ИСТИҚЛОЛИЯТ-БАҚОИ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - чт, 02/20/2020 - 14:57

Бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 29 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро қабул кард.

Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати софдилонаю бунёдкорона аст. Пас, кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ ва раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият Роҳбари давлат ҳамарӯза бо он машғул мешуд. Бинобар ин, яке аз нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.

Ҷангу тапишҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад ва билохира мо ба мақсад расидем.

Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.

Президент аз ҷумла мегӯянд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд».

Ҳамагон огоҳанд, ки сабаби тамоми бадбахтиҳои халқи тоҷик дар ибтидои солҳои навадум ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад.

Ҳодисаи мудҳише, ки аз ҷониби ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом тарҳрезӣ ва амалӣ шуда, ба куштори сайёҳони хориҷӣ анҷомид, бори дигар собит месозад, ки ин ҳизби хунхор ҳамоно дар пайи эҷоди тафриқа аст. Кушта шудани шаҳрвандони Америка, Швейтсария ва Нидерландия аз он шаҳодат медиҳад, ки хатари Ҳизби наҳзат натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Давлатҳое, ки ТЭТ Ҳизби наҳзатро пуштибонӣ мекунанд, шоҳид гаштанд, ки ин қотилон барои шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо хатарноканд.

Мо хуб дар хотир дорем, ки ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом соли 1992 кишвари амну осударо ба харобазор табдил дода, ҳазорон мардуми бегуноҳро ба мудҳиштарин воситаҳо ба қатл расонида буд, ки дар натиҷа беш аз 150 000 кушта, миллионҳо нафар гуреза шуда, дар натиҷа дар Афѓонистон қабристони бузурги тоҷикони бесарпаноҳу фиребхӯрда пайдо шуд. Ҳамон давра ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом барои ба нобудӣ бурдани миллат шахсони барӯманд, олимону донишмандон, шоирону нобиѓаҳои моро қасдан нобуд мекард.

Ҳизбе, ки баъд аз бахшидани тамоми гуноҳонаш соли 2015 бори дигар кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд, акнун амалеро содир кард, ки ҳадафи душманонааш дар сатҳи ҷаҳон ба обрӯи Тоҷикистон зарба задан мебошад. Ҳизби наҳзат бо ин амалаш мехост сайёҳонро аз Тоҷикистон дур сохта, ватани моро ҳамчун минтақаи ноамн муаррифӣ созад. Ин аст камтарин амалҳое, ки ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом баҳри сарнагун сохтани ҳокимияти давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои хунхоронаи худ роҳандозӣ намудааст. Баъд аз ин, ТЭТ ҲНИ-ро ҳизби наҳзати ислом не, наҳзати куштор, наҳзати хунхор гуфтан лозим аст.

Айни ҳол роҳбарону пайравони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом бо ҳар баҳонае мехоҳанд масъулияти ин амали мудҳишро ба зиммаи гурӯҳ ё ашхоси дигаре вогузор кунанд. Аммо далелҳо пурра собит сохтанд, ки ин амали террористӣ маҳз бо дастури ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом амалӣ шудааст. Имрӯз маълум шуд, ки иҷрокунандагони ин амали террористӣ дар куҷо таълими диверсионӣ гирифта, ба кӣ байъат кардаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар яқин ҳосил намуд, ки Ҳизби наҳзати ислом душмани миллати мо буда, ҳарчӣ зудтар решакан кардани он зарур мебошад.

Дар содир шудани чунин амали террористӣ масъулияти падару модарон ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ кам нест, зеро аз бемасъулиятӣ, бетарафӣ ва бепарвоии мо ҷавонони тоҷик ба ташвиқоти бадхоҳон бовар карда, бо фармоиши саркардагони ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом ба чунин амали гӯшношунид даст заданд. Мо бояд ба бетарафӣ хотима бахшем, падару модарон фарзандони худро ҷиддӣ назорат кунанд, хешу ақрабо, фаъолони шаҳраку ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо аз ҳоли шаҳрвандон бохабар бошанд, ходимони дин ҳақиқати дини исломро ба мардум дуруст расонанд ва ҷавононро ба роҳи нек ҳидоят намоянд!

Моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоем, то ин ки дар оянда такрори чунин амалҳои нангин пешгирӣ шавад ва душман дигар натавонад сулҳу субот, оромиву амнияти ватани азизамонро халалдор созад.

Танҳо ваҳдату ягонагӣ, иттиҳоду сарҷамъии миллат омили пешрафту тараққиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

корманди Кумита