"БАҲМАНМОҲИ ХУНИН" НАЙРАНГИ ИФРОТИЁНИ НАҲЗАТӢ БУД

Нашр шуд korbar - пт, 02/14/2020 - 07:46

Ҳарчанд аз ҳодисаҳои фоҷиабори феврали соли 1990 сӣ сол мегузарад, аммо номи шаҳидони он аз ёди мардуми тоҷик намеравад. Агар, аз як тараф, кушта шудани инсонҳои бегуноҳ дили мардумро озурда карда бошад ва онҳо ин ҳодисаро фаромӯш карда натавонанд, аз тарафи дигар, идомаи фаъолияти нопоки наҳзатиён ҳар лаҳза он ҳодисаҳоро ба ёди мо меоваранд. Ҳар гоҳ мебинем, ки ин гурӯҳи ифротӣ садо баланд мекунад ё даст ба амалҳои тахрибкорона мезанад, ҳама ҷиноятҳояшон, аз ҳамон баҳманмоҳи навадум то ҳол, пеши назар меояд. Танҳо як савол ба зеҳни мо меояд, ки то ба кай ин ҷинояткорон кори худро идома медиҳанд?
Даст доштани ифротиёни наҳзатӣ дар фитнаи баҳманмоҳ барои ҳама донишмандон маълум буду ҳаст. Садҳо шоҳид инро тасдиқ карда метавонад. Муҳимтарини онҳо худи Президенти вақти кишвар Қаҳҳор Махкамов мебошад, ки зимни як суханронӣ дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” таъкид карда буд: “Нахустин эътирозгарони ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 бо таҳрики қозикалони вақт, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ба кӯча баромада буданд. Маҳз А. Тураҷонзода овозаро дар бораи ба арманиҳои аз заминҷунбӣ бесарпаноҳмонда додани манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе паҳн карда, мехост вазъиятро бо ин роҳ ноором ва Ҳукуматро бадном созад.” Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамаи он фармонбардорони қозии вақт баъдан ба ҷузъу томҳои артиши тахрибкори наҳзатӣ табдил ёфта, аъзои фаъоли он гаштанд. Ин ифротиёни қудратталаб иғвои баҳманмоҳро барои расидан ба қудрат роҳандозӣ карда буданд, ки дар заминаи он шуълаи ҷанги шаҳрвандӣ барафрӯхта шуд.
Иғвогарони наҳзатӣ дар он шабу рӯзи ноором кӯшиши гирифтани қудратро карда буданд. Онҳо худро ҳамчун пуштибони мардум муаррифӣ карда, чи таҳқирҳоеро ба раҳбари интихобкардаи халқ раво дида буданд. Дар ягон кишвари ҷаҳон чанд нокасе наметавонад чунин таҳқирро ба президенти интихобшуда кунад. Аммо ин бешармҳои ҷинояткор чунин кори носавобро карда буданд.
Сабаби асосии сар задани “Баҳманмоҳи хунин” иғвои наҳзатиён буд, ки барои роҳ ёфтан ба қудрат бар ивази хуни мардум тарҳрезӣ ва амалӣ карда буданд. Онҳо баъди бозсозии горбачёвӣ имкони гурӯҳ ташкил карданро пайдо карда буданд ва дар муддати кӯтоҳ тавонистанд ба ҳам оянд ва нақшаҳои бадашонро кашанд. Акнун фурсат мепоиданд, ки ягон фоҷиа рух диҳад ва аз он суиистифода карда, қудратро аз дасти ҳукумати қонунӣ бигиранд. Заминҷунбии харобиовари моҳи декабри соли 1989 дар Арманистон ҳамон фоҷиае буд, ки ба наҳзатиён фурсат дод. Онҳо ду моҳ нақшаи амалии худро кашиданд ва дар моҳи феврал онро амалӣ сохтанд. Тибқи ҳамин ҳадафҳои шумашон, дар миёни мардуми Душанбе овозаҳои бардурӯғ паҳн карданд, ки Ҳукумат ба арманиҳои зарардида дар инҷо хонаи истиқоматӣ медиҳад. Онҳо хуб медонистанд, ки масъалаи таъмини аҳолии Душанбе бо манзил дар он замон ниҳоят мушкил ва ҳалталаб буда, ҳазорҳо нафар дар навбати хонагирӣ меистоданд. Ифротиёни наҳзатӣ бо дастгирӣ ва маслиҳати душманони миллати тоҷик аз ин фурсат суиистифода карда, кӯшиши номуваффақи худро барои ғасби ҳокимият роҳандозӣ карданд. Дигар барои онҳо хуни инсонҳо арзиш надошт.
Хушбахтона, тири ифротиёни наҳзатӣ хок хӯрд ва онҳо натавонистанд қудратро ба даст гиранд. Онҳо пуштибонии мардумӣ надоштанд ва ҳоло ҳам надоранд. Аммо барои мардуми тоҷик ин моҳи фаромӯшношуданӣ буд. Чунки мо 25 шаҳрванди худро дар ин амалиёти қудратталабии наҳзатиён аз даст додем. Аз ҳамин сабаб мардум дар тӯли ин сӣ сол ҳаргиз аз наҳзатиҳои хоин пуштибонӣ накарданд. Танҳо як қисми кӯчаке дар солҳои расман фаъолият кардани ин ҳизб ба он овоз медоданд, ки як ё ду курсиро дар парлумон соҳиб мешуд. Аммо баъди ба “Давлати исломӣ” равон кардани фарзандони мардум аз ҷониби аъзои ин ҳизб, ин қисм ҳам аз наҳзатиён даст кашид ва дар интихоботи парлумонии соли 2015 шикасти шармандавор насибаш гашт.
Новобаста аз воқеияти замон наҳзати террористӣ дар тӯли ин сӣ сол ҳамеша, бо роҳҳои ғайри қобили қабул, аҳдофи шуми худро пайгирӣ мекард. Дар ҳар фурсати бадастомада ба хотири иғво андохтану такроран мардумро дар доми худ афтондан овозаҳои дурӯғ паҳн мекард ва ҳоло ҳам мекунад. Баъди фирор ба Аврупо онҳо аз ҳисоби хоҷагони хориҷии худ маблағ ба даст оварда, чандин сомонаҳои интернетӣ ташкил карданд. Ҳамарӯза ба воситаи ин сомонаҳо маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд ва зидди манфиатҳои мардуми тоҷик фаъолият мебаранд. Мардуми мо бояд огоҳӣ дошта бошад, ки ин давоми ҳамон ҳаводиси “Баҳманмоҳи хунин” аст. Ҳарчанд ҳодисаҳо ва иғвоҳо фарқ мекунанд, аммо мақсад ҳамон аҳдофи шуми зиддимардумӣ аст. Онҳо аз 25 шаҳиди баҳманмоҳ сер нашуданд, аз хуни 150 ҳазор тоҷикистонии куштаашон сер накарданд ва ҳоло ҳам фурсат мепоянд, ки бар сари ин мардум чӣ фоҷиа меояд, то аз он суиистифода карда, барномаи навбатии худро барои ғасби Ҳукумат амалӣ намоянд. Бинобар ин, барои ҳифзи худу фарзандони худ, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки ин воқеияти наҳзатиҳоро аз хотир набароранд ва онро ба дигарон расонанд. Дар якҷоягӣ мо хатари ин ифротиёнро аз ҷомеаи тоҷик дур нигаҳ дошта метавонем.

Мулломухтор МУЛЛОЕВ,
ходими илмии Академияи
илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон