“ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН”-ТАШКИЛОТЕ БАР ЗИДДИ ШАРИАТИ ИСЛОМӢ

Нашр шуд korbar - ср, 02/12/2020 - 15:09

Ҳамд ба он зоте, ки моро дар як фазои орому обод қарор дод ва дар  китоби мубинаш ба ваҳдату ягонагӣ дастур дода, аз тафриқа ва аз парокандагӣ манъ намудааст. Салавоту салом ба расули Худо, ки умматро бар иттифоқу иттиҳоду якпорчагӣ даъват намудааст. Мутаассифона, имрӯз баъзе гурӯҳҳои номатлубу ифротгаро аз номи ислом ва аз Қуръону ҳадис суистифода бурда, кӣ будани худашонро ошкор карда истодаанд. Аз инҳо яке ба номи «Ихвон-ул-муслимин» буда, мақсадҳои ғарзнок дошта, бар оромии кишварҳои мусулмоннишин хатарзо мебошанд ва мақсадҳои ягонаи онҳо ба даст овардани Ҳукумат ва паймол сохтани сохти конститутсионии давлат мебошад. Асли инҳо аз шаҳри Миср сар зада сабаби ноороми ва хунрезиҳои мардум шуданд.

Онҳо ба номи гурӯҳҳои номбаршудаашон хилоф ҳастанд. Онҳо бародарони мусулмонон набуда, балки душманони мусалмонон ҳастанд, ки чанд мусулмонҳо аз дасти мафкураҳои вайрон, ақидаҳои вайрон, кирдукори вайрони онҳо зиёни молӣ, маънавӣ, моддӣ диданд.

Аслан Худованд дар китоби худ мефармояд: “Ба дурустӣ, ки муъминон бародари ҳамдигар ҳастанд”. ТТЭ "Бародарони мусулмон" зидди ин оят амал намуда, барои манфиатҳои худаш кор мекунанд. Монанди Ахнас ибн Шариқ, ки бар назди расули Худо худашро мусулмони ҳақиқӣ нишон дода, бо қасамҳои дурӯғаш қалби расулуллоҳро бар худаш моил гардониданӣ мешавад. Худованд пайғамбарро огоҳ месозад, ки дар миёни мардум касе ёфт мешавад, ки суханони ӯ умури дунёӣ ва маоши зиндагии туро ба шигифт меандозад ва фасоҳату балоғати каломаш боиси тааҷҷуби ту мешавад ва Худовандро бар он чи дар дил дорад, гувоҳӣ мегирад. Ва иддао дорад, ки забону қалбаш яке аст ва ҳол он, ки ӯ сарсахттарини душманон аст. Ҳангоме, ки ба қудрат ва раёсат мерасад, талош менамояд, ки табоҳию фасоду вайронӣ ба вуҷуд оварад ва киштизорҳоро аз байн бибараду инсонҳоро ба ҳалокат бирасонад. Ҳаргиз Худованд табоҳию фасоду вайронгариро дӯст намедорад. Ҳар гоҳ касе ба унвони иршод ба ӯ бигӯяд, аз мухолифати амри Худо битарс ва тақво дошта бош, ғуруру такаббур саропои ӯро фаро мегирад ва ғурур ӯро водор ба гуноҳ менамояд, пас дӯзах барои ӯ кофӣ аст ва ба ростӣ дӯзах бад ҷойгоҳ аст.

Аз Абуҳурайра ривоят шудааст, ки расули Худо фармудаанд, муъмин оинаи муъмин аст. Муъмин бародари муъмин аст. Мусулмон ба мусулмони дигар аз роҳҳои зараровар ҳушдор медиҳад, ва аз мусулмони дигар ҳимоя мекунад. Муъмини ҳақиқӣ бояд камбудӣ ва хубиҳои муъмини дигарро гуфта истад ва ин кор дар байни ду кас мебошад. На дар байни омма, зеро дар назди омма насиҳат кардан ӯро шарманда кардан аст. Муъмин бар муъмин бародар аст ӯ бар бародари худ аз ҷиҳати моддӣ ҳам маънавӣ кӯмак мерасонад. Ва он чизе, ки бар ӯ зиён мерасонад ва ҳалок мекунад ё талаф мекунад, аз онҳо ҳимоя мекунад. Обрӯ ва иззати ӯро  дар наздаш ва ҳам аз пушташ ҳимоя мекунад. Оё ин ҳадис дар симои фаъолиятҳои «Ихвон-ул-муъминин» дида мешавад? Албатта не! Онҳо баракси ин ҳадис фаъолият мекунанд. Аз Анас ибни Молик ривоят шудааст, ки расули Худо фармуд, ҳеҷ кадоми Шумо муъмини комил намешавед, то модоме, ки барои бародараш писандад он чизеро, ки барои худаш меписандад.

Акнун аз ҳадиси машҳур маълум мешавад, ки мо мусулмонон бояд дину оину мазҳабу ақидаву давлату миллату фарҳагамонро ҳамеша ҳимоя кунем. Моҳияти дин  ва имон ҳамин аст. Якпорчагиву якдиливу ободиву осудагиву меҳру шафқат аст.

Бароталӣ Ҳошимов,

имомхатиби ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён