ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ

Нашр шуд korbar - чт, 02/20/2020 - 15:08

Раҳбаре, ки дилсӯзи халқу миллати худ аст ва нисбат ба мардум меҳрубону дарди дили халқро дарди худ ҳис мекунад, сазовори иззату эҳтироми омма мегардад. Хушбахтона, чунин роҳбари оқилу доно, марди фозилу хайрхоҳ, адолатпарвару хақҷӯ, мардумдӯст насиби миллати тоҷбарсари мо гаштааст ва мардум аз ин доди худовандӣ мефахранду меболанд. Ин марди оқилу доно талош ба он дорад, ки мардумаш ободу осуда ва давлаташ пешрафта бошад. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистикдолро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду пешниҳодҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона қабул ва эътироф доранд. Басо рамзист, ки парчами давлати мо дар шафати яке аз созмонҳои бонуфуз Созмони Милали Муттаҳид афрохта шудаю шеъри шоири зиндаёд Шайх Саъдӣ аҳли сайёраро ба муттаҳидиву сарҷамъӣ даъват менамояд.

Бани одам, ки аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Миллати тоҷик аз қадимуллайём дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ буда, ҳамчун миллати сулҳдӯст, саховатпеша эътироф гардида, бо Ибни Синову Шайх Саъдӣ, Ҳофизу Бедил, Хайёму даҳҳои дигар маъруфаст...

Мақсади банда аз рӯйи авроқи сафед овардани ин навиштаҳо дар он аст, ки наврасону ҷавонони мо донанд, ки имрӯз мо Пешвое дорем, ки миллати тоҷик, бузургони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ҳамасола бахри рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиклол ва зиндагии шоистаи мардум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ки онро кулли сокинони кишвар, хурду бузург бесаброна интизорӣ мекашанд. Банда ҳафтаҳо мунтазири суханронии Пешвои миллат дар назди оинаи нилгун менишастам. Он рӯз фаро расид, аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, назди оинаи нилгун бо ҳамкасбон аз аввал то ба охир суханронии Пешвои муаззами миллатро гӯш додам. Паёми имсола аз паёмҳои қаблӣ фарки куллӣ дошт.         Лозим ба зикр аст, ки Сарвари давлат дар Паёми имсола аз 7 соли роҳбарии худ ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ намуда, оиди дастоварду пешравиҳо дар зарфи 7 сол гуфта гузаштанд.   Дар Паёми имсола зикр гардид, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва амнияти ҷаҳон, дар рохи пешрафти бемайлони иктисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ мо тавонистем сулҳу суботи комил, ваҳдату истиклолияти давлатиро нигоҳ дорем.                                                             Дар солҳое, ки сипарӣ гардид, зиёда аз 100 давлати дунё гирифтори гурӯҳҳои ифротӣ гардида, хисороти зиёди моливу иқтисодӣ бардоштанд ва ҷони хазорҳо сокинони осоиштаи худро аз даст доданд. Ба садаи 20 назар афканем, дар Тоҷикистон чангн таҳмилии шахрвандӣ аланга дошт, барои миллати тоҷик ҳам сӯхтан буду ҳам сохтан. Оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бартараф намудану баркарор сохтани як давлати соҳибихтиёр кори саҳлу осон набуд.

Ба барқарор сохтани давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд. дунявӣ ва ягона аксари гурӯҳҳои мухолифин зид буданд. Аллакай Тоҷикистон ба се порча тақсим шуда буд. Хатари нобудшавии Тоҷикистон дар назар буд. Зиёда аз 1 миллион нафар тарки манзилу механ намуда, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кӯч бастанд. Душманон намехостанд Тоҷикистон ҳамчун давлат рушд ва пешрафт кунад.

Вакилони мардумӣ ба хулосае омаданд, ки ҳарчи зудтар ҷамъ омада, ба ин бесарусомонихо хотима бахшанд. Дар он рӯзҳо касе набуд, ки миллати тоҷикро аз парокандагиву парешонӣ дар амон нигоҳ дорад. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзалии вакили ҷавони боғайрату нотарс ва ғурури миллидошта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намуданд.

Аксарияти вакилони мардумӣ ба ҷонибдории вакили ҷавону кордон ва сиёсатмадор раъйи худро доданд. Замоне, ки Раисн Шӯрои Олӣ интихоб шудан он кас ба минбари бонуфуз баромада, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, рӯ ҷониби вакилони мардумӣ оварда гуфтанд:- «Ман ҷонибдори сулҳ дар Тоҷикистон ҳастам, ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошам». Он замон ман бо шавқу ҳаваси кӯдакӣ ба оинаи нилгун менигаристам.

Ӯ мардонавор ба гуфтаҳои худ истода, кори бузурге барои миллати тоҷик кард, мухолифинро сари як миз гирд оварда, дар якҷоягӣ оши оштӣ хӯрданд. Ва зиёда як миллион гурезаи тоҷикро ба Ватан баргардонд. Борҳо дар баромадҳои худ мегуфт:- «То охирин гурезаи тоҷикро ба ватан барнагардонам, ман худро орому осуда ҳис намекунам». Охирин гурезаи тоҷикро ба ватан баргардонд. Имрӯз миллати тоҷик бо шукргузорӣ аз сулху субот дар меҳану зодгоҳи худ пайи кору фаъолиятанд.

Рӯзҳо мегузаранд, моҳҳо паси сар мешаванд, солҳо сипарӣ гаштанд. Аз он рӯзҳо 28 сол гузашт. Дар 28 соли соҳибистиклолии кишвар ба чӣ дастовардхои бузург ноил гардидаем, онро ба чашми сар дида истодаем.

Дар Паёми имсолаи хеш Сарвари давлат бо мислҳои аниқу равшан нисбати соҳаи маориф суханронӣ намуда, иброз доштанд: -Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи  таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷоӣ нишаст ба истифода  супорида шуд. Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби  соҳибкорону  шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, хиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои сохаи маориф ва дигар бахшхо рӯз ба рӯз афзуда исгодааст.

Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Илова бар ин, ҳоло бо саъю кӯшиши соҳибкорон зиёда аз 400 муассисаи фарҳангӣ, 105 беморхонаву дармонгоҳ, 257 маркази саломатӣ ва 467 бунгоҳи тиббӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ шуда истодааст. Агар ба таҳқиқ ва мисолҳои овардашуда нигарем, дар зарфи 70 соли салтанати Иттиҳоди Шӯравӣ ин гуна ғамхорию таваҷҷуҳ зоҳир карда намешуд.

Инчунин, аз масъулин фаъолон даъват ба амал овард, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму ма- ориф” эълон карда шаванд. Лозим намешуморам ҳамаи онро рӯйи авроқи сафед биёрам, чунки хурду калон, пиру барно ҳамарӯза тариқи васоити ахбори омма дида ва шунида истодаанд.

Хостам аз баҳр як катрае бошад ҳам, ба хонандаи азиз расонам, ки фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ нашуда, бидонанд, ки сулҳу суботи комилеро, ки мо ба даст овардаем, эҳтиёт намоем. Ба қадри ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ бирасем, ба ҷуз мо каси дигар ватани моро ободу пешрафта намесозад. Ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошем.

Ҷамолиддин ФАЙЗАЛӢ,

ФАРРУХ  Сарфаров,

кормандони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин