ОЗМУНИ ДАСТАРХОНОРОӢ-ОМИЛЕ БАРОИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Нашр шуд korbar - пн, 02/24/2020 - 11:03

Бо мақсади иҷрои амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз 27 январи соли 2020, №АП1332 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021, соли «Соли  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Озмуни  «Дастархонороӣ» дар 3 давр гузаронида шуд.

Дар даври сеюми озмуни мазкур, ки 22.02.2020 дар Кохи Наврӯзи ш. Душанбе баргузор гардид, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар қисми кушодашавӣ иштирокчиёни озмун ва меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, риояи расму оинҳои миллӣ, фарҳанги сарриштакории халқи тоҷик суханронӣ намуд. Ҳамзамон, Раиси Кумита ёдрас гардид, ки баргузории озмуни «Дастархонороӣ» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021, «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади баланд бурдани фарҳанги дастархонороӣ ва эҳёи анъанаҳои қадимаи халқи тоҷик дар ин самт баргузор мегардад.

Баъдан аъзои комиссия аз дастархонҳои пешниҳоднамудаи намояндагони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боздид намуда, ба ҳар як дастархон вобаста ба интихоби он ва мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар он, сарфакорона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани он, истифодаи зарфҳои миллӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо дар дастархон, мавҷудияти хӯришҳо ва нӯшокиҳои миллӣ дар дастархон, омода намудани дастархон пеш аз пешниҳоди таом, инчунин дигар хизматрасониҳо ба ҳар як дастархони оросташуда баҳогузорӣ намуданд.

Аъзои комиссия баъд аз анҷоми боздиди дастархонҳо натиҷагирӣ намуда, бо назардошти шартҳои пешниҳодшудаи Низомномаи озмуни «Дастархонороӣ» барои ҳар як нишондод ва меъёри муайянгардида ғолибонро интихоб намуданд.

Бо назардошти фикру мулоҳиза ва хулосаи аъзои  комиссия ғолибони озмуни «Дастархонороӣ» чунин муайян гардиданд: Намояндагони ноҳияҳои Синои шаҳри Душанбе, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Данғараи вилояти Хатлон ба ҷойҳои аввал ва мукофоти пулӣ ҳар кадом ба миқдори се ҳазор сомонӣ сазовор дониста шуданд. Намояндагон аз ноҳияи Шуғнони ВМКБ ва шаҳри Ҳисор ба ҷойҳои дуюм ва мукофоти пулӣ ҳар кадом ба миқдори ду ҳазору панҷсад сомонӣ сазовор дониста шуданд. Намояндагон аз ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Рашт ба ҷойҳои сеюм ва мукофоти пулӣ ҳар кадом ба миқдори якуним ҳазор сомонӣ сазовор дониста шуданд. Намояндагони аз шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва инчунин иштирокчии ҷавонтарин аз ноҳияи Рашт -донишҷӯ Паймона Абдураҳмонова барои иштироки фаъолона ба ҷойи ифтихорӣ сазовор дониста шуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки барои иштирокчиёни озмун меъёрҳои баҳодиҳӣ фарҳанги дастархонороӣ, мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар он, ороиши тарҳ ва нақшу нигори миллӣ дар матои дастархон, интихоб ва ҷобаҷогузории зарфҳо дар дастархон мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар зарфҳо, истифодаи моҳиронаи сарфакорӣ дар ороиши дастархон, хизматрасонӣ ва муаррифии дастархон бо забони давлатӣ ва либоси миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани он асос меёбад. Боиси тазаккур аст, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони даври сеюми озмун дар сатҳи ҷумҳурӣ бо диплом, туҳфаҳо ва бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Мақсади ташкил ва гузаронидани озмуни «Дастархонороӣ» бо истифодаи сарфакории моҳирона беҳтар гардонидани сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо ба ҳисоб меравад.

Бо гузаронидани чунин озмунҳо бонувон ва махсусан ҷавондухтарони мо дар вақти гузаронидани тӯю маъракаҳо ва дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон метавонанд бо сарфакории моҳирона дастархон ороста кунанд.

Танзими расму оин маънои маҳдуд кардани анъана ва расму оинҳои гузаштаро надорад, балки яке аз роҳҳои мусоидат намудан ба густариши фарҳанги оиладорӣ, сарфаю сариштакорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро ифода менамояд. Сарфакории занону ҷавондухтарони мо ҳамчун кадбонуи хонадон ба раванди амалишавии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат менамояд. Зеро ягон маърака ва маросим бе иштирок ё маслиҳати занон дар оила баргузор намегардад. Мебоист, ки занон хоҳишу нақшаҳои рӯзгордории худро бо талаботи замон мувофиқ намуда, дар  шароити буҳрони молиявии ҷаҳонӣ фарзандони худро дар рӯҳияи созандагӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаю оинҳои гузаштагонамон тарбия намуда ба воя расонанд.

Шароити зиндагии мардум бевосита ба вазъи иқтисоди миллии кишвар алоқамандии зич дорад. Инро метавон аз беҳтар гардидани вазъи молиявии аҳолӣ ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ мушоҳида намуд. Дар давраи амали Қонун дар тафаккури мардуми кишвар ва рӯзгордории эшон боз як андешаи тоза ворид гардид, ки ба ҷуз ҷанбаи моддӣ, ҷанбаи маънавиро низ дар бар мегирад, яъне муайян гашт, ки  қабули Қонун  барои ташаккули ҳаёти маънавию ахлоқии мардум низ заминаи мусоид фароҳам овард.

Мо бояд бо фарҳангу асолати миллии худ ифтихор намуда, аз хурофотпарастиву исрофкорӣ канораҷӯи намоем.

Воқеан ҳам, 13 соли амали Қонун бори дигар моро водор месозад, ки дар раванди татбиқи он ва бартарафсозии мушкилиҳо ҳамеша саҳмгузор бошем ва барои тадриҷан беҳтар гардонидани зиндагии мардуми кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем, то ки барои ояндаи дурахшони фарзандонамон шароити боз ҳам мусоидтар  фароҳам  созем.

Ин қонуни миллии кишвар дар он шароите қабул шуд, ки ҷомеаи ҷаҳониро бӯҳрони молиявӣ таҳдид дошт ва аз ҷониби худи мардуми кишварамон хуб пазироӣ ёфт. Маҳз ҳамин қонуни миллӣ маданияти баргузории ҷашну маросими мардумиро ба маротиб болотар гардонида, барои рушди ҷанбаи иқтисодиву молиявии зиндагии эшон заминаи устувор ба вуҷуд овард.

            Барои амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҳар як нафари худогоҳу масъулиятшинос бояд худро дар канор нагирифта, барои некӯаҳволии аҳли ҷомеа, ба роҳ мондани тарзи зиндагии солим ва саодату пешравии ҳар як хонадон кӯшишу ғайрат намуда, саҳми чашмраси худро гузорад.

Имрӯз бо шарофати сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар  самти баргузорсозии расму оинҳои миллиамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таъкид намуда, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат муҳим арзёбӣ карданд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд. Фарзандонро ба роҳи дурусти ҳаёт тарбия намоянд, сарфаю сариштакориро риоя кунанд. Таъкидҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат бори дигар мо-занону модаронро водор месозад,  ки худ сарфакору сариштакор бошем ва ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Зарнигор Раҳимова,

сармутахассиси Кумита