
Ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти об - ҳамчун сарвати бебаҳои табиӣ, саъю кӯшишҳои доимии он кас баҳри некуаҳволии мардуми шарафманди кишвар, рушду нумӯи ҳамаҷонибаи диёри азизамон, таъмини сулҳу субот дар минтақа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ва қадршиносӣ гашта истодаанд. Тамоми ин заҳматҳо дар маҷмӯъ обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба маротиб боло бурда, кишвари моро дар чаҳон машҳур гардонида истодааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ кишвари гулгуншукуфони мо дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Соҳаҳои иқтисодиёту саноат, энергетикаю кишоварзӣ, иҷтимоиёту фарҳанг, илму маориф пайваста дар инкишофу пешравӣ мебошанд ва ин бевосита ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолии диёрамон мусоидат мекунад. Дараҷаи таълиму тарбия сол аз сол боло рафта, иншооти саноатию энергетикӣ, корхонаҳои тавлидотӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ босуръат бунёд меёбанд, ки ин дар маҷмӯъ Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил дода истодааст.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон Пешвои азизамон барои ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» камари ҳиммат бастанд. Ҳеҷ кас, ҳатто дӯстони мо, боварӣ надоштанд, ки чунин иншооти бузург - НБО-и «Роғун» рӯзе сохта, ба истифода дода мешавад. Ягона шахсе, ки ба анҷоми сохтмони ин Неругоҳ итминони комил дошту дар ин ҷода кӯшишу заҳматҳои зиёде сарф намуда, мисли як кӯҳи азим онро аз «бодҳои мухталифи вайронкор» ҳимоя мекарданд, Пешвои муаззами мо буданд. Дар натиҷа 16 - ноябри соли ҷорӣ агрегати якуми неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлату ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба кор дароварда шуда, тамоми шакку шубҳаҳоро аз байн бурд. Ба истифода додани агрегати якуми НБО-и «Роғун» гувоҳи сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Сарвари давлат дар роҳи расидани ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми як давлати аз нигоҳи иқтисодӣ муқтадир буда, нақши комилан созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷаҳониён бори дигар исбот намуд.
Ба фаъолият оғоз намудани ин иншооти аср кишвари моро ба марҳалаи нави таърихӣ ворид сохт. Маҳз сидқан дӯст доштани Ватани азизу миллати шарафманди Тоҷикистон ва роҳбарию сарварии оқилонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки харобазорҳои даврони ҷанги таҳмилӣ дар як муддати хело кӯтоҳ ба гулистон табдил ёбад. Устуворӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафҳои наҷиб, рӯҳафтода нашудан аз мушкилиҳо, наҳаросидан аз иҷрои амалҳои баҳри манфиати диёру кишвар ва сокинони он равонашудаи Пешвои миллат сабабгори ба кор даровардани чархаи аввали НБО-и «Роғун» гардид. Ин корнамоии беназири таърихии Сарвари давлат мояи ифтихори мост. «Роғун» нишонаи ҳамдилии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвари диёр бо Пешвои худ ва амалӣ гаштани боз яке аз ҳадафҳои стратегии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пешравиҳою комёбиҳои дар тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии одилонаю оқилонаи Пешвои маҳбуби миллатамон ба кишварамон насибгашта ва саъю кӯшишҳои баҳри беҳтар гардондани некӯаҳволии мардуми мамлакатамон равонашударо саркардагону фаъолони ташкилоти мамнуъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нодида гирифта, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати мо пайваста хабару овозаҳои иғвоангезро тариқи расонаҳои хабарии мухталифи ҳампаймонашон паҳн менамоянд. Наҳзатиҳои аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта ва дар хориҷи кишвар паноҳгоҳёфта бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ва иҷроиши супоришҳои хӯҷаину сармоягузорони хориҷии худ доим саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ақидаҳои нопоки худро сари мардуми тоҷики дохилу хориҷи кишвар таҳмил созанд. Аз ин лиҳоз, пайваста кӯшиш менамоянд, амалҳои муғризонаи худро рӯйпӯш намуда, хешро дар назди кишварҳои хориҷӣ, махсусан ғарбӣ, мусичаи бегуноҳе нишон диҳанд.
