
Сол аз сол зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо ҳар як фарди солиму солеҳи ҷомеаро водор мекунад, ки сар ин масъала ниҳоят ҷиддӣ фикр кунад, зеро бо гузашти солҳо имрӯза оилаҳое, ки даст ба ҷудошавӣ задаанд ва то чанд фарзанд дар он оила ҳаст, фардо бо чунин фарзандоне, ки бе меҳри падар ва ё модар ба воя расидаанд, барои ҷомеа оё метавонанд як шахси комилу нафърасон бошанд ва оё дар оянда онҳо метавонанд оилаи солимро барпо кунанд? Албатта бояд сабаби ин ҷудошавиҳоро дарёфт ва дастҷамъона бар муқобили он мубориза бурд ва дар ин кори муҳим бояд ҳама баробар кӯшиш ба харҷ диҳем ва бетарафиро бояд яксӯ гузошт, зеро мусалмон бародари мусалмон аст ва бародарашро ба ҳоли худ намегузорад ва ба ӯ зулм намекунад ва мувофиқи дастуроти қуръонӣ, муъмин бародари муъмин аст ва бояд бародарашро ислоҳ кунад ва ба роҳи рост роҳнамоӣ кунад ва аз кардани гуноҳ боз дорад...Аз рӯи таҳлилҳо ва он маълумотҳое, ки дар натиҷаи муроҷиати шаҳрвандон ба ТҶ “Пайроҳаи хушбахтӣ” кардаанд, метавон гуфт, ки яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ин беасос ва бо гумони бад ва ба фикри худ айбдор кардан ва аз ҳама бадтарин дар назди мард ҳамсарашро суханҳои ноҷо зада, ба муқобили зан шӯронидани шавҳар ва бад нишон додан аст. Албатта мо ҳамеша дар сухану навиштанҳоямон ба далелҳое, ки дар даст дорем, такя намуда, қадам устуворона мезанем ва мекӯшем, ин гуфтаниҳо барои дигарон дарси ибрате бошад, дар оиладорӣ ва пойдории он. Ин зани муроҷиаткарда соҳиби чанд фарзанд асту бо шавҳар муомилаи нек дорад, аммо боди фироқ сӯяш ниҳоят тез – тез мевазаду ӯро ҳам хаставу ҳам дар фикри ҷудошавӣ аз шавҳар ором намегузорад ва ниҳоят қадами худро сӯи мо гузошта, то дар ҳалли ин масъала ӯро роҳнамоӣ намоем... Ӯ мегӯяд, ки бо шавҳар муомилаи нек дораду аз неъмати ҳамдигарфаҳмиву аз ҳамдигар розию бархӯрдор, аммо мушкилӣ дар ду хоҳари шавҳар аст, ки ҳар ду аз шавҳар ҷудо шуда, ҳамроҳи мо дар як ҳавлӣ зиндагӣ доранд ва пайваста ба ҳаёти мо дахолат намуда, сабаби муноқиша ва ҷанҷолҳои беасос мешаванд ва кор то ҷое расида, ки маро намегузоранд, дар хона бо шавҳарам бошам ва то дер ҳамроҳи онҳо менишинам ва чун вақти хоб мешавад, истодагарӣ мекунанд, ки ҳамроҳи онҳо хоб кунам на дар паҳлӯи шавҳар ва мегӯянд, ки мо бешавҳарем ва ту бояд бо мо бошӣ на бо шавҳар. Дар асл чунин нафарро ҳасудхӯр гӯянд, ки тавони дидани саодатмандӣ ва хушбахтии дигаронро надорад ва пайваста дар орзуи заволи неъмати дигарон аст ва бо ҳар роҳ мекӯшад, онро аз байн бубарад. Назди зан меравад ва аз шавҳари ӯ бадгӯӣ мекунад, то фикр ва зеҳни занро нисбат ба шавҳар парешон намояд ва назди шавҳар меравад ва аз занаш айбҷӯӣ мекунад, то шавҳарро нисбат ба занаш бадбин намояд ва ҳатто кор то ба ҷое расида, ки даст ба сеҳру ҷоду ва фолбинравӣ мезананд, то байни зану шавҳари орому иттифоқ ҷудоӣ андозанд ва онҳоро нисбати ҳам душман гардонанд. Зоҳиран, чунин нафарон дар аввал комёбу муваффақ ҳам мешаванд, вале бехабаранд, ки як қадам пас барояшон мусибату парешонӣ ва азоби сахте дар пеш аст ва ин амале аст, ки ба охират гузошта намешавад ва дар ҳамин дори дунё Худованди қаҳҳору ҷаббор бо онҳо ҳисобро баробар мекунад. Дар ин маънӣ Пайғамбари гиромиқадр (дуруду салом ба рӯҳи покашон) мефармоянд: “Касе, ки занеро бар шавҳараш барбиянгезад ва бадбин намояд, аз мо нест” (Абудовуд).
Ин сухане аст, ниҳоят сахт такондиҳандаи қалби инсонӣ, алалхусус барои он нафароне, ки осоишу оромиши оилаҳои иттифоқро барҳам мезананд ва онҳоро то ба ҷудошавӣ мебаранд ва ин қадаме аст, хориҷкунанда аз зумраи мусалмонон.
Нурулло Ҳидоятов,
ходими дин