСИДАН БА МАНФИАТИ ГУРӮҲӢ

Нашр шуд korbar - чт, 02/13/2020 - 14:48

Дар солҳои начандон дур, аниқтараш рӯзҳои сиёҳу торики миллати тоҷик, воқеаҳои феврали соли 1990 нохалафони наҳзатӣ мардуми кишварро бо баҳонаи дину бо ҷалб аз номи Ислом ба майдонҳои эътирозӣ кашиданд.

Аз ҷумла, дар майдони  “Шаҳидон”, ки пур аз фитнаву кина буд, тазоҳурот авҷ мегирифт. Барои алангаи ҷангро рӯшан кардан мухолифин рӯ ба туҳмату буҳтон оварданд, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон мардуми Арманистонро дар маҳаллаи Зарафшон, дар хонаҳои баландошёна ҷой кардаст, аммо мардум тоҷик дарбадару бехонумонанд.

Дар он айём дар Арманистон заминларзаи шадиде шуда буд, ки хисороти калон ба мардуми Арманистон оварда буд. Аз ин рӯ, мухолифин ин буҳтонро дар миёни мардум паҳн мекарданд, то бадбинии мардумро нисбати ҳокимият эҷод созанд.

Аз гуфтаҳои баъзе дӯстон, ки дар ҳамон давру замон ба сахтии вазъи сиёсии кишвар нигоҳ накарда, барои амнияти миллату мардуми ин ватан ҷоннисорӣ мекарданд ва кӯшиш ба харҷ медоданд, ки мардум дурустро аз нодуруст фарқ кунад, то дар гирдоби фитнагарон наафтанд, чунин бармеояд, ки баҳонаи мухолифин овозаҳои эҷодкардаи наҳзатиён ба ҷуз фитнаангезиву ҷангандозӣ чизи дигаре набуд, зеро мухолифину тазоҳуротчиён як камбудиро баҳона карда, ҳар лаҳза оташи ҷангро рӯшан мекарданд.

Хоҷагони хориҷӣ ва  сарпарасти мухолифин барномаҳои тарҳрезишудаи худро пешкаш ва натиҷагирӣ мекарданд. Чӣ хушбахтие бар миллати тоҷик насиб гашт, ки  мардум ҳақро аз ботил фарқ карданд, ки бе восита асосгузори ин хушбахтӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон мебошанд, ки мардуми кишварро лозим аст, чунин Пешворо шукргузорӣ кунанд.

Шамшод Муҳиддинов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Ҳусейни ш Ҳисор