Боз як амали нопоки онҳоро, ки тобистони сипаришуда бо қатли сайёҳони хориҷӣ сурат гирифта буд ва ҳамчун яке аз даҳшатноктарин амалҳо дар олам ба қайд гирифта шуд, наметавон фаромӯш кард. Ҳатто расонаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили воситаи иттилоотии муштараки «Озодӣ” , «Садои Амрико” , “Настоящее время” ва ғайраҳо ба таври ошкор ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ)-ро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кардаанд.
Ин «мусичаҳои наҳзатӣ» ба хотири ба хоҷагони хеш нишон додани “самаранок” истифода намудани маблағҳо ва ба роҳбарони аврупоиашон вонамуд сохтани «ҳалолкунии паноҳандагии сиёсии хеш» дар расонаҳои иҷтимоӣ чанде пеш хабаре нашр намуда буданд, ки 10-декабри соли 2018, барои ҳифзи ҳуқуқи маҳбусон дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор менамоянд. «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон», ки ячейкаи асосии ТЭТ ҲНИ ба ҳисоб меравад, бо эълони барпо намудани гирдиҳамоӣ барои пуштибонӣ аз ҷинояткорони маҳбус, бори дигар исбот намуд, ки наҳзатиҳо пуштибони аслии «ДИИШ» дар Аврупо мебошанд ва М. Кабирию аъзоёни фирории ТЭТ ҲНИ бо ташкили гирдиҳамоиҳо бо «ДИИШ» ҳамкории ҷиноӣ доштанашонро муҷаддадан тасдиқ менамоянд.
Дар бораи ҳамкории наҳзатиҳо бо «ДИИШ» дар Сурияю Ироқ расонаҳои зиёде зикр намудаанд ва ин як амали исботшудаи бе шакку шубҳаест. Барои хотиррасонӣ ва исботи гуфтаҳо танҳо зикри чанд нафар аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки дар Сурияю Ироқ дар сафи «ДИИШ» ҷангидаанду хуни ноҳақ рехтаанд, ки ин мухолифи Қуръону суннати Пайғамбари акрам (с) ва шариати дини мубини ислом аст, кофист:
1.Тоҷибоев Сайфиддин, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТТЭ ҲНИ дар ноҳияи Спитамен. Ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳату-н-нусра» (ташкилоти тобеи «ДИИШ») шомил шуда, дар Сурия ва Ироқ дар ҳайати ҷангҷӯёни ташкилоти мазкур фаъолият намудааст.
2.Шералиев Фаромуз Абдувалиевич, зодаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, дар мадрасаи «Мутавасила»-и шаҳраки Шаҳидони ноҳияи Ашт ба сифати муаллим кор карда, соли 2004 ба сафи ТТЭ ҲНИ шомил шудааст. Солҳои 2014-2016 ба сафи ташкилоти террористии «Давлати исломии Ироқу Шом» шомил шуда, соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва фарзандонаш баъди ҳалокаташ дар Ироқ қарор доштанд.
3.Ғайратов Муҳаммадҷон, зодаи шаҳри Кӯлоб, аъзои ТТЭ ҲНИ. Соли 2010 барои таҳсили динӣ ба шаҳри Зоҳидони Эрон рафта, аз он ҷо ба Покистон меравад. Сипас ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии «ДИИШ» мепайвандад. Мавсуф тавассути сомонаҳои интернетӣ ҷавонони тоҷикро барои шомил шудан ба сафи ҷангҷӯёни «ДИИШ» даъват намудааст.
4-5.Қурбоналӣ ва Ҳабибулло Маҳмадовҳо - аз деҳаи Ҳасандараи ҷамоати Дараи Ҳакимии ноҳияи Нуробод, солҳои 2012-2015 дар мадрасаи динии Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил намуда, бо супориши падарашон Маҳмадов Заробиддин Қурбоналиевич, ки аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИ буд, соли 2015 ба Сурия рафта, ба сафи чанғҷӯёни “ДИИШ” пайвастанд. Маҳз бо ташвиқоти Маҳмадов З.Қ. аъзоёни дигари оилаи Маҳмадовҳо охири тобистони соли 2016 ба Сурия рафтаанд.
Аз маълумоти мазкур чунин хулосабарорӣ намудан мумкин аст, ки аъзои ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ-ро хумори хунрезиашон боло гирифта, барои қатли мардуми осоиштаи Сурияю Ироқ тарки Ватан карда, аъзоёни оилаашонро низ ба ин кор ҷалб намуда, ба сафи “ДИИШ” пайвастаанд.
Роҳбарияти ҳамин ТЭТ ҲНИ буд, ки баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, замоне, ки роҳбарияти олии кишвар дар андешаи барқарор намудани иқтисодиёти фурӯрехта ва сарҷамъ кардани миллати парешонгаштаи тоҷик буд, садҳо ҷавонони тоҷикро бо роҳи фиреб бо роҳхат ба таҳсил дар муассисаҳои динии кишварҳои исломӣ сафарбар карда, аз он ҷо онҳоро барои шомил гаштан ба гурӯҳҳои ифротии мухталиф фиристониданд.
Маҳз ҳамин ҳамкории намояндагони ТЭТ ҲНИ бо «ДИИШ» дар Ироқу Сурия шаҳру ноҳияҳои обод, иморатҳои истиқоматию корхонаҳо, масҷидҳои қадимаи таърихию навро ба харобазор табдил дода, кӯдакону занону мардони бегуноҳро ба қатл расонида, зиёда аз 5000 ҳазор нафарро ваҳшиёна сар буридаанд. Танҳо аз Сурия, тибқи маълумоти ВАО-и дохилию хориҷӣ, 5,5 млн нафар ҷилои ватан намуда, бештар аз 5000 кӯдак ҳангоми ҳиҷрат бедарак ва зиёда аз 6 млн. нафари дигар гурезаи дохили Сурия гаштаанд. То ҳозир қабристонҳои дастиҷамъии кӯдакону занону мӯйсафедони бегуноҳи аз дасти диишиҳо бақатлрасида дар шаҳри Мосули Ироқ, шаҳрҳои Ҳалабу Менбиҷу Ҳамою Хомси Суурия пайдо шуда истодаанд. Ин аст натиҷаи мухтасари ҳамкорию ҳампаймонии аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо “ДИИШ”.
Дар ҳолате, ки наҳзатиҳо Тоҷикистони азизро бидуни ширкати хеш “билоди куфр” меноманд, дар сурати пеши роҳи онҳоро нагирифтану аз дасисабозиҳо онҳо ноогаҳонро огаҳ накардан, онҳо метавонанд бо суханбозиҳои пардапӯшона дар зеҳни афроди ақлу фаҳмишашон нокифоя халале ворид созанд. Вале, шукрона аз он намудан лозим аст, ки мардуми шарафманди тоҷику сокинони боҳуши диёрамон аз ниятҳои нопоки бадхоҳони Ватан огаҳии комил дошта, ба дасисаҳо дода намешаванд, ба доми фиреби душманон ва “ғамхориҳо”-и онҳо нисбати диёру миллат гирифтор нашуда, мафтуни суханпардозиҳояшон намегарданд.
Соиби Табрезӣ дар робита ба ин мавзӯъ хеле хуб фармудааст:
Бар тавозуъҳои душман такя кардан аблаҳист,
Пойбӯси сел аз пой афканад деворро.
Кадом гурӯҳи иғвоҷӯе набошад, ниятҳои нопокашон нисбати миллати мо амалинашаванда ва фитнаангезиҳояшон ба нишон нарасанда аст. Зеро, мардум дигар на бо эҳсосот, балки бо ақл кор мекунад, сиёҳро аз сафед фарқ намуда, дурӯғу буҳтонро аз сухани ҳақ қиёс карда метавонад.
Наҷмиддин Салимов,
сармуҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”