НАҚШИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР РӮЗГОРӢ МАРДУМ

Нашр шуд korbar - чт, 02/14/2019 - 16:30

Ҳамаи мо шоҳиди он рӯзҳое ҳастем, ки худнамоиву шӯҳратпарастӣ, исрофкорӣ ва харҷи беҳудаи миёншикан дар баргузории маъракаҳо миёни мардуми кишвар аз ҳад гузашта буд. Як қисм аз одамони худхоҳу шӯҳратпараст ва пулмаст баргузории тӯю маъракаҳои суннатӣ ва ҳатто, маросими дафну азодориро чун воситаи худситоию худнамоӣ, ба даст овардани обрӯю эътибор ва мартабаю мақом истифода мебурдагӣ шуданд. Чунин зиёдаравиҳо, хароҷоти аз ҳад зиёд ва таассуб ба якдигар ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо ба аҳли ҷомеа бе таъсир намонд. Ҳатто, баъзе оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд ва серфарзанд ҳаракат мекарданд, ки бо роҳи ба фурӯш мондани молу мулк ва гирифтани қарз бошад ҳам, тӯю маъракаҳои фарзандон ва маросимҳои дафну азодории пайвандонашонро бо даъвати меҳмонони сершумор ва оростани дастархони пурнозу неъмат баргузор намоянд. Шахсони манфиатҷӯй ва шикампараст аз имондорӣ ва муҳабати мардуми бечора сӯиистифода карда, онҳоро ба истилоҳ аз гӯру қиёмат метарсонданд ва ба исрофкорӣ ва маъракаҳои берун аз фармудаи шариати ислом маҷбур месохтанд, ҳол онки исрофкорӣ дар дини мубини ислом амали нописанд буда, исрофкоронро бародарони шайтон мехонад. Гузаронидани маъракаҳои бодабдаба ва оростани дастурхон дар маъракаҳо як навъ мусобиқа буд, ки ҳатто маъракаҳои азодориро аз тӯю хурсандӣ фарқ кардан ғайри имкон буд. Забҳи чорвои зиёди калону хурд дар маъракаҳои мазкур сурат мегирифт ва исрофкорӣ ба ҳаддӣ боло рафта, баъди анҷоми маъракаҳо бештари мардум ба қарзҳои зиёд ғутавар мешуданд. Ба қавли шоир:

Ханда мебинӣ, вале аз гиряи дил ғофилӣ,

Хонаи мо андарун абр асту берун офтоб.

Бенизомӣ ва харҷу исрофи зиёдатӣ дар гузаронидани ҷашну маросим, аз як тараф, вазъи молиявии шаҳрвандонро касод ва аз тарафи дигар, ҳисси нотавонию бадбиниро дар байни мардум вусъат медод.

Барои гирифтани пеши роҳи харҷи беҳудаи миёншикан, исрофкориҳои аз ҳад зиёд ва худнамоиву шӯҳратпарастиҳои ноҷо ислоҳоте зарур буд, ки ҳаври дили соҳибмаъракаҳоро паст намуда, болои оташи мусобиқаи ноҷои “ман аз ту кам не”, “нони мардум пеши мардум қарз” об пошад, афкори сокинони кишварро оид ба маъракаороӣ ба куллӣ тағйир диҳад.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор гирифт. Қонуне,ки хислати инсондӯстӣ ва хайрхоҳӣ дошта, исрофкориро ҳамчун амали номатлуб эътироф менамояд, камхарҷу сарфакорона баргузор намудани ҷашну маросим ва оростани дастурхонро қисми таркибии маънавиёти миллӣ дониста, барои баланд бардоштани фарҳанги маъракаҳо ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.Баъди қабули қонуни мазкур баргузории маъракаҳо ба як низоми муайян даромада, маърифати маъракаороӣ баланд гардид, баргузории маъракаҳои азодорӣ ба фармудаҳои шариати ислом мутобиқ гашта бо дуову фотиҳа, вале бе таом баргузор шудаистодаанд. Хароҷоти маъракаҳои миёншикан аз байн рафта, маблағҳои зиёд ба манфиати мардум сарфа гашт, мушкилоти мардум осон гардид, аз ҳисоби пасандозҳои бадастомада шаҳрвандон тавонистанд бисёр мушкилоти зиндагиро ҳал намоянд, ба оилаҳо оиди тарбияи фарзандон шароити муносиб ба даст омад.

То давраи қабули Қонун, ки маъракаҳо аз се рӯз то як ҳафта идома меёфт, бо қабули қонун дар доираи соати муайян ва шумораи муайяни меҳмонон барпо мегардад. Инчунин, забҳи чорвои калон ва хурд дар маъракаҳо кам ба мушоҳида расида, мардум барои гузаронидани маъракаҳояшон аз дӯконҳо гӯштро харидорӣ менамоянд.

Тавассути амали қонуни мазкур гузаронидани маъракаҳои хатнасури хайриявии писарони бесарпараст ва аз оилаҳои камбизоат, инчунин тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ низ афзоиш пайдо намуд, ки ин нишоне аз ҳамон ҷанбаи хайрхоҳӣ ва инсондӯстии қонун мебошад. Хусусан қонуни мазкур  барои беҳбуд гардидани сатҳи зиндагии мардуми камбизоат нақши босазо бозид. Бо шарофати он ин қишри ҷомеа аз таассуби ноҷо раҳо ёфта, назди ҳамсоя ва ҳамдиёрон дигар дар хиҷолат намемонанд. Қонун барои таъмини амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа мусоидат намуда, дар роҳи ба вуқуъ пайвастани ҳодисаҳои нохуш дар тӯю маъракаҳо, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва содир гардидани садамаҳои нақлиётӣ таъсири нек гузошт.

 Барои комёб шудан ба ин иқдоми нек дар баробари риояи қонун эҳтироми ҳар як инсон нисбат ба неъматҳои моддии дар натиҷаи заҳмат бадастовардаи ӯ, дарки он ки исроф–ин беэҳтиромӣ нисбат ба молу мулки ӯ буда, бар  хилофи анъана, ҷашн ва маросимҳои миллӣ ва мазҳабист, бисёр муҳим мебошад.

Насим Ҳасанов,

корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими анзди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон